Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ23-02-2020, 17:05
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
22.02.2020, шаҳри Душанбе Муҳтарам генералҳо, афсарон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ! Ҳозирини гиромӣ! Мардуми шарифи Тоҷикистон фардо санаи таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ таҷлил мекунанд. Имрӯз, ки мо дар арафаи ин ҷашн қарор дорем, бо камоли ифтихор ҳамаи шумо – собиқадорон ва тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми бузург доранд, самимона табрик менамоям. Мо Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бисту ҳафт сол муқаддам — дар шароити ниҳоят вазнини иқтисодӣ ва сиёсиву ҳарбии кишвар, дар вазъияте, ки ҳамаи сохтору мақомоти давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд, ба тасвиб расонидем. Дар он рӯзҳои басо ҳассосу тақдирсоз барои таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ заминаи моддиву техникӣ умуман вуҷуд надошт. Зеро кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ, буҳрони шадиди иқтисодӣ, вазъи ноороми сиёсӣ фаро гирифта, набудани одитарин техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва кадрҳои соҳибихтисос сари ҳар қадам эҳсос мешуд. Дар ҳамин вазъияти бисёр душвор мо бо такя ба азму талоши мардуми соҳибфарҳангу сулҳҷӯямон ба бунёди Артиши миллии давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон оғоз кардем. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд ва имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ, Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда ва таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизот шурӯъ намуд. Дар чунин шароити пур аз мушкилоту норасоӣ 23-юми феврали соли 1993 аввалин Паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд ва афсарону сарбозони содиқи Ватан бо ифтихору эҳсоси баланди ватандӯстӣ аз он ботантана гузаштанд. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо аришманд гузоштанд. Мехоҳам бо ифтихор иброз намоям, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи мусоиди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт гузошта шуд. Афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар он солҳои фоҷиабори таърихи кишварамон ба муқовимати шадиди нерӯҳои дар хориҷи кишвар таълимдидаи хоинону душманони миллати тоҷик ва дигар амалиёту муборизаҳои махсус қаҳрамониву фидокорӣ нишон дода, дар ин роҳ ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд. Мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем. Ҳозирини гиромӣ! Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар назди Қувваҳои Мусаллаҳ вобаста ба ҳимояи соҳибихтиёрӣ, ҳифзи сулҳу субот, манфиатҳои давлат ва амнияти шаҳрвандон вазифаҳои бисёр пурмасъулият, вале пуршараф гузошта шудаанд. Имрӯз ман бо қаноатмандӣ ва ифтихор изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштанд ва рисолати касбиву ҳифзи шаҳрвандии худро бошарафона адо намуданд. Яъне артиши 27 сол қабл амалан дар ҷойи холӣ таъсисдодаи мо имрӯз ба як сохтори муқтадир, муназзам ва боэътимод табдил ёфтааст. Дар чунин муддати кӯтоҳ ноил шудан ба чунин дастовардҳои назаррас, албатта, натиҷаи заҳмати содиқонаи ҳайати афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ, дастгирии мардуми тоҷик ва кумаку таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат мебошад. Зеро мо хуб дарк мекунем, ки дар ҷузъу томҳои низомӣ фарзандони мову шумо, яъне насли замони истиқлол хизмат мекунанд. Маҳз бо дарназардошти ҳамин андеша дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ хотирнишон сохтам, ки «саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд». Имрӯз ба инсоният хатари рӯзафзуни халалдор гардидани низоми байналмилалӣ ва дар сурати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ наандешидани чораҳои заруриву саривақтӣ ҳатто комилан аз ҳам фурӯ рехтани он таҳдид менамояд. Ҳамаи ин зуҳуроти номатлуби асри мо боиси торафт коҳиш ёфтани эътимоди байни кишварҳо гардида, метавонад амнияти байналмилалиро ба хатару таҳдидҳои бештари миқёси ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ созад. Бар асари хатару таҳдидҳои замони муосир ва афзоиши омилҳои зиёди ноустуворӣ суботу низоми сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар бисёр минтақаҳои олам халалдор гардида истодааст. Мутаассифона, имрӯз ҷаҳони моро мавҷи бесобиқаи терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ, сиёсисозии дин аз ҷониби доираҳои манфиатҷӯ, низоъҳои қавмиву мазҳабӣ ва ҳолатҳои ҳамчун василаи сиёсӣ истифода гардидани нерӯи низомӣ фаро гирифтааст. Омилҳои мазкур суботу амнияти минтақаҳои гуногуни оламро ҷиддан ноустувор гардонида, оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор меоранд. Чунин таҳаввулоту ҳодисаҳои харобиовари солҳои охири сайёра, аз ҷумла вусъатёбии таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон моро водор месозанд, ки ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ минбаъд низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, иқтидори мудофиавии мамлакатро бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо пайгирона тақвият бахшем. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, бо дарназардошти вазъи бисёр ноороми ҷаҳон бояд маҳорату малакаи касбӣ ва ҷангии худро пайваста такмил диҳанд. Дар байни хизматчиёни ҳарбӣ ва донишомӯзони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии кишвар бо мақсади таҳкими интизоми ҳарбӣ, ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва пешгирӣ аз таъсири ақидаҳои террористиву экстремистӣ ба мафкураи онҳо бояд мунтазам чорабиниҳои сиёсиву тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шаванд. Инчунин, зарур аст, ки дар байни ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар машғулиятҳои алоҳида вобаста ба омӯзиши таърих, адабиёт, фарҳанг ва расму ойинҳои миллӣ роҳандозӣ гарданд. Шумо, афсарону сарбозони муҳтарам, бояд доимо зираку ҳушёр бошед, то фазои орому осудаи имрӯзаи кишварро, ки ба ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст, ҳамчун гавҳари чашм ҳифз намоед. Ҳукумати мамлакат вобаста ба рушди иқтисодиёт дар самти мустаҳкам гардонидани иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ мунтазам чораҷӯӣ менамояд. Мо дар раванди татбиқи барномаҳои ислоҳоти сохторӣ ба масъалаи тақвияти иқтидори ҷангии Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ба бунёди иншооту биноҳои зарурии замонавӣ ва бо техникаву лавозимоти ҷангии муосир таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат эътибори аввалиндараҷа медиҳем. Танҳо дар се соли охир бо мақсади беҳтар гардонидани шароити хизмат ва фароғати хизматчиёни ҳарбӣ 300 иншооти гуногун бунёд гардидаанд. Қобили зикр аст, ки аз ҷониби ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар баробари тамоми сокинони бонангу номуси мамлакат вобаста ба истиқболи сазовори 30-солагии истиқлоли давлатӣ сохтмону азнавсозии зиёда аз 300 иншооту биноҳои таъиноти хизматӣ, таълимӣ ва иҷтимоиву хизматрасонӣ дар қисму воҳидҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ ба нақша гирифта, дар зарфи ду соли охир қариб 150 иншоот ба истифода дода шудааст. Дар баробари ин, бо маблағгузории Ҳукумати кишвар ва дар доираи ҳамкориҳои ҳарбиву техникӣ муҷаҳҳазгардонии қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳо бо силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбии замонавӣ марҳала ба марҳала амалӣ шуда истодааст. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъминоти ақибгоҳии ҷузъу томҳои ҳарбӣ низ ҳамеша диққати ҷиддӣ медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон дар оянда низ дастгирии молиявию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбиро густариш бахшида, барои беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ ва пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии мамлакат чораҳои зарурӣ меандешад. Тайи солҳои истиқлоли давлатӣ садҳо нафар афсару прапоршикҳо ва сарбозони сохторҳои ҳарбӣ барои шуҷоату ҷасорат, хизмати шоиста ва натиҷаҳои хуб дар фаъолияти хизматӣ бо мукофотҳои давлативу рутбаҳои олии ҳарбӣ қадрдонӣ гардидаанд. Дар таъмин намудани кафолати мудофиаи давлат ва ҳимояи он дар баробари заминаи моддиву техникӣ, нақши кадрҳои соҳибихтисосу бомаҳорати ҳарбӣ ва воқеан содиқу ватандӯст ниҳоят калон аст. Дар замони истиқлол барои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, беш аз 10 ҳазор нафар, аз ҷумла танҳо барои Вазорати мудофиа дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон зиёда аз 3100 нафар ва дар Донишкадаи ҳарбии вазорат қариб 3000 кадрҳои баландихтисоси низомӣ омода карда шудаанд ва қариб 1000 нафар академияҳои ҳарбиро хатм кардаанд. Мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки зиёда аз 90 фоизи афсароне, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, хатмкардагони донишкадаву академияҳои ҳарбӣ мебошанд. Вобаста ба ин, роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи кишвар доир ба роҳу усулҳои баъди адои хизмати ҳарбӣ ҳавасманд кардани сарбозон чораҷӯӣ намоянд. Дар иртибот ба ин, супориш дода мешавад, ки барои ин гурӯҳи шаҳрвандон имтиёзҳои муайян, дар навбати аввал, ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат, бидуни озмун шомил гардидан ба коллеҷу литсейҳо ва аз рӯи ихтисос бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо муқаррар карда шаванд. Зимни ба вазифаҳои масъули давлатӣ қабул намудани ҷавонон адои хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сифати асосӣ ва мусбати хислатномаи онҳо ба назар гирифта шавад. Инчунин, минбаъд шаҳрвандон ба кор дар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо баъд аз адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ қабул карда шаванд. Мо бояд ба он мусоидат намоем, ки ҳар як сарбоз дар давраи хизмати ҳарбӣ илова ба гузаштани курсҳои махсуси тахассусӣ, инчунин, касбу ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла ронандагиву дуредгарӣ, кафшергару сохтмончӣ, устои барқ ва таъмири автомашинаҳо ва забонҳои хориҷиро низ омӯзад, то ин ки баъди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ роҳи фардои зиндагии худро пайдо карда тавонад. Ҳамзамон бо ин, таъкид месозам, ки масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, тарбияи афсарони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбият, аз ҷумла сатҳи забондонӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, ҷасорату матонат, иродаи қавӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия намудани ҳайати шахсӣ бояд таҳти таваҷҷуҳи доимии роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дошта бошад. Дар шуури ҳайати шахсӣ парвариш кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки роҳбарони ҳамаи сатҳҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба он бояд бо масъулияти баланд муносибат намоянд. Афсарону сарбозон бояд дар чунин рӯҳияе тарбия карда шаванд, ки барояшон таърих, забону фарҳанг, расму ойинҳои миллӣ ва ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошанд ва ҳифз кардани онҳоро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург донанд. Аз ин рӯ, муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ ба масъалаи тайёр намудани афсарон оид ба корҳои тарбияи сиёсӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро тавре омода созанд, ки бо донишҳои сиёсӣ комилан мусаллаҳ бошанд, асосҳои сохти давлатдорӣ ва манфиатҳои миллиро хуб донанд, ба онҳо арҷ гузоранд ва ин муқаддасотро дар мафкураи ҳайати шахсӣ ҷой карда тавонанд. Дар робита ба ин, зарур аст, ки талабот нисбат ба афсарону сарбозон, алалхусус, дар самти кор бо наваскарон пурзӯр карда шавад. Дар хотир бояд дошт, ки сатҳи омодагиву омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ риояи талаботи ойинномаҳои умумиҳарбӣ, интизоми қатъӣ, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ, обу тоби бадан, маҳорати ҷангӣ ва ҳисси баланди миллии ҳар як хизматчии ҳарбӣ – аз сарбози қаторӣ то афсарони баландрутба вобастагии мустақим дорад. Дар ин росто, ҷой доштани камбудиҳо дар самти риояи тартибу интизом, нақшаҳои таълиму тарбия, муносибатҳои ғайриоинномавӣ миёни сарбозону афсарон, истифодаи нодурусти силоҳи оташфишон, даст задан ба амалҳои коррупсионӣ, ҳолатҳои бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ба рушду такомул ва нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ таъсири манфӣ мерасонанд. Дар ҳоле, ки вазъияти пешгӯинашавандаи ҷаҳони имрӯза аз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ омодабошии доимии ҷангӣ ва донишу малакаи баланди касбиро тақозо менамояд. Вазъияте, ки имрӯз дар минтақа, алалхусус, дар қаламрави кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон, яъне бевосита дар наздикии сарҳади давлатии мо ба вуҷуд омадааст, боиси ташвиш ва нигаронии ҷиддӣ мебошад. Вазъияти дар ин кишвар баамаломада, ки беш аз чил сол идома дорад, на танҳо натиҷаи фаъолияти созмонҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ташкилоти ба ном «давлати исломӣ», балки нишонаи возеҳи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ мебошад. Чунин вазъият, инчунин, мавқеи ниҳоят ҳассоси ҷуғрофии Тоҷикистон моро водор ва вазифадор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти давлат, сулҳу оромии ҷомеа ва суботи сиёсии кишвари худ тамоми чораҳои заруриро андешем ва ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар созем. Мо минбаъд низ барои мустаҳкам кардани пояҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳ, тақвияти иқтидори мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани қобилияти ҷангии ҷузъу томҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тамоми имкониятҳо истифода мекунем. Бо дарназардошти вазъи бисёр мураккабу пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон тарбия кардани кадрҳои баландихтисос ва ватандӯсту ватанпарвар чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар, бунёди муассисаҳои нави таҳсилоти ҳарбӣ, дар ҳайати сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис додани ҷузъу томҳои махсус вазифаи муҳимтарину аввалиндараҷаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт мебошад. Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки шумораи захираи сафарбарӣ, яъне афсарону сарбозони эҳтиётро аз 110 ҳазор ба 300 ҳазор нафар зиёд намояд. Ҳамчунин, таъкид месозам, ки ҳимояи амнияти давлат, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии ҷомеа вазифаи танҳо сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин кори ниҳоят муҳим, яъне ҳифзи давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осудаи мардум бояд ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти халқи тоҷик шарик, масъул ва саҳмгузор бошад. Ҳамчунин вазъи кунунии минтақа ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ ба хотири таъмини амнияти Ватани азизамон, ҳифзи сулҳу субот, оромии кишвар ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамеша омода бошанд. Таъкид месозам, ки ҳимояи амнияти ҷомеа ва давлат, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ имрӯз масъалаи муҳимтарини фаъолияти ҳаррӯзаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Дуруст интихобу таъин кардан ва ҷобаҷогузории кадрҳо, талабот нисбат ба фаъолияти афсаронро, махсусан, дар самти кор бо наваскарон бояд пурзӯр карда, ба ташаккули сифатҳои неки ахлоқиву равонӣ, машғулиятҳои омӯзишиву амалӣ, обутоби маънавию ҷисмонӣ, риояи қатъии интизоми ҳарбӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад. Дар ин раванд, дигар сохтору мақомоти давлатӣ, махсусан, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои телевизиону радио ва муассисаҳои илмӣ вазифадоранд, ки вобаста ба инъикоси васеи фаъолияти ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати содиқонаи афсарону сарбозон ба халқу давлати Тоҷикистон мунтазам чораҷӯӣ намуда, дар баланд бардоштани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҷаҳонбинии афсарону сарбозон саҳмгузор бошанд. Ба ҳимояи Ватан ва марзу буми он омода кардани ҷавонон, ҷалб намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии наваскарон вазифаи ҷонӣ ва масъулияти шаҳрвандии роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раисони маҳаллаҳо низ мебошад. Роҳбарони ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ – аз аъзои Ҳукумат ва вакилони парламент то раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намунаи риояи Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, инчунин, дигар қонунҳо бошанд. Фарзандони онҳо дар навбати аввал ва ҳатман барои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир бошанд. Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳамаи табақаҳои аҳолӣ вазифадоранд, ки талаботи онро риоя намоянд. Бовар дорам, ки ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, таҷрибаи истифода аз технологияҳои ҳозиразамон, рӯҳияи шикастнопазри ватандӯстона ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ — ҳимояи Ватани маҳбубамон ҳифзи зиндагии осоишта ва фазои ором барои заҳмати созандаи халқи хешро дар оянда низ сарбаландона таъмин менамоянд. Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ минбаъд низ содиқона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи давлатдории навини миллати тоҷик, яъне давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон сафарбар сохта, 30-солагии истиқлолияти давлатӣ — ҷашни бузургу муқаддаси миллиамонро бо хизмати содиқона, интизоми намунавӣ ва омодабошии баланд истиқбол мегиранд. Дар фарҷом, бори дигар тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони муҳтарами хизмати ҳарбиро ба ифтихори солгарди бисту ҳафтуми таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ, осмони соф ва дар роҳи ҳифзи Ватани азизамон – Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр ва халқи он барору муваффақият орзу менамоям. Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан! |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.