Таркиш дар Анкара - 28 қурбонӣ ба ҷой гузошт18-02-2016, 05:00
Хабарро хонданд: 334 нафар
Назарҳо: 0
Дар маркази Анкара рӯзи чаҳоршанбе таркише рух дод, ки тибқи иттилои охирин, 28 қурбонӣ ва бештар аз 60 захмӣ ба бор овард.
Ҳамчунин дар ин таркиш чанд мошин оташ гирифтааст. Раиси шаҳри Анкара Маҳмад Киличлар мегӯяд, эҳтимол, ҳадафи ин таркиш автобусҳое буданд, ки ҳарбиёнро интиқол медоданд. Ин таркиш дар наздикии хобгоҳи низомиён сар задааст. Дар робита ба ин ҳодиса президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон сафараш ба Озарбойҷонро қатъ кард ва сарвазири ин кишвар Аҳмад Довудоғлу аз сафари Белгия худдорӣ варзид. Муовини сарвазир Бекир Боздаг ин таркишро террор номид. Дар моҳи октябри соли гузашта дар таркишҳои Анкара бештар аз сад нафар кушта шуд. Мақомоти Туркия масъулияти ин таркишҳоро бар дӯши гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" вогузоштанд. ©И.Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.