Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мояи бузургӣ дар илму дониш аст

Мояи бузургӣ дар илму дониш аст

27-08-2020, 11:09
Хабарро хонданд: 457 нафар
Назарҳо: 0
Мояи бузургӣ дар илму дониш аст
(Чанд мулоҳиза перомуни суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш)


Ҳикмати нодири таҷрибаҳои рӯзгордорӣ аз давраҳои дур собит намудааст, ки инсони асилу воқеӣ умри худро бояд дар пайи омӯзиши илму маърифат ва равиши ин масир масруф намояд. Аз ин ҷост, ки дар ин моваро ниёгони мо асоси рушд ва мояи маънавии инсонро аз донишҳои устувору тафаккури гиро баҳогузорӣ менамоянд. Бардошти воқеӣ ва масъулияти азбарнамоии омӯзиш, дар ин самт низ, албатта, асоси шаъну эътибори инсон гардида, тавассути он метавонад миёни мардум соҳиби шуҳрату мақоми хоса гардад.
Тавзеҳи ин ва чандин мавзӯоти раҳнамунсози манфиатбори дигар, аз шумули он масъалаҳое буданд, ки Пешвои муаззами миллат рӯзи 17-уми августи соли ҷорӣ бо хонандагону донишҷӯён ва устодону омӯзгорони пойтахт дар Рӯзи дониш мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Дар муқаддимаи матолиби мавриди назари худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан ёдовар шуданд, ки дарси сулҳ ба маънои дигар ин дарси ватандӯстию шинохти сабақҳои таърих буда, ҳамасола ибтидои соли нави хониш аз рӯи ин анъана ва ин равиш оғоз мегардад. Дар воқеъ, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони кишварамон аз ҳама ҷиҳат арзиш ва манзалати бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд. Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз масири таърих омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллиамон саҳми бевоситаи хешро гузоранд. Бо тавзеҳи баёни ин матлаб, зикр гардид, ки мардуми сарбаланди тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузоранд. Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди неруи инсонӣ робитаи мустақим дорад. Дар робита ба дахли мавзӯи зикргардида Президенти мамлакат илова намуданд, ки мо солҳои 2020-2040-ро ҳамчун солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда, тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман, муассисаҳои иҷтимоиро муваззаф намудем, ки баҳри бунёду ояндаи дурахшон ба таълими илмҳои табииву риёзӣ зиёдтар таваҷҷуҳ карда, мафкураи техникии насли наврасро қавӣ гардонанд.
Нуктаи қобили таваҷчуҳи дигар ин буд, ки Тоҷикистон сарзамини пур аз ганҷу сарватҳои табииву зеризаминӣ буда, то ба ҳанӯз кам омӯхта шуда, дар соҳаҳои вобаста ба иктишофу ҷустуҷӯи боигариҳои мавҷуда ва истихроҷу коркарди онҳо мо ба кадрҳои баландихтисосу дорои таҷрибаи нодир ниёзи бештар дорем.
Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то ба имрӯз садҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд гардида, таъмир ва ба шароити муосир мутобиқ гардонидани муассисаҳои таълимӣ бомаром идома дорад. Қайд гардид, ки аз 1332 мактабу муассисаи томактабии банақшагирифташуда то моҳи августи соли 2020-ум 367 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 30 кӯдакистон сохта, ба истифода супорида шудааст, ки аз ин шумора 135 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 21 кӯдакистон аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланду ватандӯсти кишвар бунёд гардидааст.
Ҳамзамон, аз мушкилӣ ва ҳолати кунунии зинаи таҳсилоти томактабӣ ба истиснои шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд дахл гардида, аз татбиқи ноустувори “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020" ва то ба ҳанӯз фаъолият доштани омӯзгорону мураббиёни ғайриихтисос дар ин зинаи таҳсилот низ изҳори нигаронӣ карда шуд. Нуктаи калидии дигаре, ки ба он Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд, ин ба талаботи замон мувофиқ набудани зинаи таҳсилоти умумӣ ва норасоии китобҳои дарсиву номутобиқатии онҳо дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мебошад, ки аз масъулину сохторҳои дахлдори соҳа тақозо карда шуд, ки ҳалли саривақтии онҳо бо назардошти марҳилаҳои замони муосир бояд дар мадди аввал қарор дода шавад. Воқеан ҳам, суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагону донишҷӯён ва устодону омӯзгорон дар Рӯзи дониш, бори дигар ҳар яки мо ва махсусан масъулини соҳаро водор ба он месозад, ки ҳар як нукта ва тавсияҳои судовари баёншударо дар иҷрои пешбурди масъулиятҳои мавҷуда сармашқи кори худ намоем ва баҳри амалинамоии онҳо аз ҳарвақтаи дигар саъю талоши бештар намоем.
Каримзода Ҳақназар Изатулло,
рӯзноманигор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: