Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Рафту ёдаш бо мост

Рафту ёдаш бо мост

12-03-2020, 09:42
Хабарро хонданд: 375 нафар
Назарҳо: 0
Рафту ёдаш бо мост
Мо бо Валӣ нахуст дар долонҳои бинои факултети адабиёти тоҷик гоҳ-гоҳ рӯ ба рӯ мезадем. Барои он баъзан менависам, ки соли 1979 замоне ӯ ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд, мо аллакай хатмкунанда будему бештари вақтамон сарфи таҷрибаомӯзӣ дар идораи нашрияҳо ва дар Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ барои тайёр кардани кори дипломӣ мегузашт.
Аз рӯи мушоҳидаҳоям медонам, донишҷӯёни соли охири донишгоҳҳо кам иттифоқе меафтад, ки бо бачаҳои нав дохилшуда шиносоии нағз дошта бошанд. Вале, баръакс, бачаҳои курси якум, аксар, қариб ҳамаи хатмкунандагони факултете, ки дохил шудаанд, дар ёд доранд.
Аммо шиносоии воқеии мо бо Валӣ Сайёрабеков ба солҳои кораш дар маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» ва баъдан, дар давраи ҳамкорӣ дар идораи барномаҳои сиёсӣ ва байналхалқии Радиои Тоҷикистон рост омад.
Охири соли 1992 вақте ман аллакай чанд муддат ҳамчун муҳаррири ин идора кор мекардам, рӯзе Амонқул Одилов сармуҳаррири идора ин ҷавонишиносро ба ҳуҷраи кори мо дароварда, «Ана ин ҷавони хушқаду қомат, ҳамкори нави мо, бо шумо мешинад», - гӯён шинос кард.
Идораи мо дар ошёнаи 6-уми бинои Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон буду мо дар як ҳуҷраи кунҷӣ бо Далер Абдухолиқзода-саррежиссёри бахши мусиқӣ, муҳаррирон Бобо Бекмурод ва бонуе бо номи Садбарг (афсус, насабаш аз ёдам рафтааст), ки гуфторҳо барои занонро таҳия мекарду баъдтар ӯро Дилхоҳ Сиярова иваз намуд, бо ҳам менишастем.
Валӣ бо мо ва мо бо ӯ хеле зуд унс пайдо кардем. Чунин як фазои гарми рафиқонаро шӯхиҳои Далер-ака фароҳам мекард. ӯ дар гузашта, як ҳунарманд ва барандаи хуби барномаи русии «На весёлой волне» буд, ки солҳои зиёд аз Радиои Тоҷикистон пахш мешуд. Аз шӯхиҳои ин ҳамкорамон ҳама азтаҳи дил механдидем ва он сахтиву мушкилиҳое, ки дар кору дар рӯзгори худ дар он давраи барои ҳамагон мушкил ба сар доштем, лаҳзае дур мешуд. Махсусан, Валӣ, ки баъдтар дарк намудам, ки дили беғаш дорад, бо маънӣ ва аз сидқ механдид. Ба назари ман чунин менамуд, ки ҳар боре ӯ механдид, чашмонашро абрӯвони ғафсу баландаш мепӯшонад. Ва дар ҳақиқат чунин ҳам буд.
Дар ҷараёни ҳамкорӣ донистам, ки ману ӯ дар як вақт ду солӣ дар Афғонистон хидмат кардаем, фақат ӯ дар бахши ҳарбӣ ва мо дар бахши ҷавонон онҷо иҷрои вазифа доштем.
Як муддати кӯтоҳ Устоев ном ҷавонеро дар ҳуҷраи мо ҷой доданд, ӯ чанд ҳафта хеле хоксорона ва кебида – кебида даромада, ба паси миз менишаст. Фазои озоду муносибати бародаронаи ҳамкорони синнусоли гуногунро дида, шерак шуд, рӯз ба рӯз рафтораш тағйир ёфтан гирифт. Ҳама эҳсос кардем, ки пагоҳиҳо ҳар кадоме аз мо салом дода, ба ҳуҷра медаромадем, агар ӯ он ҷо бошад, мегуфт: - Марҳамат, дароед!
Ин даъвати омиронаро аввалҳо як сухани маъмулӣ мепиндоштем, аммо рафта – рафта, ба асабамон мерасидагӣ шуд. Зеро мо аз рӯи одоб намедонистем, ки кормандонро барои ба паси мизи кораш омадану нишастан касе бояд иҷоза диҳад.
Ин рафтори нав ва суханони омиронаи ӯро Далер-ака, ки худ устоди сухани саҳнавӣ буд ва маъниии ҳар задаи калима ва лаҳнибаёнро хуб дарк мекард, низ пай бурда, лаҳзае, ки ҷавон набуд, ба мо фаҳмонд:«Шумо кордор нашавед, ман худам адабашро медиҳам. Зеро ин ҷавон ҳоло коре накарда, худро ба раисӣ тайёр карда истодааст»,- гуфт.
Вақте ҷавон омаду дарро боз карда, салом дод, Далер-ака бо лаҳни ҷиддӣ ва хоси як роҳбар гуфт: - Устоев! Марҳамат, дароед,ба ҷоятон гузашта шинед!
Мо ҳама он лаҳза ба ваҷоҳати он ҷавони навкор нигариста дидем, кидар як дам чӣ гуна тағйир карду он ғурури беҷоеро, ки дошт, гум карда, ба ҳамон ҷавони бечораҳол табдил ёфт.
Ҷавон пас аз он одаташро партофт ва гӯё ҳеҷ гоҳ чунин гаперо намегуфт.
Аммо Далер-ака ҳар замон агар касеро, ки аздигарон дертар меомад,бо ҳамон лаҳн амр мекард: «Марҳамат ба ҷоятон гузашта шинед»!
Валӣ ҳам гоҳе ба Далер-ака, ки дӯстиву рафоқат пайдо карда буданд, чунин муроҷиат мекард: - Далер-ака, марҳамат ба ҷоятон гузаред!
Далер-ака, ки аз мо калонсолтар буд, низ саҳнасозӣ карда мегуфт: - Ҳамтуя, не агар иҷозат набошад, гашта меравам.
Валӣ, аз рӯи одоб, аз ҷояш хеста бо ӯ оғӯш мекушод, ва ҳар ду якдигарро гарм ҳолпурсӣ мекарданд.
Далер-ака ҳам ба Валӣ, агар дертар меомад, чунин амр мекард: - Сайёрабеков! Марҳамат, дароед,ба ҷоятон гузашта шинед! Баъд ҳар ду якдигарро ба оғӯш мекашиданду паси мизҳои худ менишастанд.
Ҳама хушҳол мешудем. Он ҷавон зиёд дар соҳаи пурзаҳмату каммаоши журналистика кор накард ва ба тиҷорат гузашт, ки он солҳо аксар ба он рӯ оварда буданд. Аммо ин қисса дар ёди мо монд ва ҳар бор Валию Далер-ака саҳнасозӣ мекарданд, мо хушҳол мешудем.
Валӣ дар наздикиҳои бинои радио, дар ҳамсоягии бинои Вазорати корҳои дохилӣ ҳавличае дошт ва бо аҳли оилааш – ҳамсар ва ду фарзандаш онҷо мезист.
Душвории дури роҳ ва нарасидани нақлиётро надошт ва бинобар ин, ҳар коре, ки иҷрояш ба дер мекашида бошад, сармуҳаррири идора ба ӯ месупурд.
Дар навишту тайёр кардани барнома ва пайдо намудани мусоҳибон душворие намекашид. Вазифаашро бо масъулиятшиносӣ анҷом медод.
Як бор мушоҳида кардам, ки дар матни навиштаҳояш ва ҳангоми суҳбат калимаи «сараввал»- ро зиёд истифода мекунад. Ҳамчун дӯст ва ҳамкор, ки гоҳе дар мавриди истифодаи ин ё он калима ё ибора азякдигар маслиҳат мепурсидем, эрод гирифта, гуфтам, ки «сар» худ аввал аст ва чи гуна мешавад, ки «аввали аввал» мегӯем? Беҳтар нест, ки аввал (ан) ё ҷои дигар «дар оғоз»гӯему нависем? Валӣ инро қабул карда, минбаъд, бо эҳтиёт ин калимаро истифода мебурд.
Замоне пасупеш азкор дар идораи радио рафтем ва якдигарро аҳён-аҳён дар ҷамъомадҳо ва гоҳе дар хиёбонҳои шаҳр вомехӯрдем.
Бо вуҷуди он ҳамон самимияте, ки дошт, дар муносибатҳои мо боқӣ монд. Бинобар одат ва одоби хоксорие, ки дошт, худро ҳеҷ гоҳ таърифу тавсиф намекард.
Масалан, дар давраи ҳамкорӣ боре ҳам аз худи ӯ нашуднидам, ки пас азду соли таҳсил дар ДДТ, соли 1981 барои идомаи омӯзишба шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) роҳхат гирифта, факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи Ждановро соли 1985 бо дипломи аъло хатм намудааст
Инро пас азшунидани хабари марги фоҷеабораш, дар паёми таслияти раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе хондам.
Марг ӯро, 5 декабри соли 2019 дар 58-солагӣ дар яке азбеморхонаҳои шаҳри Қоҳира, пойтахти кишвари Миср, ки барои табобат рафта буд, дарёфт. Валӣ Сайёрабеков то ин дам муовини аввали раиси Ҷамъияти собиқадорон ҷанг ва меҳнати Тоҷикистон буд.
Чанд моҳ пештар дар Душанбе рӯ ба рӯ задем ва вақти аҳволпурсӣ эҳсос намудам,ки ҳолаш чандон хуб нест,зеро камгап ва хаёлаш андаке парешон метофт. Пас аз чанд вақт,дар суҳбат бо яке аздӯстони муштаракамон фаҳмидам, ки ба беморие гирифтор асту овораи табобат...
Валӣ Сайёрабеов, ки дар деҳаи Ванвани болои Ванҷи ВМБК ба дунё омада аст, дар Душанбеву Ленинград таҳсил, дар Афғонистон хидмат ва бозҳам дар Душанбе кору зиндагӣ карда, -5 декабри соли 2019 дар шаҳри Қоҳира - маркази кишвари воқеан ҳам бостонии Миср аз олам гузашт ва дар ҳамон ҷо манзили охирати худро ёфт.
ӯ солҳо роҳбарии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе, вазифаи муовини аввали раиси Шӯрои собиқадорони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма дошт. Ҳамчунин, як давра вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи марказии (ҳоло н. Фирдавсӣ) шаҳри Душанбе аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд. Ордени "Ситораи сурх", медали "Барои шуҷоат" ва ифтихорномаҳои зиёди давлативу ҳизбиаш акнун ёдгоре аз ин марди шарифу заминӣ аст.
Ҷойгоҳаш дар миёни фаъолони ин ҳизб ҳамеша барҷаста буд ва бесабаб нест, ки кумитаи иҷроияи ноҳиявии он дар паёми тасаллият нисбат ба маргаш ӯро ҳамчун узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таблиғотчии масъалаҳои сиёсии кумитаи иҷроияи ҳизб, саҳмгузор дар раванди ташаккули барномаи маъракаҳои сиёсии ҳизб баҳогузорӣ карда, аз вай ҳамчун устод, мураббӣ, омӯзгори донишманди мактаби сиёсии кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия ва дар ниҳоят, як инсони хоксор, самимӣ, комил ва дардошнову дурандеш баҳогузорӣ кард. Дар ҳақиқат, номи ӯ нафақат дар ҷилди китобҳои таърихи собиқадорони рӯйдодҳои Афғонистон,мақолаҳои таҳлиливутаърихӣ оид ба раванди давлатдории навини тоҷикон, балки дар саҳифаҳои хотироти мо, шиносҳояш боқӣ мондааст.
Ҳар сол 11 март дар Рӯзи матбуоти тоҷик Валӣ аз иштирокчиёни фаъоли ҷамъомаду маҳфилҳо буд, имсол ва солҳои дигар ҷои ӯ дар паҳлӯи мо холист.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: