Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 44 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 44 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд

3-08-2020, 09:03
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 44 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд
Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 44 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 2 август дар мамлакат шумораи гирифторони COVID-19 ба 7495 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 6276 (83,7%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат шумораи ҳолатҳои фавт аз бемории мазкур дар мамлакат ба 61 нафар расид.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: