Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

25-01-2021, 11:11
Хабарро хонданд: 379 нафар
Назарҳо: 0
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Ёдгорӣ сарчашмаест, роҷеъ ба зуҳуроти муайяни таърихӣ - фарҳангӣ маълумот медиҳад. Мероси фарҳангӣ дар ҳар шакли зоҳиршавӣ (адабиёт, санъати тасвирӣ, мусиқӣ, созҳои миллӣ, муҷассама, меъморӣ, урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва ғайра) ҳамчун ёдгорӣ шинохта мешавад. Ёдгориҳои бостоншиносӣ, меъморӣ, , санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ ва ғайраҳо дар маҷмӯи мероси фарҳангӣ мақоми арзишманд доранд. Мақоми ёдгориҳо дар ҳифзи миллатҳо, ягонагӣ ва манзалати таърихии халқҳо хело назаррас мебошад. Халқу миллатҳоро бо арзишҳо ва мероси миллию фарҳангиашон мешиносанд. Ёдгориҳои таърих-фарҳангӣ ва табиӣ инъикосгари воқеии арзишҳо ва мероси миллию фарҳангӣ буда тавассути онҳо воқеити халқу миллатҳо ба ҷаҳониён муаррифӣ мешавад.
Дар ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ маҷмӯи тадбирҳо ва чорабиниҳои умумибашарӣ тарҳрезӣ ва доир мегарданд, ки ба ҳифз ва истифодабарии мақсадноки ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ нигаронида шудаанд. Ин гуна чорабиниҳо асосан бо ибтикори созмонҳои байналмиллалӣ дар ҷодаи фарҳанг, экология, илм, таҳсилот, бахусус ЮНЕСКО доир мегарданд. Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ аз рӯи мазмун, моҳият, сохт, мавқеи ҷойгиршавӣ, ҳолат, намуд ба гурӯҳҳо ҷудо карда мешаванд. Беҳдошти ёдгориҳо ҳамчун мероси фарҳангии дорои арзиши маънавӣ, нерӯи илмӣ, таърихӣ, услубӣ ва тарбиявӣ вазифаи авалндараҷа буда дарки воқеии гурӯҳбандии онҳо аз тарафи мутахассис зарур мебошад. Бо дарки таснифоти ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ масъалаҳои татбиқи амалии рисолати онҳо дар ҳаёти ҷамеа муайян мегардад.
Ба ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ дохил мешаванд: иншоотҳои сохтмонӣ, мавзеъҳо ва иншоотҳои сохтмонии арзиши таърихӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва маишидошта (ёдгориҳои динӣ: масчидҳо, мадрасаҳо, оромгоҳҳо, ибодатгоҳҳо, мазорҳо), истиқоматгоҳҳо, асарҳои санъати монументалӣ, мавзеъҳое, ки тамаддуни ҷамъияти инсониро аз пайдоиш то имрӯз таҷассум менамоянд, объектҳои мероси бостонӣ, манораҳо, қалъаҳо, кӯшкҳо, харобаҳо, бозёфтҳои бостонӣ: тангаҳо, лавозимоти рӯзғор, олоти меҳнат, сарулибос ва ғайраҳо.
Дар маҷмӯъ ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ ифшогари таърих, тамаддун, фарҳанг ва симои халқу миллатҳо мебошанд. Беҳдошт, ҳифз ва истифодаи ёдгориҳо дар рушди тафаккури таърихӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ , хештаншиносӣ, ифтихор аз ватану миллат таъсири амиқ боқӣ мегузорад.
Ёдгориҳои таърихӣ-фархангӣ ҷузъи таркибии ҳаёти фарҳангии ҷамеа буда раванди ошкорсозии онҳо аз масъалаи муҳими фаъолияти бостоншиносон ба хисоб меравад. Объектҳои аз тарафи бостоншиносон ошкоргардида дар сурати тариқи омӯзиш муайян гардидани арзиши таърихӣ-фархангӣ доштанашон ҳамчун ёдгории таърихию фарҳангӣ шинохта мешаванд ва боиси муарифию рушди сайёҳӣ мамлакат мегардад.
Бояд гуфт, ки мардуми тоҷик дар масири таърих дар рушду камоли фарҳанги бисёр манотиқи Осиёи Марказӣ, Ҳиндустону, Афѓонистон ва Эрон саҳм гузоштаанд.
Қисмати кӯҳистони кишвар тибқи пажӯҳишҳои бостоншиносон аз ҷиҳати таърихӣ дар радифи қадимтарин минтақаҳои маскунии дунё қарор дошта, он ҳамчун «гаҳвораи насли башар» таваҷҷӯҳи муҳаққиқини бостоншиноси ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст. Дар ин ҷо бошишгоҳҳои одамоне кашф гардидаанд, ки ба давраҳои моқабли таърихӣ мансуб буда, дар қадимтарини онҳо - Кулдара ҳанӯз 850 ҳазор сол муқаддам одамони ибтидоӣ сукунат доштанд.
Дар миёнаҳои ҳазорсолаи IV пеш аз милод, яъне 5,5 ҳазор сол муқаддам, аҷдоди тоҷикон - қавмҳои ориёӣ тамаддунҳои худро офариданд, ки яке аз онҳо бо номи «Тамаддуни Саразм» машҳури дунё гаштааст. Ин макон аввалин маскани кишоварзони аҳди бостон дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки бо мавҷудияти гуногунии бунгоҳҳои зист, ашёву олоти зиёди косибӣ ва кишоварзӣ, парастишгоҳҳои оташи муқаддас, оини хеш ва тарзу усули дафнии мурдагон буда, дар таҳқиқи бисёре аз паҳлӯҳои таърихи қавмҳои Ориёни бостон сарчашмаи нотакрор ва боэътимод хоҳад гашт.
Дар кишвар, дар радифи қисмати шимолии Роҳи Бузурги Абрешим, ки аз Туркистони шарқӣ тавассути водии Фарѓона ва шаҳри Хуҷанд то ба Самарканду Бухоро ва дигар мамолик мерасид, инчунин, шохаи ҷанубии он низ таъсис дода шуд, ки он аз худуди Вахони Бадахшон гузошта, то Толиқони Афгонистон ва ҳудуди Эрону дигар манотиқ идома меёфт. Барои таъмини бехатарии роҳи ҷанубӣ дар имтидоди он якчанд қалъаҳо, ӯрдугоҳҳои низомӣ таъсис дода шуданд, ки аксари онҳо ҳоло ҳамчун мероси таърихии ниёгони тоҷикон ҳифз мешаванд. Бузургтарини ин ёдгориҳо қалъаҳои Қааҳқа ва Ямчун дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб мераванд.
Дар соҳили сангистони дарёи Панҷ, назди деҳаи Наматгути поёни ноҳияи Ишкошим ҷой гирифтааст. Шакли қалъа дарозрӯя буда, қисмати ғарбию шарқии он 675 м. шимолу ҷануби он 220 метрро ташкил медиҳад. Ду қабат деворҳои мустаҳками аз хишти хом сохташуда бо 56 манори мудофиавӣ таҳким дода шудаанд. Дар девору манорҳо тиркашҳои зиёд барои набард бо душманон мавҷуд аст.
Қалъаи Қааҳқа аз асри III-и қабл аз милод то асри VII милодӣ вуҷуд дошта, бехатарии Роҳи Бузурги Абрешимро таъмин менамудааст.
Ёдгориҳои асри миёнаи барвақтӣ - асрҳои V - VIII аз ҳудуди Тоҷикистон дар шакли шаҳрҳои бузург, бошишгоҳҳо ва кӯшку қасрҳои феодалӣ хеле зиёд кашф гардиданд. Онҳо дар замони салтанати юнониён, кидориҳою хиониҳо ва ҳайтолиёну хоқонати турк бино ёфта, ҳар яке шоҳиди бевоситаи асру замони худ мебошанд.
Дар байни даҳҳо ёдгориҳои давраи номбурда, машҳуртаринашон шаҳри Панҷакенти бостонӣ, шаҳри Бунҷикат ва дайри буддоии Аҷинатеппа ба шумор меравад. Маҳз бо шарофати таҳқиқоти чандинсола ин ёдгориҳо нисбатан пурра омӯхта шуда, бисёр паҳлӯҳои таърихи халқи тоҷикро дар давраи тоисломӣ равшан намуданд.
Дар масофаи 3 км самти шарқии шаҳраки Вахш ҷой гирифтааст. Он бинои росткунҷаи 100 х 50 м бо баландии 6 м буда, аз ду қисми мутаносиби бо роҳрав пайваста иборат аст. Тавассути табиатӣ дилрабо, чашмаҳои шифобахш, дарёҳои ғурӯшон, ёдгориҳои табиию таърихӣ, ноҳияи Панҷакент метавонад дар оянда ба яке аз минтақаи туристӣ дар Тоҷикистон мубадал гардад. Бино аз похса, хишти хом ва таҳкурсии он аз хишти пухта сохта шудааст. Дар натиҷаи ҳафриёт ғайр аз бозёфтҳои зиёди санъати косибӣ, аз ин ҷо ҳайкалҳои зиёди аз гаҷ ва гили рангуборёфта сохташударо пайдо кардаанд. Дар яке аз роҳравҳо муҷассамаи 13 метраи Буддо ва дар тоқчаҳо муҷассамаҳои хурди ӯ ёфт шудаанд, ки ин барои халқиятҳое ки ба парастиши будо майл доран аҳамияти зиёд дорад. Ҳама сола сайёҳони зиёди дохилию хориҷӣ аз ин ёдгори дидан менамоянд. Деворнигораҳои Аҷинатеппа низ ҷолибанд. Онҳо дар асоси сабки суратгарии ҳамондавраи Осиёи Марказӣ ба ҷо оварда шуданд. Симои роҳиб, иблис, одамони оддӣ хело ҷолибу диданиянд. Аҷинатеппа аввалин ёдгории дини буддоӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки ба пуррагӣ таҳқиқ гардидааст. Инчунин дигар ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии ба инҳо монанд дар Тоҷикисонт зиёданд ва дар рушди туризми кишвар саҳми арзанда доранд.
Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Ёдгории қадимаи Саразм дар 15 километрии ѓарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Майдони аввалаи ёдгории таърихӣ қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтаааст.
Чаҳор давраи пайдарҳамии ҳодисаҳо ҷудо карда шудааст, ки бо назардошти таҳлилҳои радиокарбонатӣ ба тариқи зайл мебошад: давраи I – cолҳои 3500-3200 то асри мо; давраи II- солҳои 3200-2900 то асри мо; III – cолҳои 2900-2700 то асри мо; давраи IV –солҳои 2700-2900 то асри мо. Асоси иқтисоди сокинони Саразмро соҳаи ҳунармандии махсус ва соҳаи заминдорӣ ташкил медод, ки ҳам аз киштукори заминҳои обӣ ва ҳам лалмӣ иборат буд. Аз охири ҳазораи IV-ум сар карда то асри мо шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои металлургии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Ба ин захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва рӯҳ дар кӯҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст.
Иқтисоди дар ҳоли рушди устувор қарордошта ва фарҳанги волои моддии Саразм нишонаҳои махсуси Маркази тарзи заминдории минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мегардиданд.
Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 391, аз 21-уми сентябри соли 2001, ёдгории қадимаи таърихии 5500 солаи шаҳраки Саразм дар ноҳияи Панҷакент ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон карда шуд.
Маълум аст, ки ҳифз, эҳё ва эҳтироми таърих ва ёдгориҳои фархангӣ як заминаи боэътимоди бақои давлату миллат ва воситаи муҳими муаррифии дастовардҳои миллӣ миёни ҷаҳониён мебошад.
Бояд гуфт, ки имрӯз соҳаи туризм аз ҷониби давлату ҳукумат низ пайваста дастгирӣ ёфта истодааст ва умед аз он аст, ки дар ояндаи наздик ҳангоми хуб роҳандозӣ кардани ин соҳа ба яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва пешқадами хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад шуд




Меҳровар Хоҷаев, н.и.т., дотсент, мудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сӯҳроб Шарофуддинов, н.и.т., дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: