Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Гумон доштам дар пиронсолӣ меосоям, аммо…

Гумон доштам дар пиронсолӣ меосоям, аммо…

14-01-2021, 09:03
Хабарро хонданд: 196 нафар
Назарҳо: 0
Гумон доштам дар пиронсолӣ меосоям, аммо…Гумон доштам дар пиронсолӣ меосоям, аммо…
Қиссаи зиндагиам талх аст. Ба мисли дигарон наметавонам лаҳзаҳои хуши рӯзгори пешинро ба ёд оварам…
Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-45 ба итмом расид. Модари ман-Машраф Маннонова бо волидонаш он замон дар шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) ба сар мебурд. Тибқи гуфтаҳои ӯ, падараш мулло, модараш муаллима буд.
Ҳақиқатро бояд гуфт, модарам, метавон гуфт, то андозае «сабукпой» буд, Зани зебо, аз ин сабаб мардон ба ӯ майл доштанд. Соли 1946 ӯ бидуни никоҳ писар ба дунё овард ва ӯро бо табар пора карда, дар боғи ҳавлӣ гӯр кард. Ҳамсояҳое, ки он вақт боми хонаро таъмир мекарданд, шоҳиди ин ҳол буданд. Онҳо ба мақомоти қудратӣ хабар доданд. Модарамро ҳабс карданд. Тафтишот як сол идома дошт. Баъдан, мурофиа оғоз гардид ва ӯро ба 8 сол маҳрум аз озодӣ дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт маҳкум карданд. ӯро ба шаҳри Қӯрғонтеппа равон карданд. Соли 1948, моҳи феврал, ӯ боз бидуни никоҳ аз сардори зиндон дугоник-Фотимаву Зуҳро, ману хоҳарамро таваллуд кард. Ҳамагӣ ӯ, тибқи ҳуҷҷат, 6 фарзанд-2 писар ва 4 духтар таваллуд кард, ки аз инҳо 2 писару як духтарро нобуд кард. Шоҳиди ин ҳодисаи мудҳиш майор Бободаева Екатерина Фёдоровна буд, ки бо амри тақдир таваллуди ин тифлони маъсумро қабул карда буд.
Мо се нафар духтарон мондем ва тақдири талх моро аз ҳам ҷудо кард. Фотима, Зуҳро, Мавлуда. Соли 1953 модари моро аз Қӯрғонтеппа ба муассисаи ислоҳии шаҳри Бокуи Озарбойҷон интиқол доданд ва ӯ аз сардори зиндони он ҷо боз як духтар таваллуд кард. Ҳамон сол ӯро озод карданд, аммо ӯ бе духтараш аз зиндон баромад. Кӯдакро ба ӯ надоданд. Модарам барои зисти доимӣ ба ӯзбекистон омад. Солҳо мегузаштанд, мо дар ятимхонаи Қӯрғонтеппа ба воя мерасидем. Тибқи гуфтаҳои Екатерина Бободаева, соли 1949 бо фармони Иосиф Сталин 126 кӯдакро аз Қӯрғонтеппа барои «барқарор намудани шумораи аҳолӣ» ба шаҳри Берлини Олмон фиристоданд. Кӯдаконро худи Бободаева бурд. Ҳамин тариқ, ман хоҳаронам-Зуҳро ва Мавлударо дигар надидам. Баъдан, бо кумаки маъмурияти муассисаи ислоҳотии занонаи шаҳри Боку мо ҳуҷҷатҳои модарам ва суроғаи полковники мустаъфӣ Сисилия Михайловна Фурмановаро ёфтем, ки дар шаҳри Москва ба сар мебурд.
Ман ба назди Екатерина Бободаева, ки дар шаҳри Днетропетровски Украина зиндагӣ мекард, 3 маротиба рафтам. Вай ба ман тафсилоти ҳодисаро пурра нақл кард. Духтараш аз ман дар куҷо будани Зуҳроро пурсид. Ба барномаи «Жди меня»-и телевизиони Русия бо мақсади кумак кардан барои дарёфти хоҳаронам муроҷиат кардам. Аммо дар он ҷо хоҳиши маро рад карданд, чун гуфтанд, «кор судӣ ва ранги сиёсӣ дорад».
То ба Берлин ҳам ҷустуҷӯи ман давом кард. Рӯзноманигорон, вазорати корҳои дохилии Озарбойҷону Тоҷикистон ҳамдастӣ мекарданд.
Собиқ сардори зиндони Қӯрғонтеппа зинда аст. Ҳамоне, ки падари ман маҳсуб меёбад. Ман ба ӯ нақл кардам, ки модарам, пас аз оне, ки фаҳмид маъюби дараҷаи 2 шудаам, бо ман вохӯрд. Ман ӯро 2 сол ҷустуҷӯ кардам, 14 сол доштам.
Сардори зиндон аз ман бахшиш пурсид. Модарам на. Ман наметавонам касеро бахшам. Ман зиндагии душворро аз сар гузарондам.
Кӯдаконеро, ки барои бурдан ба Олмон аз комиссия тиббӣ нагузаштанд, ба Ленинобод (Хуҷанд) равон карданд. Ман дар ин шумор будам. Хоҳарам Зуҳроро, тибқи гуфтаи Екатерина Бободаева, ба Олмон бурданд.
Моро ба хонаи кӯдакони №2, баъдан ба хонаи кӯдакони мактабии №1 оварданд. Саломатиам хуб набуд, зуд-зуд бемор мешудам, аз ин сабаб, хонданам на он қадар хуб буд. Хӯрок намерасид, дуруст намехӯрониданд. Аз ҳуш мерафтам.
Солҳо мегузаштанд, синфи 4-ро бо азобе ба итмом расонидам. Солҳои 1957-58 дар Ленинобод бемориҳои сурхча, домана, вабо сар зада буд. Ман ҳам ба домана мубтало шудам ва дар беморхона 45 рӯз табобат гирифтам. Вақте баргаштам, фаҳмидам, ки бисёр кӯдакон аз сурхча ва домана фавтиданд. Баъдан, хонаи кӯдакони №1-ро барҳам доданд ва моро ба хонаи кӯдакони Қистакӯз бурданд, ки он ҷо ба синфи 5 гузаштам.
Таҳқир мекарданд, мо мегурехтем, медоштанд, мезаданд. Мо лаънат мехондем…Зилзила шуд, хонаи кӯдакон хароб гардид. Бо қарори комиссияи Вазорати маориф моро ба хонаи кӯдакони Исфара бурданд. Рӯзгори мо ин ҷо боз сангинтар гардид. Ба мактаби наздики корхонаи истеҳсоли машрубот мерафтем, он ҷо моро ба сарпарастӣ гирифта буданд, аз ҷиҳати либосу маблағ кумак мекарданд. Бисёриҳо синфи 7-8-ро тамом карда, ба омӯзишгоҳ барои таҳсил рафтанд, кор, дар хобгоҳ зиндагӣ мекарданд…
Директори хонаи кӯдакон, Эргашев, сураташ инсонӣ, аммо дар асл ҳайвонсират буд. Субҳи содиқ меомад, касе дертар аз хоб мехест, дод мезад, дашном медод. Бо мо, духтаракон, бо алфози қабеҳ сухан мекард. «Муфтхӯрон» мегуфт ва ҳоказо…Маст ба ҳуҷраҳои мо медаромад ва дар дилхоҳ ҷойгаҳ хоб мерафт. Ҳушёр шуда, ба ҳуҷрааш мерафт, духтараконро ба наздаш мехонд, дашном медод, мегуфт: «Бо навбат либосҳоятонро кашед». Духтарони калонтар ба ҳуҷраи кориаш медаромаданд ва хурдсолтаронро ҳифз мекарданд. Ҳамаи инро дида, мо ба Вазорати маорифи ҷумҳурӣ номаи шикоятӣ навиштем. Комиссия омад, ҷамъомад доир шуд, ӯро аз кор гирифтанд.
Ман ба бемории эпилепсия гирифтор шудам. Аз ҳуш мерафтам, вазъи саломатиам рӯз аз рӯз бад мешуд. Рӯзгори сангин таъсир карда буд…
Соли 1961, ҳангоме 13 сол доштам, барои дарёи Исфара миёни тоҷикону қирғизҳо муноқиша сар зад. Ҳолати равониам бад шуд, сахт бемор шудам. Дар беморхона, аввал дар Исфара, баъд дар Ленинобод будам. Дар ин ҷо духтурони хуби риштаи асаб ҳам буданд, аммо маро ба Душанбе равон карданд. Дар Душанбе ташхис нишон дод, ки ба варами майнаи сар гирифтор шудаам. Аммо ҷарроҳӣ накарданд ва маро ба ятимхона бурданд.
Табобат мекардам, аммо натиҷа намедод. Синфи 8-ро бо сабаби беморӣ бо душворӣ хатм кардам.
Барои «халос шудан» сарварони ятимхона, мактабҳои Исфара маро ба муассисаи нигаҳдории маъюбон ва куҳансолон равон карданд. Дар ин ҷо ман қариб якуним сол будам. Ногуфта намонад, баъзан вақт модарамро вомехӯрдам. Аммо ӯ бо ман умуман муошират намекард.
Рӯзе ба хонаи маъюбон вазири ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ Раҳимова омад. Пеш аз рафтан ба Душанбе бо ӯ суҳбат кардам, розӣ шудам, ки таҳсилро идома диҳам. Вай маро аз ин ҷо гирифт ва мо ба пойтахти ҷумҳурӣ омадем. Маро муваққатан ба хонаи маъюбон монд, дар омӯзишгоҳ барои маъюбон таҳсил мекардам, дар касби дӯзандагӣ. Ҳамзамон, дар беморхонаи Қарияи Боло табобат мегирифтам. Духтуронам профессорон Пулодов, Почаев, баъдан Ғуломов буданд. Баъдан Ғуломов маро ба бемористони худаш бурд. Варами майнаи сар доштанамро ташхис бори дигар муайян кард. Рӯзҳое кам набуданд, ки 3-4 маротиба аз ҳуш наравам.
Дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» оид ба ходими намоёни давлатӣ Гулҷаҳон Бобосодиқова матлабе хондам. Қарор додам наздаш равам. Қабул кард: «Шуморо гӯш мекунам, чӣ хизмат кунам?». Гуфтам, ки маро аз беморӣ наҷот диҳад, азоби сахт дорам. «Охир ман духтур нестам». Гиря кардам, гуфтам, ки мансаби Шумо аз вазири тандурустӣ баланд аст, фармоед, маро қабул кунад. Гуфт, ки пагоҳ наздаш биёям.
Фардо боз наздаш омадам. Гуфт, ки нисбати ман бо роҳбари ҷумҳурӣ Ҷаббор Расулов вохӯрдааст ва ӯ ҳозир аст маро қабул кунад. Назди Расулов даромадам. Он кас ба вазири тандурустӣ занг зад. Гуфт, ки тақдири маро таҳти назорати шахсиаш мегирад.
Ба вазорат омадам, маро Иван Андреевич Саженин қабул кард. Рӯзгори талхамро нақл кардам. Гиря гулӯгирам шуд, аз ҳуш рафтам. Ба худ омадам, наздам пур аз кормандони вазорат, профессорон, ҷонишини вазир Шанский ҳам буд. Шанский аз вазир хоҳиш кард, ки маро ба Ленинград, барои ҷарроҳӣ фиристад. Саженин розӣ шуд, аммо шарт гузошт, ки аввал дар бемористон бистарӣ мешавам ва натиҷаҳои ташхисро худаш назорат хоҳад кард.
Ростӣ, ба ӯ он қадар боварӣ надоштам, аммо ба беморхона рафтам. Баъд аз 16 рӯзи табобат духтурам Елена Владимировна хабар дод, ки фардо ба Ленинград парвоз мекунем, чун даъват аз институти Паленово омадааст.
Ман дар назди вазири маориф Юсуфбеков будам. Ба ман қадре маблағ дод. Сипас, бо Бобосодиқова хайрухуш карда, роҳ ба сӯи Ленинград гирифтам. Дар тайёра 2 маротиба ҳушам рафт. Соати 1-и шаб расидем. Мошини «Ёрии таъҷилӣ» моро дар фурудгоҳ интизор буд.
Духтури ман Борис Михайлович Рачков, ҳоло профессор, доктори илмҳои тиб, табиби хизматнишондодаи Россия буд. Баъд аз машварат бо дигар профессорон қарор доданд маро ҷарроҳӣ кунанд. Албатта, бо розигии ман, дар ин бобат бо ӯ 2 соат суҳбат доштем. Ҷарроҳии аввал 10 соат тӯл кашид ва бомуваффақ анҷом ёфт. Ин моҳи майи соли 1969 буд.
Баъд аз 2 соли ҷарроҳӣ ба ман иҷозат доданд таҳсил кунам. Ба техникуми савдои советӣ дохил шудам. Дар хонаи дугонаам зиндагӣ мекардам ва ҳамчун маъюб дар навбати манзил рӯнавис шудам. Ба ман хонаи якҳуҷрагӣ доданд. 10 сол маро нафақаи маъюбӣ накарданд, дар муҳосибот гуфтанд, ки аз 28 рубли советӣ зиёд нахоҳам гирифт. «Чи тавре метавонӣ, ҳамон тавр зиндагӣ кун».
Дар ҷои корам бо талаби дармонгоҳ маълумотнома гирифта натавонистам, ҳамин тариқ, аз нафақаи маъюбӣ маҳрум шудам. Наход ман дар айёми куҳансолӣ сазовори чунин муносибат бошам? Замони кӯдакиам хеле сахт буд, умед доштам, дар бузургсолӣ меосоям…
Ҳамин аст қиссаи талхи ман.
Фотима Холиқова, маъюб.
Таҳияи Азамат Дӯстов.



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: