Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БАРАКАТИ “РЕД СКАРЛЕТТИ” ҲОЛЛАНДӢ

БАРАКАТИ “РЕД СКАРЛЕТТИ” ҲОЛЛАНДӢ

28-09-2020, 16:35
Хабарро хонданд: 1330 нафар
Назарҳо: 0
  БАРАКАТИ “РЕД СКАРЛЕТТИ” ҲОЛЛАНДӢ
Пресстур


Картошкапарварӣ аз соҳаҳои асосии кишоварзии мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ дар деҳот ҷалб намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад.
Картошка аз ҷумлаи маҳсулоти ниёзи аввал ба ҳисоб меравад. Ба андешаи дигар, ин маҳсулоти кишоварзӣ “нони дуюм”-и ҳар хонадон маҳсуб мешавад. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат ҳамеша дар вохўриҳояшон бо кишоварзон аз майдони кишту ҳосили картошка пурсон мешаванд ва ҷиҳати фаровонҳосилӣ тавсияҳои судбахш медиҳанд.
Ин зироати муҳими истеъмолӣ дар водиҳо, доманакўҳ ва минтақаҳои кўҳии Тоҷикистон дар баландиҳои то 3000 метр аз сатҳи баҳр парвариш меёбад. Барои гирифтани ҳосили баланд ва тухмии хушсифати ин зироат, алалхусус, қитъаҳои кўҳию доманакўҳ, ки шароити иқлимии мусоиду хоки ҳосилхез дорад, мувофиқ мебошад.

Бо ибтикори Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсолкунандагони хурд ва беҳтар кардани васоити таъминоти зиндагӣ дар мавсими кишти баҳорӣ 100 тонна тухмии картошкаи баландсифат, ки 80 тоннаш аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва 20 тоннааш аз ҷониби Лоиҳаи минтақавии ФАО оид ба идоракунии даврагии заҳрхимикатҳо ва нобудсозии заҳрхимикатҳои дорои моддаҳои устувори органикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркия, ки аз тарафи Фонди Глобалии Экологӣ маблағгузорӣ мешавад, ба иттифоқҳои кооперативи кишоварзони ноҳияҳои Нурободу Шаҳристон дастрас намуд. Ба андешаи мутахассисони соҳа аз ин миқдор тухмии истифодашуда ҳазор тонна ҳосил гирифтан мумкин аст.
  БАРАКАТИ “РЕД СКАРЛЕТТИ” ҲОЛЛАНДӢ  БАРАКАТИ “РЕД СКАРЛЕТТИ” ҲОЛЛАНДӢ
Ин ҷо суоле пайдо мешавад: Барои ҳосили хуби картошка кадом омилҳо муҳиманд? Дар посух ба суоли мо, аксар деҳқонон ва дигар мутахассисони соҳа гуфтанд, ки замини киштбоби обёришаванда, тухмии хуб ва нуриҳои зарурии минералӣ имкон медиҳад, ки аз майдони картошка ҳосили хуб, ҳатто рекордӣ ба даст овард. Бале, марди деҳқон бо истифодаи дуруст аз ин омилҳо ба шарти риояи қойидаҳои дурусти агротехникӣ метавонад ба натиҷаҳои баланд ноил шавад.
Пресстуре, ки Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Тоҷикистон баргузор намуд, бори дигар эътимоди моро ба ин андешаҳо афзуд. Мақсад аз ин сафар, дидани натиҷаи ҳосили картошкапарварон дар ноҳияҳои Нурободу Шаҳристон буд. Ҳангоми суҳбат бо роҳбарони кооперативҳои “Нури Нуробод” Иброҳим Тоҳиров ва “Нури Шаҳристон” Озода Додхоева маълум шуд, ки дар кишти баҳорӣ аз тухмии баландсифати навъи “Ред Скарлетти” ҳолландӣ, ки бо мусоидати Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дастрас намудаанд, иштибоҳ накардаанд. Аъзои ин кооперативҳои истеҳсолӣ аз ҳосили ҷамъовардаи хеш қаноатманданд. Аксари аъзои ин кооперативҳо дар майдони 25 сотих як тонна ин навъи тухмиро кишт карда, ба ҳисоби миёна 18-20 тоннагӣ ҳосил ба даст овардаанд, ки ин ба гуфтаи онҳо дар шароити кўҳистон нишондиҳандаи хуб аст.
Акрамҷон Камолов, агроном-мушовири Барномаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мегўяд, ки агар боду ҳаво мусоид ояду то 10 апрел кишти картошка гузаронида шавад, имконияти аз як гектар то 65-75 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст.

Азбаски, ин намуди тухмӣ бо сабаби пандемияи COVID-19 андаке дер ба онҳо дастрас шудааст, кишти картошка дертар сурат гирифт. Шояд бо ин сабаб ва ё ҳанўз мутобиқ набудани ин намуди тухмӣ ба маҳалли кишт аз нишондиҳандаи асосӣ камтар ҳосил гирифтаанд. Истифодаи ин навъи тухмӣ, албатта, таҷрибаи соли аввал аст ва соли оянда метавон ба натиҷаҳои аз ин ҳам хубтар ноил шуд.

-Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо мо пайваста ташаббусҳои навро дар соҳаи кишоварзӣ меҷӯем, ба монанди пайвастшавӣ бо муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва молиявӣ, ки ба кишоварзон дар ҳалли мушкилот ва кашфи имкониятҳо кумак мерасонанд, - гуфт Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон зимни суҳбат бо рўзноманигорон ва афзуд: - Мо истеҳсоли тухмиро дар бахши хусусӣ тавассути рушди кооператив дастгирӣ менамоем. Кооперативҳо бояд як унсури асосии занҷираи истеҳсолу фурӯши тухмии картошка бошанд, ки ба кишоварзон имкон диҳанд, ки дар асоси унсурҳои демократӣ назорати фаъолияти корхонаҳои тиҷоратиеро, ки маҳсулот ва хизматрасониҳои онҳоро харидорӣ менамоянд ва мефурўшанд, амалӣ намоянд.

Ба андешаи намояндаи ФАО дар Тоҷикистон “Ҳосилнокӣ ва даромаднокии соҳаи кишоварзӣ аксар вақт аз тухмии хушсифат, мубориза бо ҳашароти зараррасон ва танзими истифодаи пеститсидҳо вобаста аст. Зиёд кардани навъҳои хушсифати гуногун қадами муҳим дар беҳтар кардани истеҳсолоти кишоварзии ҳар як кишвар мебошад, ки дар натиҷа, ба истифодаи самараноки захираҳои замин ва об мусоидат мекунад. Мавҷудияти саривақтии тухмии хушсифат ҳосили хуб ва манфиатро барои кишоварзон таъмин мекунад, ки ба баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот оварда мерасонад”.
Дастгирии техникӣ дар истеҳсоли тухмӣ дар марҳилаҳои аввали кишт ва ҷамъоварии ҳосил хеле муҳим аст. Истеҳсоли тухмии босифат як қатор малакаҳоро дар сатҳҳои гуногун, аз банақшагирӣ ва идоракунии тухмипарварӣ то амалиётҳои соҳибихтисоси кишоварзиро талаб мекунад.

Бино ба маълумоти оморӣ соли 2019 кишоварзони тоҷик дар 33 ҳазор гектар картошка кишт карда, бештар аз 650 ҳазор тонна ҳосил гирифта буданд. Аммо бо сабаби хуруҷи бемории COVID-19, дар ҷумҳурӣ арзиши ин навъи маҳсулот аз 3 то 10 сомонӣ боло рафт. Аз дигар тараф, картошкае, ки аз Ҷумҳурии Исломии Покистон ворид мешуд, нархро дар фасли баҳор ба танзим медаровард, аммо бо сабаби баста шудани марзҳо ин имконият маҳдуд гардид.
Бо мақсади пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти рўзафзуни аҳолии мамлакат бо картошка шароити агроиқлимии водиҳо низ
имкониятҳои васеъ дорад. Ин раванд, бо роҳҳои васеътар амалӣ шудани кишти тирамоҳию баҳории барвақтӣ ва тобистонаи картошка, ки мавсими давомноки гармии аввали баҳории водиҳо ба он мусоидат мекунад, амалӣ хоҳад шуд.
Алӣ ҶЎРА,
хабарнигори ҳафтаномаи “Минбари халқ”
Душанбе-Нуробод-Душанбе-Шаҳристон-Душанбе









Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: