Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Наврӯз инъикосгари рамзи некӣ

Наврӯз инъикосгари рамзи некӣ

20-03-2020, 11:34
Хабарро хонданд: 2953 нафар
Назарҳо: 7
Наврӯз инъикосгари рамзи некӣ
Дар байни миллату халқиятҳои ҷаҳонӣ ҷашнвораҳо, анъанаҳо ва оинҳои қадимаи миллӣ мавқеъ ва манзалати махсус доранд. Онҳо дар тӯли қарнҳо ба худ шакл ва намудҳои наву замонавӣ гирифта, ташаккул ёфтаанд. Яке аз чунин ҷашнвораҳои куҳанбунёди мардуми мо Наврӯз мебошад, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон пазироӣ ёфта, унвони Наврӯзи ҷаҳониро гирифтааст.
Наврӯз решаи ниҳоят қадима дошта, аз оини табиатпарстӣ маншаъ мегирад ва ба давраи давлатдории Пешдодиён (ҳазораи IV-III то милод) мерасад. Онро танҳо ҷашни зардуштиён номидан хато аст. Вай марбут ба ҳодисаи табиӣ дар меҳвари худ пурра гирд гаштани Офтоб, ғалабаи гармӣ бар сардӣ, некӣ бар бадӣ, истиқболи баҳор аст.
Мутаассифона, иддае «исломгароёни навбаромад» ҷашнгирии Наврӯзро барои мардуми мусалмонтабор нораво меҳисобанд ва пешвоз гирифтани онро ҷоиз намедонанд. Ақида доранд, ки иди Наврӯз робитае ба дини ислом надорад ва аз нигоҳи ислом амалест, ки онро оташпарастон таҳмил додаанд. Дуруст аст, ки ислом аз рӯзҳои аввали зуҳураш ба бисёр идҳо ва равияҳое даврони пеш аз исломӣ зиддият намуда, монеъ гардидааст. Вале агар мо ба таърихи баъдинаи зуҳуроти ислом назар андозем, мебинем, ки ҷашни Наврӯз тӯли қарнҳо боз аз ҷониби мардумони мусулмонтабори эронинажод ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашнвора чунон ба ислом омезиш ёфтааст, ки ҷудо кардани он ғайриимкон аст. Ҳамаи ин, аз он дарак медиҳад, ки дини мубини ислом одату расмҳоеро, ки хайру салоҳе доранд, пазироӣ мекунад.
Чуноне ки мо аз адабиёти ирфонӣ ва сарчашмаҳои дигари исломӣ огаҳӣ дорем, дини ислом мақсади онро надорад, ки расму русуми миллиро аз мо дур созад, балки арзишҳои арзандаи хештаншиносӣ ва суннатҳои миллиро пайгирӣ намуда, ҳифзи онро зарур мешуморад.
Бояд иброз дорем, ки дар таълимоти исломӣ ҳадаф зиндагиномаи хуб доштани инсон аст ва алайҳи ҳама гуна гаравишҳои ботиле, ки ба фитрати одамӣ таъсири манфӣ меоранд, мубориза бурдан аст. Дар ин маврид, фармудаанд: “Касе ки одат ва суннати некеро поягузорӣ кунад ва бад-он амал шавад, подоши амали худаш ва низ ба андозаи подоши дигар амалкунандагон (ба он суннат) ба вай дода мешавад, бидуни он ки аз подоши амалкунандагон кам шавад. Ва касе, ки суннати бадеро поя гузорад ва бад-он амал шавад, гуноҳи амали худаш ва дигарон бар уҳдаи ӯст, бидуни он ки аз гуноҳи дигарон коста шавад”. (Ибни Моҷа, ҷузъи 1, сафҳаи 74.)
Абурайҳони Берунӣ дар асари худ «Осор-ул-боқия» навиштааст, ки: «Сулаймон пайғамбар писари Довуд пайғамбар чун ангуштаринашро гум кард, подшоҳияшро аз даст дод. Пас аз чиҳил рӯз ангуштаринашро пайдо кард ва подшоҳияш ба ӯ бозгашт ва шавкаташро бозёфт ва парандагон ба фармони ӯ шуданд. Эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад» яъне рӯзи нав омад», з-он пас, он рӯз Наврӯз номида шуд».
Берунӣ дар ҷойи дигари «Осор-ул-боқия» менависад: “Дар Наврӯз, лаълие пур аз ҳалво барои Пайғамбар ҳадя оварданд. Он ҳазрат пурсид: “Ин чист?” Гуфтанд: “Имрӯз рӯзи Наврӯз аст”. Пурсид: “Наврӯз чист?” Гуфтанд: “Иди бузурги эрониён аст”. Фармуд: “Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард”. Пурсиданд: “Аскара чист?” Фармуд: “Аскара, ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг, тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон фармуд: «Бимиред». Пас, мурданд. Пас, ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки бар онон биборанд. Аз ин рӯст, ки суннати об пошидан (дар Наврӯз) ривоҷ ёфта аст”. Он гоҳ аз ҳалво тановул кард ва фармуд: “Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд”.
Дар идомаи андешаҳои баёнгардида, метавонем илова намоем, ки дар адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷику форс ҷашни Наврӯз аз ҷониби адибони гузашта васф шудааст. Ин шоирону вассофон пайравони дини ислом буданд. Пас чӣ тавр метавон онро нораво шуморид? Ба назари банда он ҳама андешаҳои иддае аз мутаассибони замонавии исломгаро нисбат ба нораво будани иди Наврӯз, ҳаққонияти воқеӣ надорад.
Дуруст аст, ки ислом ба бисёр идҳо ва равияҳои пеш аз исломӣ мухолифат дорад ва баргузории онҳоро ҷоиз намешуморад, лекин нисбат ба Наврӯз на дар Қуръон ва на дар ҳадисҳои он ба таври густурда, ба ҷуз аз чанд ҳадис ҳамчун ид, монеияти ҷиддӣ дида намешавад. Аз бузургони дин баҳри густариши ин ид ақидаҳои манфиатноке пешниҳод гардидааст.
Бояд иброз дошт, ки ҷашни Наврӯз аз аҷдодонам ба мо мерос монда ва хосияти ба ҳам омадану сарҷамъию муттаҳидиро дорад. Дар шароити кунунӣ, пазируфтани он на ҳамчун тафаккури динӣ, балки ба унвони мероси фарҳангии миллӣ ба мақсад мувофиқ аст. Аз ин рӯ, набояд мо ба ин падидаи ниҳоят бузурги таърихӣ аз нигоҳи мазҳаб нигарем.
Агар дар маҷмӯъ, ба расму русум ва оинҳои наврӯзӣ бо чашми хушбин ва андешаи сареҳ назар андозем, мебинем, ки ин ҷашнвора падидаи ниҳоят манфиатнок ва барои мардум манзалати таърихӣ, фароғатӣ ва тарбиявӣ дорад. Маросим ва оинҳои ин ҷашнвора хотираҳоро болида гардонида, ба қалбҳо сурур мебахшанд, пайвандгари дилҳо шуда, ваҳдату тафоҳумро дар тафаккурамон маскан медиҳанд. Агар назаре ба маросимҳои наврӯзӣ андозем, мебинем, ки онҳо ситоишгари танҳо некиву хубӣ ва тозагиву покӣ ҳастанд. Бубинед, ин ҷашнвора аз тоза кардани хона, ороиш додани худ ва либоси тозаю озода пушиданамон оғоз меёбад. Сипас, маросими гулгардонӣ, ки он мазмуни хабар додани мардумро аз омадани баҳор дорад, сар мешавад. Дар маросими гулгардонӣ наврасон ва ҷавонони хушқаду қомат, гули наврӯзӣ ба хонадонҳои мардум мебаранд ва ба соҳибхонаҳо тақдим мекунанд. Дар маросими пешинаи гулгардонӣ гурӯҳе аз ҳанармандон бо созу дуҳул аз қафои онҳо ҳаракат мекарданд. Одамон дар нӯги чӯбҳои дасташон сари ҳайвоноти гуногунро гузошта, аз паси онҳо мерафтанд, ки ин рамзи фатҳу зафарро дошт.Наврӯз инъикосгари рамзи некӣ
Дар айёми Наврӯз мардум таронаҳои баҳорӣ мехонданд. Маросимҳои вижаи наврӯзӣ-оинадорон, идӣ додан, табрик гуфтан, гулоб додан, ба аёдати беморон рафтан, ниҳол шинондан ва ғайра ҷараён мегирифт.
Агар ин навиштаҳоро пайгирӣ намоем, дар ин маросимҳо кӯтоҳтарин мазмунеро бар хилофи ҳидоятҳои исломӣ намебинем, балки оинҳои наврӯзӣ инъикосгари некӣ ҳастанд ва моро ҷониби хубӣ, шодию хурсандӣ раҳнамоӣ мекунанд.
Рамзҳои дастархони «ҳафт шин»: шарбат, шир, шароб, шакар, шамъ, шамшод, шоя (ҳафтмева) низ ифодагари мазмунҳои баланди зиндагианд ва дар онҳо ҳолату рӯзгори хуби инсонӣ таҷассум ёфтааст. Агар рамзҳои «ҳафт шин»-ро ба навбат ташреҳ диҳем, ба монанди: шаҳд (асал) – рамзи ҳаёти ширин, шир - покизагӣ, шароб – табъи хуши болида, шакар - шараф ва сарбаландӣ, шамъ – равшанӣ ва гармии хонадон, шоя – ҳафтмева – рамзи фаровонӣ аст.
Баъди истилои араб дар номгӯи анвои хӯрдании наврӯзӣ «ҳафт син» илова гардид ва мардум дар дастархони наврӯзӣ ҳар ду рамзҳоро истифода мебаранд.
Ҳама расму русум ва оинҳои наврӯзӣ ифодагари орзуву омол ва зиндагиномаи инсонианд ва дар онҳо заррае бар хилофи дини мубини ислом ихтилофоте дида намешавад. Маҳз аз ҳамин рӯ, ҷашни Наврӯз имрӯз дар байни мардуми мусулмонтабор чунон реша давондааст, ки онро наметавонад ҳеч қуввае аз ислом ҷудо намояд. Ин ҷашнвора на танҳо дар байни мардумони эронинажод маъмул аст, балки халқҳои туркнажод низ онро ҳамчун иди миллии худ бо шукуҳу шаҳомати махсус пешвоз мегиранд.
Дар хулоса мехоҳем андешаҳоямонро бо дубайтие, ки дар васфи Наврӯз эҷод шудааст хотима бахшем:

Наврӯз дар ин ҷост, ки ёрон ҳама ҷамъанд.
Гулҳо ҳама ҷамъанду ҳазорон ҳама ҷамъанд.
Наврӯз дар ин ҷост, ки аз кина асар нест,
Мардум ҳама сархони фаровон ҳама ҷамъанд.


Тағоймуроди Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (7)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: