Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иктишофҳои Ироқ мегӯянд, раҳбари ДИ-ро боздошт карданд

Иктишофҳои Ироқ мегӯянд, раҳбари ДИ-ро боздошт карданд

21-05-2020, 10:36
Хабарро хонданд: 148 нафар
Назарҳо: 0
Иктишофҳои Ироқ мегӯянд, раҳбари ДИ-ро боздошт карданд
Хадамоти иктишофии Ироқ аз боздошти раҳбари гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) хабар додааст. Ба иттилои хадамот, шахси боздоштшуда баъди куштори Абубакр Бағдодӣ аз сӯи низомиёни амрикоӣ дар моҳи октябри соли гузашта раҳбари ДИ интихоб шуда буд.

ДИ дар иттилоияҳояш Абуиброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайширо раҳбари худ меномид. Ба иттилои "Садои Амрико", дар Вашингтон бар инанд, ки зери ин ном яке аз бунёдгузрон ва идеологҳои гуруҳ Амир Муҳаммад Абдурраҳмон ал-Мауля пинҳон аст. Хадамоти иктишофии Ироқ мегӯяд, номи воқеии боздоштшуда Абдулносир ал-Кирдаш аст.

Дар бораи шарҳи ҳоли ӯ ҷузъиёти бештаре оварда намешавад. Канали русии Directorate 4 дар шабакаи Телеграм бо иснод ба як коршиноси ироқӣ хабар додааст, ки эҳтимол аст, боздоштшуда як узви баландпояи созмони террористии "ал-Қоида бошад, ки солҳои 2001-2019 ДИ-ро дар Сурия раҳбарӣ кардааст.

Маҳалли нигаҳдории нафари боздоштшуда ифшо карда намешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: