Бонки исломии рушд (БИР) барои хариди фаврии дастгоҳҳои тиббӣ, ки дар мубориза зидди вируси корона истифода мешаванд, ба Ӯзбекистон 17 миллион доллар медиҳад.
Ба иттилои вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон, ин маблағҳо аз маҷмуи қарзҳои кунунии БИР ҷудо шудаанд, ки қаблан барои Ӯзбекистон пешбинӣ шуда буданд.
Созиши қарзи 17-миллион долларӣ дар ҷараёни ҷаласаи видеоии рӯзи 8 апрел ҳосил шуд, ки ин ҷаласа бо иштироки ноиб-сарвазири Ӯзбекистон ва вазири сармоягузориву тиҷорати хориҷии ин кишвар Сардор Умирзоқов аз як сӯ ва сӯи дигар президенти Бонки исломии рушд Бандар Ҳаҷар баргузор гардид.
Дар поёни ҷаласа ҷонибҳо ҳамчунин ба созиш расиданд, ки БИР барои низоми ҳифзи сиҳатӣ ва кӯмак ба тиҷорати хурду миёнаи Ӯзбекистон дар ҳаҷми бештар аз 140 миллион доллар сармоя ҷудо хоҳад кард.