Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳизби масъулиятпазир ва интихоби масъулона

Ҳизби масъулиятпазир ва интихоби масъулона

26-02-2020, 14:52
Хабарро хонданд: 581 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизби масъулиятпазир ва интихоби масъулона
Бо наздик шудани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи навбатии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 1 марти соли 2020 доир мегардад, таваҷҷуҳи доираҳои илмӣ ва сиёсӣ ба барномаи ҳизбҳои сиёсии кишвар афзоиш меёбад. Зеро ҳар ҳизб дар барномаи интихоботии худ на танҳо ҳадафу дурнамои фаъолият, балки зарфияту имкониятҳои зеҳниву тахассуси худро низ ба арзёбии умум гузоштааст. Ин аст, ки барномаи интихоботии ҳар ҳизб дар воқеъ, оинаи тамомнамои ҳастӣ ва симои он ҳизб ба шумор меравад.
Чун дар интихобот ҷомеа бояд аз байни ҳизбҳои сиёсии довталаб, яке аз онҳоро интихоб намояд, барои шаҳрвандон таваҷҷуҳ ба моҳият ва хусусиятҳои барномаи ҳар як ҳизб хеле муҳим аст. Интихоби дуруст фақат замоне имконпазир аст, ки шаҳрванд маҳз дар асоси огоҳӣ аз ҳадафу барномаи ҳизб ё номзад ба тарафдорӣ ё муқобили он овоз бидиҳад.
Агар аз ин назар ва бо ҳамин мақсад барномаи интихоботии ҲХДТ-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳем, метавон дид, ки он ба чанд хусусияти бунёдии худ фарқ мекунад. Хусусият ва фарқиятҳое, ки дар назар доштани он барои интихобкунандаи огоҳ хеле муҳим мебошад.
1.Барномаи ҳизб – рисолати ҳизб
Аввалин нуктае, ки аз таҳлили Барномаи интихоботии ҲХДТ ба назар мерасад, ин аст, ки ҳизб марҳилаҳои ибтидоии ташаккулро пушти сар гузошта, ба ҳизби сиёсии фарогир, масъулиятпазир ва дорои барномаи ҷомеъ ва амалгароёна табдил ёфтааст. Зеро ҲХДТ дар барномаи интихоботии худ бо ҷасорату масъулият рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, яъне дар маҷмӯъ, масъулияти рушди худи кишварро ба дӯш гирифта, бо чунин паём ва рисолати азим вориди интихобот гаштааст. Бинобар ин, ҲХДТ бо масъулияти ҷиддӣ барномаи худро «Самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020-2025» унвон кардааст. Ин мазмун дар оѓози барномаи ҳизб чунин ифода ёфтааст: «Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ - рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад». Чунин рӯҳияи масъулиятпазир тамоми барномаи ин ҳизбро фаро гирифта, дар интихоботи навбатӣ яке аз муҳимтарин вижагиҳои онро ташкил медиҳад. Пешниҳоди чунин барномаи фарогир ва пазируфтани чунин рисолати сангинро метавон ҳамчун нишонгари боварии ин ҳизб ба ҳадафу арзишҳо ва эътимоди он ба зарфияту тавоноии худ донист.
2.Барномаи давлатмеҳвар ва ваҳдатофар
Хусусияти дигари барномаи интихоботии ҲХДТ дар он аст, ки аслҳои бунёдие чун давлатмеҳварӣ, ваҳдатсозӣ, мардумсолорӣ ва амниятофарӣ дар меҳвари он қарор гирифтаанд. Бахши якуми барнома - «Таҳким бахшидани истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ», маҳз ба ҳамин масъалаҳои усулӣ бахшида шуда, ҲХДТ дидгоҳу нақшаҳои мушаххаси худро дар самти таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, таҳкими ваҳдат ва ягонагии кишвар ва татбиқи арзишҳои олии инсонӣ пешниҳод мекунад. Чун баррасии ин бахш ба фурсати фарох ниёз дорад, дар як ҷумла бояд гуфт, ки дар шароити ҷории таърихӣ маҳз ҳамин нигоҳи давлатмеҳвар, ваҳдатсоз ва амниятофар зарурати ҳаётии ҷомеаи мо мебошад. То ҷое, ки на танҳо тамоми дастоварду барномаву дурнамои рушди мо, балки наҷоти миллию бақои давлатии мо маҳз ба боло гирифтани ҳамин навъи тафаккур дар тамоми неруҳои сиёсӣ вобаста хоҳад буд. Фаротар аз мавзӯи «обу дона» андешидан ва мавқеи давлатмеҳвар ва ваҳдатсоз гирифтани неруи сиёсӣ худ нишонгари булуѓи сиёсии он аст.
3.Барномае дар партави сиёсатҳои Пешвои миллат
Яке аз омилҳое, ки ба барномаи интихоботии ҲХДТ ҷиддияти хоса мебахшад, дар партави сиёсатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфтани он ва низ, маҳз зери роҳбарии ин шахсияти милливу таърихӣ, ҳамчун Раиси ҲХДТ амалӣ гаштани ин барнома мебошад. Чуноне ки дар пешгуфтори барномаи интихоботӣ омадааст, ҳадафҳои стратегии ҳизб маҳз аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бармеоянд. Дар ин бахш бояд гуфт, ки гарчӣ ҲХДТ ҳамчун сохтор ба сатҳи ташкилоти комили сиёсӣ расида, барномаи фарогири худро таҳия ва пешниҳод намудааст, аммо бешубҳа, ҷойгоҳи баланд ва шахсияти умумимиллии Раиси ин ҳизб дар ташаккули муносибати мардум ба ин созмон таъсири махсуси худро дорад. Зеро дар ин марҳилаи таърихӣ шахсият, фаъолият, хидматҳо ва ҷойгоҳи Пешвои муаззами миллат барои мардуми кишвар комилан рӯшан буда, он эътимоди бузурге, ки ҷомеа ба шахсияти Пешвои миллат дорад, эътимоди мардумро ба барномаи ҲХДТ низ тақвият мебахшад. Дар ин ҳолат, шахсияти озмудаву босалоҳияти роҳбари ҳизб аз сӯи интихобкунанда ҳамчун кафили боэътимоди татбиқи барномаи интихоботии ҳизб пазируфта мешавад. Дар айни замон, доштани унвони ҳизбе зери роҳбарии Пешвои миллат барои ҲХДТ на танҳо нуктаи қувват, балки масъулияти бузурге дар баробари ҷомеа ва дар татбиқи барномаҳои ҳизб мебошад. Ҳизби масъулиятпазир ва интихоби масъулона

4.Пайванди барнома бо воқеият ва таҷриба
Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои Барномаи интихоботии ҲХДТ моҳияти амалӣ ва озмудашуда доштани он аст. Яъне, ин барнома на дар асоси мутолиаи китобу сомонаҳо ва на бар пояи тасаввуру тахайюл, балки дар асоси таҷрибаи зинда ва амалии давлатдорӣ таҳия шудааст. Таъкид ба ин нукта аз ин назар муҳим аст, ки ҳангоми арзёбии коршиносии барномаҳои интихоботии ҳизбу номзадҳо, пеш аз ҳама, асоси воқеӣ ва кафолати табиқ доштани он ба назар гирифта мешавад. Яъне, пурсида мешавад, ки оё муаллифони барнома худ тасаввур ва таҷрибае дар боби давлатдорӣ ва идоракунии давлатӣ доранд? Зеро агар барномае огоҳона интихоб шавад, бешубҳа бояд оне интихоб гардад, ки асоси воқеӣ дошта бошад. Агар ҳамин саволро дар нисбати барномаи интихоботии ҲХДТ гузорем, метавон гуфт, ки ин барнома дар асоси ҷамъбасти таҷрибаи қариб се даҳсолаи давлатдорӣ ва бо иштироки мудирони собиқадори коргузориву идоракунӣ таҳия шудааст. Ин хусусият низ ба барномаи интихоботии ҲХДТ ҷойгоҳ ва ҷиддияти махсус мебахшад.
5.Барномаи ҲХДТ - барномаи фарогир
Хусусияти дигари Барномаи интихоботии ҲХДТ моҳияти ҷомеъ ва фарогир доштани он аст. Албатта, дар интихоботи имсол ҳизбҳои сиёсии дигар низ барномаҳои худро пешниҳод намудаанд ва дар онҳо низ нуктаю андешаҳои қобили таваҷҷуҳ кам нестанд. Дар айни замон, бештари ҳизбҳои сиёсии кишвар дар барномаҳои худ пешбурди як хатти муайяни арзишию идеологӣ ва ё пешрафти як соҳаи муайяни ҳаёти ҷомеаро меҳвар қарор додаанд. Аммо, баррасии Барномаи интихоботии ҲХДТ барои интихоботи парламентии соли 2020 нишон медиҳад, ки он бо иштироки мутахассисони сатҳи олии ҳамаи соҳаҳо таҳия шуда, ҳамзамон, рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро дар бар мегирад. Яъне, Барномаи ҲДХТ як барномаи идеологӣ ё як нақшаи соҳавӣ набуда, рушди ояндаи кишварро ба ҳалли як масъала ё рушди як соҳа вобаста намекунад, балки, тавре гуфта шуд, он барномаи фарогири рушди тамоми соҳаҳои кишвар аст. Чунин ҳолат ба интихобкунандаи огоҳ имкон медиҳад, ки ҳангоми интихоби мавқеъ, дар бораи дурнамои рушди кишвар дар ҳамаи самтҳо тасаввури равшан дошта бошад.
6.Рушди иқтисодию иҷтимоӣ ҳамчун кафили таъмини зиндагии шоиста
Дар арзёбии барномаи интихоботии ҲХДТ таваҷҷуҳи асосии ҳизб ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар қобили зикри махсус аст. Зеро, ҲХДТ «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум»-ро шиори интихоботии худ қарор додааст ва табиист, ки бе таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар таъмини зиндагии шоистаи мардум муяссар намегардад. Дар ин самт, фақат ба баъзе нуктаҳои хоссаи ин барнома ишорат мешавад:
Бахши иқтисодии Барномаи интихоботии ҲХДТ, ки боби дуюми онро фаро мегирад, моҳиятан бо «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамоҳанг мебошад. Он, аз ҷумла расидан ба ҳадафҳои стратегии чоргонаи кишвар ва табдили модели иқтисодии мамлакатро аз кишвари агросаноатӣ ба кишвари саноатӣ- аграрӣ пешбинӣ мекунад. Ба таври мухтасар метавон гуфт, ки расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, яъне таъмини амнияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти иртиботӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини саноатикунонии босуръати кишвар аҳаммияти ҳаётӣ дошта, рушди минбаъдаи мамлакат ва сатҳи зиндагии мардум ба онҳо мустақиман вобаста мебошанд. Илова бар ин, ин ҳадафҳо моҳияти сирф иқтисодӣ надошта, расидан ба онҳо маънои устувор ва пойдор шудани истиқлолияти сиёсӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад.
7.Рушди илму маориф – меҳвари рӯшани барномаи ҳизб
Дар партави сиёсати илммеҳвар ва маорифпарвари Раиси ҲХДТ, дар барномаи ҳизб низ масъалаи рушди илму маориф мақоми меҳварӣ дошта, бахши 4-уми он пурра ба ин мавзӯъ бахшида шудааст. Дар ин самт, пеш аз ҳама, тавозуни дидгоҳи ҳувиятӣ ва нигоҳи инноватсионии барнома ба мавзуи илму маориф қобили таваҷҷуҳ аст. Моҳияти чунин мавқеъ аз он иборат аст, ки низоми илму маорифи кишвар бояд аз ҳувият, арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ ҷудо нашуда, дар айни замон бо гузаштани ислоҳоти амиқ ҳампойи замон ва ҳамсатҳи ҷаҳон гардад. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф, дар барнома як силсила иқдомоти мушаххас пешбинӣ шудаанд, ки татбиқи амалии онҳо низоми илму маорифи кишварро ба зинаи нави рушди сифатӣ мебарорад.
8.Барномаи амалгаро бо кафолати амалишавӣ
Дар ниҳоят, нуктаи муҳимме, ки зикри он дар арзёбии Барномаи интихоботии ҲХДТ зарур аст, дар канори моҳияти амалгаро доштан, кафолати амалишавии ин барнома мебошад. Таъкид ба ин нукта аз он рӯ муҳим аст, ки барномаҳои интихоботӣ метавонанд зебо ва ҷолиб бошанд ва дар онҳо андешаҳои баланду ҳадафҳои олӣ гузошта шуда бошанд. Аммо яке аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои як барномаи ҷиддӣ кафолати иҷро гаштани он аст. Баррасии мазмуни барнома ва имкониятҳои ин ҳизб нишон медиҳад, ки ҲХДТ барои иҷрои барномаи худ, пеш аз ҳама, се тавоноӣ ва имконияти ҷиддӣ дорад:
1) таҷрибаи кофии сиёсӣ;
2) таҷрибаи амалии идорӣ;
3) зарфияти ҷиддии кадрӣ.
Ин тавоноӣ ба ҲХДТ имконият медиҳад, ки амалӣ шудани барномаи худро барои ҷомеа кафолат диҳад. Ҳангоми муайян намудани муносибат бо як барномаи интихоботӣ ин нишондиҳанда низ барои ҳар шаҳрванди огоҳ хеле муҳим аст.
***
Ҳамин тавр, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як неруи бонуфӯзи сиёсӣ ба интихоботи навбатии парламентӣ бо барномаи фарогире ворид гаштааст, ки он рушду таҳаввули тамоми самтҳо ва бахшҳои ҳаёти мамлакатро дар бар мегирад.
Абдуллоҳи РАҲНАМО,
сиёсатшинос
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: