Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истиқлолияти энергетикӣ — захираҳои обӣ

Истиқлолияти энергетикӣ — захираҳои обӣ

8-09-2020, 15:31
Хабарро хонданд: 1411 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлолияти энергетикӣ — захираҳои обӣ
Соҳибихтиёр гаштан дар истифодаи сарватҳои табиии худ, аҳамияти хоса додан ба рушди иқтисодию иҷтимоии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва талошҳо барои расидан ба ҳадафи стратегии миллӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба хизматҳои шоиста ва ҳадафҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбутанд.
Барои мардуми тоҷик боиси ифтихору сарафрозист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, роҳбари давлати моро аз байни роҳбарони 193 кишвари узви СММ ба Панели сатҳи баланд роҷеъ ба оби 15-нафара, ки ҳама роҳбарони кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, шомил намуд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ боиси зиёд гаштани захираҳои обӣ ва саҳмгузории давлати мо дар пешгирии гармшавии иқлим дар сайёра мегардад.
Бо дарназардошти он ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем. Бо мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф ва азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикӣ дар мамлакат ҳоло 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ шуд. Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 дар навбати аввал ба 400 мегаватт, яъне то 9,6 миллион килловатт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз расонида шуд. Маркази мазкур метавонад қариб 60 фоизи талаботи шаҳри Душанберо ба нерӯи барқ қонеъ намояд. Ба гуфти коршиносони соҳа, аҳолии шаҳри Душанбе агар дар фасли гармо 4-5 млн квт/соат нерӯи барқ истеъмол намоянд, дар фасли сармо ин нишондиҳанда ба 14-15 млн квт/соат мерасад.
Иқдомҳои Сарвари давлат амалӣ гардида, барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд. Рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ин самт оғози бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” мебошад, ки онро Президенти мамлакат бевосита оғоз бахшиданд ва ду агрегати он ба кор дароварда шуд.
Имрӯз ҳиссаи нерӯи барқи обӣ дар истеҳсоли ҷаҳонии нерӯи барқ тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки аз имкониятҳои аз лиҳози иқтисодӣ фоиданоки гидроэнергетикӣ ҳамагӣ 45 фоиз истифода мегардаду халос. Дар баробари ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 фоиз нерӯи барқ аз истифодаи захираҳои обӣ тавлид мешавад ва ин аз боигарии захираҳои обӣ дар мамлакат шаҳодат медиҳад. Мушкилоти вобаста ба обро равандҳои тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дучанд печидатар мегардонанд. Тағйирёбии иқлим ва шароити душвори куҳсор сабабгори ба вуқуъ пайвастани офатҳои табиии вобаста ба об, аз қабили селу обхезиҳо мебошанд. Танҳо бар асари гармои ғайричашмдошти тобистони соли 2015, обшавии босуръати пиряху барфтудаҳо ба иқтисоди кишвар ба андозаи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расонида шуд. Офатҳои табиии марбут ба об барои Тоҷикистон ҳамоно чун мушкилии ҷиддӣ боқӣ мемонанд. Тоҷикистон кишварест, ки наваду се фоизи қаламрави онро куҳсори релефаш мураккаб ташкил медиҳад. Вале таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд. Зеро таҳдидҳои зикршуда имкон надоданд, ки ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» пурра татбиқ карда шаванд ва дар баробари ин, даҳсолаи нави қабулшудаи даҳсолаи пешинаро давом хоҳад дод.
Ҳамин тавр, барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ-энергетикӣ ҳамчун масоили мубрами рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик чорабиниҳои зеринро амалӣ намудан ба мақсад мувофиқ аст: — дуруст ба роҳ мондан ва мукаммалгардонии принсипи тақсимот ва лимити истифодабарии захираҳои обии минтақа. Масалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон 55,4 % захираҳои оби минтақаро таъмин мекунад, дар ҳоле ки Қирғизистон 25,3%, Ӯзбекистон 7,6%, Афғонистон 5,4%, Қазоқистон 3,9% ва Туркманистон 2,4%-ро таъмин мекунанд;
— саривақт азнавтаҷҳизонӣ ва барқароркунии иншооти гидротехникӣ;
— сохтану ба истифода додани нерӯгоҳҳои обии барқӣ (НОБ)-и дар нақша гирифташуда (Роғун, Даштиҷум ва ғайра). Масалан, дар назар дошта шудааст, ки танҳо сохтану ба истифода додани НОБ-и “Роғун” ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ мусоидати калон мекунад.
Дар хотима ҳаминро қайд менамоем, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои дарпешистода ва татбиқи он ҷидду ҷаҳди зиёд, вақт ва ҳатман дастгирии бузурги молиявӣ аз тарафи давлат лозим аст. Асри 21 асрест, ки дар он давлатҳои дунё бо суръати бениҳоят баланд тараққӣ мекунанд ва онҳо асосан он намуди захираҳоеро истифода мебаранд, ки дар дохили давлат нисбат ба дигар захираҳо доираи истифодабариашон зиёдтар аст. Ба сифати мисол, Қатар ва Қувайтро мегирем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом ҳисоб метавонад тараққӣ ёбад, яъне кадом намуди иқтидори иқтисодии мавҷударо истифода барад, ки фоидаи бештар ба даст орад. Аз ҳамаи иқтидорҳои ба иқтисодиёти мо хосбуда ин иқтидори захираҳои обӣ-энергетикӣ ба шумор меравад.
С. ТАИБОВ,
сардори шуъбаи иттилоот ва
робита бо ҷомеаи ДДТТ
ба номи А. Сино,

З. ТУРСУНОВА,
мутахассиси шуъба,
ДДТТ ба номи А. Сино

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: