06.11.2020, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳимми тақдирсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ба ин муносибат тамоми сокинони шарафманди кишварро самимона табрик мегӯям.
Ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.
Дар асоси Конститутсия таъмин намудани соҳибихтиёрӣ, истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат буда, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии давлат ҳамчун меъёрҳои пойдору устувори он эътироф гардидаанд.
Дар ин санади бунёдии давлат мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд.
Яъне Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад.
Қобили зикр аст, ки дар кишвари мо маҳз ба шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии давлат шароити мусоид муҳайё гардид.
Мо бо роҳи гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ то имрӯз дар самтҳои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, демократикунонии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву фарҳангӣ, таҳкиму тақвияти низоми давлатдории миллӣ ва аркони бунёдии он ба дастовардҳои басо арзишманди таърихӣ ноил гардидем.
Тибқи Конститутсия давлати мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эълон гардида, имрӯз тавассути ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра нақши арзанда мегузорад.
Бахусус, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва рафъи дигар мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ боиси дастгирии ҷомеаи башар гардидаанд.
Ҳамзамон бо ин, чунонки солҳои охир мушоҳида мешавад, дар баъзе кишварҳои олам давлат ва ҷомеа бо сабаби сарфи назар гардидани арзишу меъёрҳои Конститутсия ва риоя нашудани муқаррароти қонунгузорӣ ба буҳронҳои шадид ва мушкилоти сангини сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда истодаанд.
Дар чунин шароит Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои Конститутсияи худ сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ мекунад, ба соҳибихтиёриву истиқлоли ҳамаи давлатҳои ҷаҳон эҳтиром мегузорад ва муносибатҳои худро бо кишварҳои олам дар асоси меъёрҳои эътирофгардидаи байналмилалӣ рушду тавсеа мебахшад.
Дар ин раванд, зарур аст, ки тамоми шаҳрвандони кишвар ба Конститутсия ҳамчун бахтнома ва санади оливу мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуҷҷати муайянкунандаи имрӯзу фардои давлат ва ҷомеа муносибат намоянд, моҳияти иҷтимоии онро амиқан дарк кунанд, ба он эҳтиром гузоранд ва ба хотири тараққиёту инкишофи давлату давлатдорӣ саъю талош намоянд.
Зимнан, хотиррасон месозам, ки Конститутсия халқи Тоҷикистонро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст.
Соли ҷорӣ дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳз дар асоси Конститутсия сурат гирифтанд, далели равшани дар ҷомеаи мо таъмин будани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, фарҳанги баланди сиёсӣ, мавқеи устувори шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар гардид.
Имрӯз вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои давлати озоду соҳибистиқлоламон кӯшиши боз ҳам бештар ба харҷ диҳем.
Мо вазифадорем, ки бо заҳмати аҳлонаву содиқона, иттиҳоду сарҷамъӣ, риояи меъёрҳои Конститутсия ва муқаррароти қонунҳо, яъне таъмин намудани волоияти қонун зиндагии шоистаи худ ва фарзандонамонро таъмин карда, ба наслҳои ояндаи халқамон як мулки орому осуда ва давлати пешрафтаро ба мерос гузорем.
Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо бахту иқболи нек, сулҳу оромӣ ва ба кишвари азизамон пешравию комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!