Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

7-07-2020, 11:16
Хабарро хонданд: 203 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро бо рӯйдоди муҳим – 80–солагии зодрӯзаш самимона табрик карда, таманниёти неки худро ба соҳибҷашн иброз намуданд.
Пешвои миллат фаъолияти самарабахши солҳои тулонии Нурсултон Назарбоевро дар маснади Президенти Қазоқистони дӯст бахусус зикр карданд, ки боиси эҳтироми умум ва обрӯву эътибори шоистаи ӯ дар дохили кишвар ва берун аз паҳнои он, аз ҷумла дар Тоҷикистон, гардидааст. Ҳамчунин, аҳамияти робитаҳои деринаи бародарӣ ва дӯстии мустаҳками ду пешво — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев барои рушди бомароми муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи муосири Тоҷикистону Қазоқистон таъкид гардид.
Дар ин зимн ҷонибҳо атрофи як қатор масъалаҳои тавсеаву таъмиқи ҳамкории ду кишвар дар сиғаи шарикии стратегӣ ибрози ақида намуда, аҳамияти пешбурди минбаъдаи ин раванди созандаро бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид карданд.
Қаблан Сарвари давлати мо унвонии якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: