Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Диктатураи короно

Диктатураи короно

3-04-2020, 11:40
Хабарро хонданд: 195 нафар
Назарҳо: 0
Диктатураи короно
АРЗИШ-ЗИНДА МОНДАН

- Ҷ аҳон дигар ҳеҷ гоҳ ба ҳолати пешин боз намегардад.
- Меъёрҳо дар зиндагонии аҳли сайёра дигар шуданд.
- Нақшаҳо дар доираи оила чи, ки ҳатто дар дохили давлатҳо ва муносибатҳои миёни кишварҳо тағйир хӯрдаанд.
- Дӯстиву душманиҳо ба ҳам заданд, арзишҳо дар ин самт ҳам тағйир ёфтанд.
- Дигар на мансаб қадр дораду на сарват қимат.
- Дигар ба ҷ уз "ҷ он" ва "зинда мондан" арзише намонд.
Акнун сиёсатро на давлатҳои абарқудрат, балки вабои короно ҳукм ё "дикта" мекард.
ӯро на парвои ҳавои даҳани Трамп буду на сиёсати мураккабу оромонаи Путин. ӯ на зан будани Меркелро эҳтиром гузошту на раҳми шоҳзодаписари маликаи Англияро хӯрд.
Вабои даҳшатафкани «СOVID-19» ҳокими сайёра буду Чину Мочинро куртаи ларза ба тан гардонид.
Ба ҷ омеаи ҷ аҳонӣ фаҳмонид, ки пеши марг на технологияи кайҳониятон кор меояду на сарватҳои зеризаминиятон ва ҳатто на худатон, ки сайёраи Заминро байни ҳам тақсим кардаед!
То ва баъд

Акнун таърихи нави ҷ аҳон бо ибораҳои "то коронавирус", дар замони вабо" ва "баъди коронавирус" навишта хоҳад шуд.
Овозаҳои ин силоҳи бактериологии Амрико, Чин ё баръакс вабои аз гӯшти ҳайвоноту паранда пайдогашта ҳам дигар таваҷ ҷ уҳи касеро намекашид. Ин вабо ҳаст ва роҳи раҳоӣ то ҳанӯз надорад.
Зинда мондан, раҳоӣ аз марги лоязил ва роҳи халосӣ аз ин беморӣ ба мақсадҳои аввалиндараҷ аи ҳамагонӣ ва дастаҷ амъӣ табдил ёфт.
Хабарҳо перомуни ин вабо ҳамагӣ даҳшатафкан буданд. Чи қадар имшаб мурд, чи қадар имрӯз гирифтор шуд...
Гоҳе дар маргу мир Чин ба ҷ ойи аввал мебаромаду гоҳе Эрон, гаҳе Амрико кишвари маргбортарин ном мегирифту гоҳе ҷ ояшро ба Италия медод.
Ва бечорагии ин давлатҳои тараққикардатарини олам пеши ин вабо ҳамаи моро ноумедтар мегардонд.
Агар чизе набошад ҳам, чизе меёбанд ва чизе мегӯянд.
Тоҷ икистон аз нахустин кишварҳое буд, ки ҷ ойи серодамтарини худ, ки муошират хеле ва хеле дар чунин ҷ ой хатарзо буд,- масҷ идҳоро барои замоне баст.
Оҳ, чӣ доду вовайлое бардоштанд "ҳомиён"- и гумном ва риёкори дин дар саҳифаҳои иҷ тимоии интернет.
Ҳукуматдоронро кофир эълон карданду тамоми санги тӯҳмат ва таҳқирро аз калламушхонаи компютерии худ ё аз хориҷ и кишвар ба ин ҷ о рехтанд.
Чун эълон гашт, ки дар дигар кишварҳо масҷ идҳоро бастанд, инҳо боз ҳам паст наомада гуфтанд, ки чаро мо аввалин шудем? Яъне, инро ҳам айби ҳукумат карданд.
Дере нагузашта масоҷ идро безарар гардониданду эълон карданд, ки марҳамат ба намози ҷ амоат.
Ин мунофиқони пархошҷ ӯ, боз ҳам гап ёфтанд. Доду вовайло бардоштанд, ки ҳукумат ба масҷ ид иҷ оза дода намозгузоронро бемор карданист ва баъдан, гуноҳи паҳн гаштани ваборо сари онҳо заданист.
Ин ҳам дар ҳоле буд, ки Ҳукумат бо оромӣ ҷ ашни Наврӯзро таҷ лил мекард.
Доду фарёди "мусулмон"- политикҳои пушти номи ғайр пинҳоншуда тариқи шабакаи фейсбук ба олам паҳн мешуд, ки чаро мотам неву ид доранд, тоҷ икон? Ин ҳам пинаки касеро вайрон накард.
Ид ҳам гузаштан дорад ва бадхоҳон, ки аз даҳшати марги яқин дигар ба сиёсатбозӣ ҳавсала надоштанд, гуё каме "тайм - аут" гирифтанд.
Имрӯз баъди як моҳи ҳам- ҳамаву тарс коридан ба дили мардум, дар фазои иттилоотӣ аз хабарҳои росту дурӯғ танаффус эълон шуд.
Карантин эълон накардани Тоҷ икистон ҳоло аз ҳамлаҳои дар камин нигаҳдоштаи 10-20 бадхоҳи кишвари мост, ки аз ноилоҷ ӣ, аз он ки Ҳукумат мабодо ҳақ барояду вабо ба Тоҷ икистон наояд, аз рӯйи навиштаи баъзе корбарони фейсбук гӯё ранҷ мекашанд.
Аммо ба хости Худованд ин ҳам беасар хоҳад гузашт.
Дигар марги одамон чи муслиму чи ғайри он бояд пеши роҳи ҳама бадиҳоро бигираду дар андешаи инсоният танҳо нақшаи некӣ бикашад. Боз ҳам вақт довар аст.
Коронои иқтисодкуш

Иқтисоди олам миёншикан шуд. Нархи нафт ду баробар арзон шуд. Ширкатҳои калонтарини дар Чин ва дигар давлатҳо саҳмияҳои худро аз даст доданд.
Таркиши ииқтисодӣ дигар қонунҳои тозаеро "дикта" мекунад, ки онҳоро ҳанӯз чамбари чархаашон дар дасти короност.
Дар кишварҳои абарқудрат акнун мошинҳои қимат ва калонхарҷ нолозим шуданд. Дар Ӯзбекистон ҳаракати мошинҳои шахсиро манъ карданд.
Кӯчаҳои калонтарин дар ҳама шаҳрҳои олам холӣ аз одамон гаштаву шаҳрҳо чун манзилҳои баъди ҷ анг, бӯйи марг доранд.
Оламиёнро то депрессияи саросарӣ як қадам роҳ мондааст.
Дороиву сарват як пули пуччак ҳам дар ин давра қадр накард. Чун дар зери ниқоби нафаси сунъӣ кас наметавонад, тавоно бошад, яъне сарваташ кумакаш намояд.
Ин ҳолат бори дигар собит кард, ки ба инсон моли зиёд аслан зарур нест, зеро саломатӣ, зинда мондан ва ҳатто меҳри фарзандонро ҳам бо он харида намешудааст.
Дар Чин дар 2 моҳ 20 дарсади истеҳсолот зарар дида бошад ҳам, кишвар бар вабо дастболо шуд.
Ҳиндустон бо аҳолии аз миллиардгузаштаи худ чораҳои сахттарини карантиниро роҳандозӣ кардаву дар ҳоли мураккаб аст. Полиси ин кишвар тибқи иттилоъи телевизионҳо, вайронкунандагони ин чораҳоро мурданак лату кӯб мекунанд.
Дар Россия ҳам чораи пешгириро дар карантин мебинанд. Корхонаву идораҳо то ҳадди имкон ба режими онлайн мегузаранд. Тамоми макотиби оливу умумӣ ба тарзи фосилавии таълим гузаштаанд. Боғчаҳо баста ва тамоми мардум ба шароите фаро гирифта шудааст, ки то ҳадди мумкин аз хона берун нараванд.
Ҷойҳои корӣ дар кишвари мо ҳам дар тарабхонаҳо ва бархе аз хизматрасониҳо ба рухсатии маҷ бурӣ ва бе маош мераванд.Диктатураи короно
Дар Россия сарватмандон ба ёрии давлат камар бастаанд. Масалан барои тарҷ ума ва нашри китобчаи таҳиякардаи чиниҳо дар бораи роҳи дурусти мубориза бо короноро бо теъдоди калон кадом ширкате бар дӯш гирифта аст.
Зиёда аз 4000 волонтёр дар ҳар вилоят барои хизмат расонидан ба нафароне, ки дар карантинанд ва ниёз ба кумак доранд, хизмат мерасонанд.
Барои ронандагони нақлиётҳои мусофиркаш, кормандони тарабхонаҳо, ошпазҳои қаҳвахонаву дигар ҷ ойҳои хӯрокпазӣ мукофотҳои калон пешбинӣ мешавад. То нафаре бе хӯроки гарм намонад. Хоса, барои ронандае, ки агар ба шахси бемор хизмат кунад ё онро ба бемористон бибарад, аз тарафи давлат иловапулиҳо пешбинӣ шудаанд.
Ҳар касе мекӯшад, ки инстинкти зинда монданро дар худ тарбия ва нигоҳ бидоранд.
Хушбахтона, мо то ҳол ҳарчанд тарс дорем, хавотир мекашем, вале бемори мушаххаси гирифтори ин ваборо расман ба қайд нагирифтаем.
Аз ин рӯ, баъзе одамон дар кӯча пӯшидани ниқобҳои тиббиро барои ҳар эҳтимол риоя мекунанд.
Аксариҳо бар ин андешаанд, ки беҳтар аст, одамон бе зарурат камтар ба кӯча бароянд, то аз хатар худ ва оилаашонро нигоҳ бидоранд.
Дар бораи қоидаҳои беҳдоштӣ дар нисбати дигар кишварҳо кам бошад ҳам, тавассути радиову телевизионҳо, ки манбаи асосии хабарии мардуми деҳот аст, иттилоъ паҳн мегардад.
Шабакаҳои иҷ тимоӣ саропо пури иттилои росту дурӯғ буда, аксаран бо воҳимаангезиҳои барзиёд, сари истифодабарандагони интернетро гиҷ месозанд.
"Эҳтиёт- ними ҳаёт" гуфтаанд,
Зарур аст, ки ба ҳама тавсияҳои табибон риоя созем ва фазои хешро дар ҳолати беҳдоштӣ нигаҳ дошта вуруди короноро ба рӯзгори хеш пешгирӣ созем.

Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: