Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи як қатор вазорату идораҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи як қатор вазорату идораҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

15-06-2020, 17:10
Хабарро хонданд: 236 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи як қатор вазорату идораҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал овардандИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварда, кадрҳои ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъингардидаро барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Саиднахш ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ, Муҳсинзода Ғафур ба вазифаи муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ализода Самариддин ва Абдусаматзода Зулфия ба вазифаи муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин карда шуданд. Умарзода Саида аз вазифаи муовини якум, Одиназода Азиз ва Камолзода Мирҳамуддин аз вазифаи муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардиданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддинзода Субҳиддин муовини якум ва Рустамзода Дилафрӯз муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин гардида, Бобошоҳзода Маҳмадшариф ва Бақозода Сайрам аз вазифаҳои муовини якум ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио озод карда шуданд.

Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин намудан ба вазифаи сардори шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони ВМКБ, ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон розигӣ дода шуд.

Дар ҷараёни мулоқот Сардори давлат ба кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазорату идораҳо таъиншударо ба хизмати поквиҷдонона ва азму иродаи қавӣ дар қабули қарорҳои ба манфиати миллату давлат созгор ҳидоят намуданд.

Тарбияи кадрҳои соҳибтаҷриба ва бозомӯзии кадрҳои ҷавон дар муассисаҳои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз мавзӯъҳои асосӣ ва супоришҳои мушаххаси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

«Дар иртибот ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бояд ҳушёру зирак бошем, манфиатҳои миллиро ҳимоя намоем, ба муроҷиатҳои шаҳрвандон саривақт чораҷӯӣ намуда, амнияту суботро дар мамлакат таъмин намуда, иҷрои нақша ва барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳуриро саривақту сифатнок таъмин намоем,»- иброз доштанд Пешвои миллат дар анҷоми мулоқот.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: