Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Akhbor.com дурӯғ мебофад

Akhbor.com дурӯғ мебофад

2-03-2020, 15:06
Хабарро хонданд: 281 нафар
Назарҳо: 0
Akhbor.com  дурӯғ мебофад
Шабакаи интернетии Ахбор.ком ҳанӯз натиҷаҳои расмии интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон нашуда, натиҷаҳои онро ба гуфти худи дастандаркорони шабака, ба таври сенсатсионӣ нашр кард.
Чун ҳамеша, корти ҳофиза (козырная карта)- и ин гуна шабакаҳо «Як манбаи муътамад» эълон шудааст, ки гӯё аз кадом як ниҳоди интихоботии Тоҷикистон ба ин шабакаи хабарӣ иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ин манбаи номаълуму номавҷуд, гӯё дар интихоботи якшанбеи гузашта (1 март) дар Тоҷикистон танҳо 3 ҳизб садди 5-фоизиро «убур карда», (акнун метавонанд) ба Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон роҳ ёбанд. Натиҷае, ки ба ҷуз он манбаи номаълум каси дигаре дар даст надорад ва касе ҳам ба чунин ҳарзагӯӣ бовар намекунад. Яъне ҳизбе, ки ҳатто аз нигоҳи техникӣ тавони баргузории мулоқоту суҳбатҳо бо овоздиҳандагонашро дар ихтиёр надошт ва дар маҳаллаҳо низ кам касоне номашро шунидаанд, якбора баробари аз ним бештари овозҳои ба ҲХДТ додашударо гирифтааст (ҲХДТ – 56,18%, ҲСДТ – 29,5%).
Бино ба «иттилоъ»- ҳамин «манбаъ» ҳизби аграрӣ ҳамагӣ1,22%, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 1,62%, ҳизби сотсиалистӣ 1,78% ва ҳизби демократӣ 3,09% овоз гирифтаанд, ки барои вуруди номзадҳояшон ба парлумон кофӣ нест.
Манбаи «Ахбор» дониста ва ё надониста ҳадафи ин гуна воҳима ва дурӯғбофиашро фош карда, гуфтааст: «акнун масъала ин аст, ки оё мақомот натиҷаҳои бадастомадаро эътироф хоҳанд кард ва ё ин бор низ мисли дафъаҳои гузашта боз дасткорӣ хоҳад шуд?
Ҳамзамон илова мекунад: «агар шумораи умумии иштироккардагон дар интихоботро аз 4 миллион бештар ҳам нишон бидиҳанд, ҲСДТ боз ҳам 10 фоиз овозро ба даст оварда, дастикам ду курсии вакилиро соҳиб мешавад».
Яъне «мо воҳима карда, сотсиал-демократ 29,5 % овозро гирифтааст, гуфтем, шумо агар лутф намуда бо 10 % ду ҷой дар парламент диҳед ҳам, мо розӣ ҳастем».
Пас ин гуна бо суръати интернетӣ воҳима кардану пахш кардани чунин як хабари аз воқеият дур ба ҷуз манфиати хабарсозон боз ба нафъи кӣ метавонад бошад?
С. Юсуф
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: