Тоҷикистон дар саргаҳи мубориза бо терроризм26-02-2021, 17:11
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои муаззами миллат дар Паёмҳои худ ҳамеша баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои созанда пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ, тарбияи насли наврас як нуқтаи муҳимро таъкид менамоянд, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо масраф намудани маблағҳои гарон ба тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ талош меварзанд. Аз ҷумла, хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо низ барои ноорому гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, қишри ҷавонон, бор кардани фарҳангу мазҳаби бегона аз тамоми воситаҳои мубориза аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ васеъ истифода бурда истодаанд. Хатари терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ аксари мамлакатҳои дунёро нигарон мардуми зиёди осоиштаро сарсону саргардон карда, ба як масъалаи асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сайёра табдил ёфтааст. Вазъи амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити имрӯза пайваста тағйир меёбад, эҳтимолияти халалдор гардидани амнияту субот дар баъзе кишварҳо вуҷуд дорад. Бояд қайд намуд, ки решаҳои ин вабои аср хеле амиқ буда, фаъолияту муборизаи онҳо характери сиёсӣ дошта, бо шаклҳои гуногун идомаю амали мегарданд, ки боиси харобию куштор ва фирорӣ гардидани мардуми зиёди сайёра гардидааст. Заминаи ин созмонҳои хусусияти террористидошта таърихи садсола ва решаҳои заҳролуде доранд, ки аз амалҳои содир кардаи онҳо дар кишварҳои Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ, Афғонистон мисолҳои зиёде оварда метавонем, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Аз таҳдиду хатари терроризм ҳеҷ як давлати дунё эмин буда наметавонад. Бинобар ин, ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро зарурат пеш меояд, ки дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ ва ташкилкунандагони низоъҳои динию мазҳаби дастаҷамъона мубориза баранд. Тариқи васоити ахбори омма аз гӯшаҳои гуногуни олам, хабару маълумоти зиёд оид ба рух додани ҳодисаҳои террористӣ пахш мегардад, ки харобию шумораи зиёди қурбониёнро дар пай доранд. Амалҳои террористию ифротгароӣ ва хатарноки онро мо дар мисоли ҳодисаҳои Сурия, Ироқ, Либия, Фаластин ва Афғонистон мебинем, ки сабабгори нооромӣ ва таназзули миллатҳо ва аз байн рафтани истиқлолият, фарҳангу забон ва арзишҳои сиёсии ин давлатҳо гардидааст. Ёдовар мешавем, ки ташкилу маблағгузории ҳамаи ин ҳизбу созмонҳои террористӣ бо дастуру дахолати доираи кишварҳои манфиатдори хориҷӣ амалӣ мегарданд, ки аз таъриху амалҳои анҷом додаашон мисолҳои зиёде овардан мумкин аст. Солҳо сипарӣ мегарданд, аммо набояд аз таърихи солҳои 90–уми асри гузаштаи кишварамон бехабар монем. Маҳз ҳамон солҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор амалҳои террористӣ, ифротгароӣ, бахусус, бунёдгароии бо ном исломиро дар атрофи ғояҳои дурӯғини ТТЭ ҲНИ аз сар гузарониданд. Барои шарҳи пурраи мавзӯъ далелҳои зиёди тасдиқкунанда мавҷуд мебошанд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо дастгирию саҳмгузории ҳамин созмонҳои террористӣ ба амал омада буд. Он рӯзҳои мудҳиш аз он шаҳодат медиҳанд, ки кишварҳои абарқудрати манфиатдор дар ҳама ҳолат метавонанд омилҳои хатарноки фаромиллиеро дар ин ё он кишвар ба вуҷуд оваранд, бо маблағгузорӣ қишри заифи ҷавононро ҳамчун қувваи муассир бо доми худ кашида, онҳоро ҳамчун қувваҳои харобиовару бадхоҳ бар зидди мардуми худашон истифода намоянд. Нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар зидди терроризм ва экстремизм аз он иборат мебошад, ки дар Тоҷикистон барои ҷустуҷӯйи роҳу усули самараноки мубориза баҳри пешгирӣ ва рафъи фаъолияти ҳизбу созмонҳои ифротгаро як қатор қонунҳо қабул ва амалӣ гардиданд. Масалан: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм”, Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм” барои солҳои 2016–2020 қабул гардидааст. Ин ҳуҷҷатҳои муҳим ҳамчун дастурамал ва роҳнамои ҳар як фарди солимфикри ҷомеа мавриди истифода қарор дода шудааст, ба санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҷавобгӯ мебошанд. Дигар дастоварди меҳварии Сарвари давлат тайи даврони истиқлол ин аст, ки якчанд маротиба китоби Қуръони маҷид, «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Саҳеҳи ал–Бухорӣ»,“Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ” ва ғайра бо ҳуруфи кириллӣ ва бо забони тоҷикӣ нашр гардиданд. Мақсад аз он иборат буд, ки таъмин намудани дастрасии аҳолӣ бо омӯзиш ва дарки моҳияти амиқи дини ислом бештар гардад ва тафриқаи хурофоти динию мазҳабӣ аз байни аҳолӣ бардошта шавад. Бо ташабуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1310–солагии бузургдошти асосгузори мазҳаби ҳанафӣ, Имоми Аъзам соли 2009 бошукӯҳ ҷашн гирифта шуд. Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи “Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо” дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, аз 49 давлати дунё муҳаққиқон ширкату суханронӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар ин давра дар ҳудуди кишварамон бо дассисаҳои ТТЭ ҲНИ равияҳои гуногуни хурофотии бунёдгароёна пайдо гардида, кинаву адовати динӣ ва низоъи миллиро дар ҷомеа ба вуҷуд оварда буданд. Ҳадафи асосии ташкилу баргузории ин чорабиниҳои оқилонаю дурандешона аз байн бурдани ихтилофи динию мазҳабӣ, мубориза бо хурофотпарастию шахсиятсозӣ дар кишвар буд. Иқдоми дигар, қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2010 оид ба масъалаи ба ватан баргардонидани 3 ҳазору 694 нафар донишҷӯёне мебошад, ки дар хориҷӣ кишвар таҳсил мекарданд. Ин шаҳрвандон бо роҳҳои гуногуни ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти динии кишварҳои Миср, Покистон, Яман, Либия, Эрон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар, Афғонистон таҳсил мекарданд. Аз соли 1997 сар карда, аз ҷониби баъзе шаҳрвандони мо додани маълумоти хуби динӣ ба фарзандони худ дар мадрасаҳои хориҷӣ ва дигар марказҳои таълимии исломӣ шакли анъанаро гирифта буд. Мутаассифона, ин раванд, баръакс, шакли хатароварро касб кард, аксар фиристодагон–наврасон бепарастор монда, онҳо дар рӯҳияи хурофотӣ, роҳи терроризм ва экстремизми динӣ таълим гирифтанд, огоҳона ё ноогоҳона шомили равияҳои гуногуни ифротӣ шуданд. Ҳукумати мамлакат аз мақсади ниҳонии онҳо сари вақт воқиф гардида, паёмади минбаъдаи онро дарк намуд. Қарори қабулкарда бисёр оқилона амалӣ гардид, беш аз 3 ҳазор донишҷӯ аз донишкадаҳои динии кишварҳои болозикр ба Ватан баргардонида, оварда, дар донишкадаҳои мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Яке аз корҳои таърихию одилонаи Пешвои муаззами миллат баргардонидану афв намудани беш аз 500 нафар шаҳрвандоне, ки ба гурӯҳҳои ҷангҷӯёни террористию ифротгаро пайваста буданд, инчунин, 84 кӯдаку навраси тоҷикистоние, ки дар минтақаи кишварҳои ҷангзада бепарастор монда буданд, ба ҳисоб меравад. Ҳукумати мамлакат бо гузашти одилона имкониятеро барои нафарони роҳгумзада, фурӯхташуда фароҳам овард, ки аз карда сидқан пушаймон шуда, аз узвияти чунин созмонҳои террористӣ ва тундгаро даст кашида, минбаъд дунболи ҳадафҳои ифротӣ нараванд. Ин иқдом солҳо идома ёфт ва тамоми мардуми Тоҷикистон кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ доданд, то дар ин самт ба натиҷаҳои дилхоҳ расидем. Яъне, роҳҳои шомилшавӣ ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро баста шуд. Барои баҳогузории самараноки кору фаъолияти кормандони мақомоти қудратии кишвар дар ин самт хулосаи таҳқиқоти яке аз марказҳои илмии таҳлилии ҷаҳонӣ мавриди ёдоварист. Маркази илмиву таҳлилии амрикоии “Gallup” дар соли 2019 оид ба таъмини амнияти шаҳрвандони мамлакатҳои дунё аз таҳдиди экстремизм ва терроризм пажӯҳиш гузаронид. Дар таҳқиқоти сотсиологӣ фикру андешаи 142 шаҳрванди давлатҳои сайёраро дар таъмини амният, гаштугузори шабонаю рӯзона дар ҳолати осоиштагӣ қарор доштани аҳолӣ баҳогузорӣ шудааст. Натиҷаи таҳқиқот чунин аст, ҷойи аввал ба кишвари Сингапур, зинаи дуюм ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи сеюм ба Аморати Муттаҳидаи Араб дода шуд. Аз маълумот бармеояд, ки мақомоти ҳизфи ҳуқуқ баҳри таъмини амнияту суботи сартосарӣ дар Тоҷикистон корҳои зиёдеро амалӣ карда тавонистаанд. Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ бори дигар аз паст нагардидани таҳдиди равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастиро таъкид карда, чунин вазифагузорӣ намудаанд: фаъол гардидани нуфузи чунин ҳизбу созмонҳо дар ҳамсоякишвар Афғонистон, яке аз омили асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор рафта, аз мо андешидани чораҳои муштараки дастаҷаъмонаро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз, вазорату кумитаҳои дахлдор сохторҳои қудратиро зарур мебошад, ки баҳри мубориза ва пешгирии экстремизм ва терроризм дар кишвар ба нуқтаҳои мазкури дар Паём ироа гардида, таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд: Якум, таҳлилҳои муқоисавӣ нишон медиҳанд, ки айни замон фаъолияти ташкилотҳои террористӣ–экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ, фаъол гардида, барои амалигардонии ҳадафи худ аз технологияи навини иттилоотии пешрафта истифода намуда, бо роҳи тафсири дурӯғини сарчашмаҳои динӣ дар тафаккури баъзе шаҳрвандони сустирода, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ андешаҳои тундгароиро ҷой намуда, онҳоро ба қатлу куштор, тезутунд гардонидани вазъи сиёсӣ, халалдор сохтани суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногуни дунё аз ҷумла, бар зидди Тоҷикистон, ташвиқу таҳриқ намуда истодаанд. Таблиғоти ғаразноки ин созмону ҳаракатҳо ҳоло бештар ба қишри таҳсилкардаи ҷомеа-зиёиён, табақаи имомхатибони дурӯя, омӯзгорону донишҷӯён равона гардида, ба онҳо такя мекунанд. Мушкилот дар он мебошад, ки пайравону таблиғгарони ин созмонҳо ягон аломати зоҳирии фарқкунандаю муайянкунанда надоранд, ки дар рафти суҳбату ибодат ё намозгузорӣ шинохта шаванд. Аз ин лиҳоз, мақомоти мутасаддии ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор шудаанд, ки баҳри мубориза бо ин падидаҳои ифротгаро фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд, барои расидан ба натиҷаҳои босамар корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳиро байни мардум ва қишри ҷавонон дар рӯҳияи ҳушёриву зиракӣ, садоқат ба халқу Ватан ва эҳтирому арҷгузори ба арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ равона намоянд. Чунин, иқдому ҳидоятҳо тамоми мардум, аз ҷумла, аҳли зиёи кишварро рӯҳбаланд менамояд. Дуюм, бо мақсади идомаи корҳои самаранок дар ин самт Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки лоиҳаи нави “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021–2025”–ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Ҳамзамон, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро зарур аст, ки ҳамкории судмандро бо сохторҳои марбутаи давлатҳои хориҷӣ ва минтақавию байналмилалӣ дар ин самт беҳтар намоянд. Сеюм, Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа баҳри таҳкими доимии ҳифзи сарҳади давлати бо Афғонистон диққати аввалиндараҷа диҳад. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вазифадор шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷиҳати ҳимояи устувори сарҳади давлатӣ ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъутомҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ пайваста чораҷӯӣ назоратро дар ин самт боз ҳам хубтар намоянд. Барои пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, адабиёти экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ дар хатти сарҳади давлатӣ тадбирҳои судманд андешанд. Чорум, вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти моддию техникии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз ҳарвақта дида аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Вазифаи аз ҳама муҳим–ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст. Раванди ҷомеаи пайваста тағйирёбанда хушдор медиҳад, ки Қувваҳои Мусаллаҳи худро навсозӣ кунем ва бо техникаю лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ таъмин намоем. Дар ҳолати тайёрии доимии ҷангӣ қарор доштани Қувваҳои Мусаллаҳ кафолати воқеии ҳимоя кардани давлат аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо мебошад. Панҷум, Вазорати мудофиа вазифадор карда шудааст, ки барномаҳои давлатӣ оид ба рушди саноати мудофиавии кишварро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Дар ин самт диққати асосӣ тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатии ҳарбӣ дар самти истеҳсоли амволи махсус ва таъмири техникаи ҳарбӣ, инчунин, таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо силоҳу аслиҳа лавозимоти муосири ҷангӣ равона шудааст. Шашум, лозим аст ки таҷрибаи Тоҷикистон дар самти муқовимату мубориза бо экстремизм ва терроризм ҳамаҷониба омӯхта шуда, ба ниҳодҳои илмӣ, инчунин, олимону коршиносон, зиёиён шароити мусоид фароҳам оварда шавад, ки китобу мақола ва дигар навиштаҳои худро бо забонҳои англисӣ, русӣ, арабӣ ва ғайра таҳия кунанд ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ таҷрибаи кишварро муаррифӣ намоянд. Ҳафтум, барои гузаронидани таҳқиқот дар ин масъала бо ҷалби имконоти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамаҷониба мусоидат шавад, зеро осебшиносии ин падидаҳои номатлуб ба вуҷуд омода, бастаи тавсияҳои амалӣ нисбат ба ҳар минтақа ва шаҳру ноҳияи мамлакат дар алоҳидагӣ таҳия мегардад, ки бешубҳа, барои коҳиши раванди омилҳои иттилоотии экстремистию террористӣ мусоидат менамояд. Ҳаштум, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор мешаванд, ки риояи интизоми ҳарбӣ (оиномаҳои сафороӣ, кодекси одоби хизматчиёни давлатӣ), низоми тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, идоракунии ҷузъутомҳои ҳарбӣ, огоҳсозӣ ва робитаи байниҳамдигариро доир ба вазъи фаврӣ (пайваста тағйирёбанда) доимӣ такмил дода, ба масъалаи ҳифзи амнияти инфрасохтори низомӣ бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд. Саидхоҷа Акбаров, сармутахассиси раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти Минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.