Оғози сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ифтитоҳи Корхонаи микрокалсит дар ноҳияи Дарвоз19-08-2020, 11:50
Хабарро хонданд: 141 нафар
Назарҳо: 0
19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси як қатор иншооти таъиноташон гуногун ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Сафари кории Пешвои миллат аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид. Дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз Сарвари давлатро роҳбарият ва фаъолони вилоят самимона истиқбол гирифтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Вишхарв Корхонаи “Карон - калсит”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои миллат бо хатҳои истеҳсолӣ ва имкониятҳои корӣ дар коргоҳи нав шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки “Карон-калсит” имконият дорад, ки дар як сол 100 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, он дар назди захираи бузурги санги мармари сафед, ки микрокалсит аз ин навъи санг омода мегардад, бунёд ёфтааст. Коргоҳ дорои чор хатти истеҳсолӣ буда, навъҳои гуногуни микрокалситро истеҳсол менамояд. Бо истифода аз технологияи муосири корӣ дар корхонаи навтаъсис истеҳсоли микрокалсит аз 2 то 500 микрон ба роҳ монда шуда, 40 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки микрокалсит дар саноат ба таври васеъ истифода гардида, барои истеҳсоли бештар аз 90 фоизи таҷҳизоту дастгоҳҳо, масолеҳи сохтмониву ашёҳои рӯзғор, техникаву технологияи гуногун ва маҳсулоти кимёвӣ илова карда мешавад. Аз ҷумла, дару тирезаҳои пластикӣ, қубурҳои гуногунқутр, тамоми навъи чархи нақлиёт, масолеҳи ороишӣ ва рангу бори хона бо истифодаи микрокалсит истеҳсол мегардад. Аз ин лиҳоз маҳсулоти мазкур дар саросари ҷаҳон серхаридор буда, ин корхона имконият дорад, ки ба пуррагӣ талаботи соҳаи саноати Тоҷикистонро бо микрокалсити гуногунҳаҷм қонеъ карда, ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот низ дар бозорҳо рақобат намояд. Корхона дар ду баст фаъолият намуда, дар оянда содироти микрокалсити Корхонаи “Карон-калсит” ба дигар кишварҳо низ роҳандозӣ карда мешавад. Минтақае, ки корхона дар он ҷо ҷойгир аст аз лиҳози захираи санги мармари сафед бой буда, тибқи озмоишҳои гузаронидашуда ашёи хоми маҳаллӣ сифату маҳсулнокии баланд дорад ва барои истеҳсоли микрокалсити ҷавобгӯ ба талаботҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд. Дар заминаи захираи минтақа ва ашёи истеҳсолнамудаи корхонаи нав масъулин дар марҳилаи дуюм истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии саноатиро ба роҳ хоҳанд монд. Бо насби хаттҳои нави истеҳсолӣ дар кӯтоҳтарин фурсат маҳсулоти сохтмонии рангу эмулсия тайёр карда мешавад, ки ин иқдом барои коркарди пурраву истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо истифодаи захираҳои бойи табии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо амалӣ гардидани ҳадафи мазкур шумораи умумии кормандони корхона аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба 120 нафар хоҳад расид ва ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронида мешаванд. Маҳсулоти ниҳоии корхона бо истифода аз озмоишгоҳи муосир аз санҷиш гузаронида шуда, дар доираи стандартҳои ҷаҳонӣ ба харидорон пешниҳод карда мешавад. Корхона дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат оид ба истифодаву коркарди захираҳои бойи табии Тоҷикистон бунёд ёфта, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрбарадорӣ қарор дода шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, барои роҳандозии содироти маҳсулоти он ба дигар кишварҳо, таъмини пурраи эҳтиёҷоти соҳаи саноати мамлакат бо микрокалсит дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. Президенти мамлакат баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи "Карон -калсит" ба масуълон дастур доданд, ки дар давоми як сол боз ду коргоҳи истеҳсолӣ - саноатӣ бо фарогирии 200 ҷойи кор сохта ба истифода диҳанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.