DataLife Engine > Точикистон, Сиёсати хоричи > Тоҷикистон ва Россия масоили ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират ба таври фарогирро мавриди баррасӣ қарор доданд

Тоҷикистон ва Россия масоили ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират ба таври фарогирро мавриди баррасӣ қарор доданд


10-02-2021, 13:01. Разместил: orifi Тоҷикистон ва Россия масоили ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират ба таври фарогирро мавриди баррасӣ қарор додандЗимни ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки 8-9 дар шаҳри Москва баргузор шуд, масоили ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират ба таври фарогир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳайатҳои ҷонибҳоро ҳамраисони Комиссия – Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Логвинович Оверчук роҳбарӣ намуданд.
Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷониби Тоҷикистон тадбирҳои дар марҳилаи пандемия андешидашудаи ҷониби Россия дар мавриди таъмини имтиёзҳо нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистонро зикр намуд.

Аз тарафи ҳайати Тоҷикистон масъалаи мақоми ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён аз Тоҷикистон, ки зимни иқомат дар Россия дар ҳолати номуайянӣ қарор мегиранд, ба миён гузошта шуд.

Ҷониби Тоҷикистон барои баррасии масъалаи қонунигардонии мақоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Россия бинобар содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ҷузъӣ манъ аст, ба ҷониби Россия муроҷиат намуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории кишварҳоро дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳо бо равиши созандагӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳарду тараф ба мувофиқа расиданд, ки бо тамаркуз ба коркарди рӯйкардҳои нав, барои густариши робитаҳои иқтисодӣ ва мушорикати саноатии Тоҷикистон ва Россия тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ҷаласа ҳайатҳо ҳамкории ду кишварро дар соҳаи кишоварзию хоҷагидорӣ муҳокима намуданд. Бо назардошти иқтидори Тоҷикистон дар парвариши маҳсулоти кишоварзии банландсифату тозаи экологӣ, ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ барои дарёфти роҳҳои беҳтари расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла гумрукӣ ва таҳвили нақлиётӣ бо мақсади таъмини мунтазами маҳсулоти Тоҷикистон ба қаламрави Россия мувофиқа ҳосил шуд.

Дар бахши мушорикати саноатӣ ба ҷониби Россия пешниҳод гардид, ки дар таъсис додани коргоҳҳои муштарак дар заминаи корхонаҳои соҳавии дар Тоҷикистон амалкунанда ва дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ иштироки фаъол намояд.
Вернуться назад