Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Артиши Мянмар ба саркӯби иқдомҳои эътирозӣ омода мешавад

Артиши Мянмар ба саркӯби иқдомҳои эътирозӣ омода мешавад

15-02-2021, 12:09
Хабарро хонданд: 160 нафар
Назарҳо: 0
Артиши Мянмар ба саркӯби иқдомҳои эътирозӣ омода мешавадДар шимоли Мянмар ҳаракати артиш мушоҳида ва садои тири аслиҳа шунида мешавад. Ба навиштаи Би-би-сӣ, ба эҳтимоли зиёд, артиш ба саркӯби иқдомҳои эътирозие омода мешавад, ки аз 1 феврал ба ин тараф - аз замони ғасби қудрат аз сӯи неруҳои мусаллаҳи он кишвар - идома доранд.

Сафоратхонаҳои ғарбӣ дар Мянмар, баъди он ки техникаи низомӣ ва сарбозон вориди шаҳр шуданд, аз неруҳои мусаллаҳ даъват карданд, ки зидди сокинон хушунатро раво набинанд.

Шоми рӯзи якшанбе дар пойтахти Мянмар, шаҳри Янгон интернет қатъ шуд. Намояндаи СММ гуфт, низомиён зидди сокинони осоишта "ҷанг эълом кардаанд".

Том Эндрюс, гузоришгари махсуси СММ дар умури Мянмар гуфт, нозимиён, ки қудратро ғасб кардаанд, ноумедӣ ба намоиш мегузоранд ва барои ҳар амалашон посух хоҳанд гуфт.

Дар ҳамин ҳол эътирози сокинони Мянмар зидди ғасби қудрат аз сӯи низомиён идома дорад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои нофармонии сокинон нашр мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: