Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Тоҷикистон 78,7%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфтанд

Дар Тоҷикистон 78,7%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфтанд

9-07-2020, 09:53
Хабарро хонданд: 287 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон 78,7%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфтанд
Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 мавриди фавт бар асари он ба қайд гирифта шуд, дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 8 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6364 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5011 (78,7%) нафар беморон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 54 нафар фавтидаанд.
«Шабонарӯзи охир 220 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 46 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуд манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: