Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Кадрҳо намерасанд

Кадрҳо намерасанд

10-02-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 395 нафар
Назарҳо: 0
Кадрҳо намерасанд
ДОНИШГОҲИ НАВ ИН МУШКИЛРО ТО АНДОЗАЕ ҲАЛ МЕКУНАД.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, ки дар кишвар 6 ҳазор табиб намерасад ва ин вазъият ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ таъсири манфӣ мерасонад.


Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мегӯяд, ки бо вуҷуди таъсис ёфтани коллеҷҳои давлативу ғайридавлатии тиббӣ ва солона хатм кардани садҳо табиб ҳанӯз ҳам нарасидани кадрҳо дар минтақаҳои кишвар боқӣ мондааст.

«Бештар табибони оилавӣ намерасанд. Бо вуҷуди он ки мо аз сатҳи хизматрасонии бархе табибон розӣ нестем, боз ҳам ба ин гуна табибон ниёз дорем. Мешунавем, ки дар таваллудхонаҳо муносибатҳои ғайриҳирфаӣ сурат мегирад. Дар ин масъала мо ҳам бо шаҳрвандон розӣ ҳастем. Табиб, пеш аз ҳама бояд, вазифаи худро иҷро намояд, ягон шарту талабот назди бемор нагузорад», - иброз дошт Нусратулло Салимзода.

Вазъи таъмин бо кадрҳои тиббӣ, хусусан, дар вилояти Хатлон нигаронкунанда аст. Дар ин вилоят, ки аҳолиаш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 11,3 нафар табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар шаҳру вилоятҳои кишварамон нишондиҳандаи хеле паст мебошад. Дар шаҳри Душанбе ин нишондиҳанда беш аз 77 нафар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 23 ва вилояти Суғд 20 нафар мебошад.

Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба нарасидани кадрҳои соҳаи тиб ва дурнамои он таъкид намуданд: «Донишгоҳи тиббӣ, ки дар мамлакат ягона мебошад, масъалаи тайёр кардани кадрҳоро дар ин соҳа пурра иҷро карда натавониста истодааст ва заминаи моддиву техникии он имкон намедиҳад, ки қабулро зиёд карда, талаботи кишварро вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар муқоиса бо ҳафтоду ҳафт соли пеш, яъне соли таъсиси донишгоҳ, ки аҳолии Тоҷикистон аз якуним миллион нафар камтар буд, қонеъ гардонад».

Бо назардошти чунин вазъ ба Ҳукумат, аз ҷумла вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм ва дигар сохтору мақомоти марбута супориш дода шуд, ки барои таъсиси боз як муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ дар вилояти Хатлон чораҷӯйӣ намоянд.

Убайдулло Қурбон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, зарурати таъсиси донишгоҳи тиббии нав дар вилояти Хатлонро қадами навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин бахши муҳим арзёбӣ намуд.

Дар вилояти Хатлон таъсис додани донишгоҳ бамаврид аст, зеро вилоят яке аз минтақаҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар заминаи Донишгоҳи давлатии тиббӣ таъсис додани донишгоҳи нав имкон фароҳам меоварад, ки базаи хуби таълимӣ ва тайёр кардани кадрҳо ба роҳ монда шавад. Имрӯз дар кишвар 17 ҳазор табиб барои 8 миллион аҳолӣ хидмат мерасонад, ки ин нокифоя аст», - изҳор дошт Убайдулло Қурбон.
©Ҳ. САНГОВА, «Ҷумҳурият»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: