Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ЗИ МАРДОНИ ҶАҲОН МАРДӢ БИОМӮЗ

ЗИ МАРДОНИ ҶАҲОН МАРДӢ БИОМӮЗ

23-01-2020, 15:11
Хабарро хонданд: 299 нафар
Назарҳо: 0
ЗИ МАРДОНИ ҶАҲОН МАРДӢ БИОМӮЗ Борҳо шоҳид шудаем, ки як акс ва ё як навори кӯтоҳе, ки тасодуфан сабт мешавад, аз баъзе силсилафилмҳо дида, бештар диқққати инсонҳоро ба худ ҷалб мекунад ва ба онҳо таъсири мусбат мегузорад. Навори кӯтоҳи гуфтугӯи таъсирбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Биниамини 10-сола, ки дар як муддати кӯтоҳ бо суръати кайҳонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ паҳн шуд, дили ҳазорҳо нафарро тасхир намуд.
15 январи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-ро расман ифтитоҳ намуданд. Зимни боздид Сарвари давлат бо хонандагоне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷоизаҳо ба даст овардаанд, суҳбати озоду самимӣ намуданд.
Писараки 10-сола Биниамини Илҳом, ки яке аз ҷоизадорони озмуни адабии ҷумҳуриявии “Фурӯѓи субҳи доноӣ...” мебошад, дар ҳузури Пешвои миллат достони “Қишлоқи тиллоӣ”-и Мирсаид Миршакарро қироат кард.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки озмуни адабии ҷумҳуриявии “Фурӯѓи субҳи доноӣ...” ҳамасола баргузор мегардад ва аз хонандагон даъват ба амал овард, ки дар ин озмун фаъолона ширкат варзанд.
Сипас, Роҳбари давлат бо Биниамин суҳбатро оѓоз намуда, аз ӯ пурсиданд: -Чандсола ҳастед?
Биниамин гуфт, ки даҳсола аст.
Сарвари давлат пурсиданд: -Падару модарат чӣ кор мекунанд?
Биниамин посух дод, ки модараш хонашин асту падараш сарҳадбон.
Суоли дигари Сарвари давлат чунин буд: -Оянда кӣ шудан мехоҳӣ?
Писарак дар ҷавоб гуфт: “духтур” ва ногаҳон гирён шуд.
Пешвои миллат ӯро тасалло дода, гуфтанд: “Гиря накун, гап зан, чаро гиря мекунӣ, дар оилаатон кӣ бемор аст?” Биниамин ҷавоб дод, ки худаш бемор аст ва духтурон гуфтаанд, ки муолиҷаи бемориаш дар хориҷи кишвар имкон дорад.
Пас аз посухи ӯ Сарвари давлат ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки табобати Биниаминро таҳти назорат гирифта, ӯро ба таври ройгон муолиҷа намоянд.
Биниамини Илҳом зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад. Вай дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ноҳияи Синои пойтахт таҳсил мекунад. Биниамин дар озмуни “Фуруѓи субҳи доноӣ....” ширкат варзида, ба даври шаҳриву ҷумҳуриявии он роҳ ёфтааст ва дар даври чоруми озмун аз рӯи номинатсияи сеюм: “Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик” сазовори ҷойи сеюм, барандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруѓи субҳи доноӣ...” ва соҳиби диплом гардидааст.
Навори суҳбати таъсирбахши Пешвои миллат бо Биниаминро дар як рӯз ҳазорҳо нафар тамошо карданд ва садҳо нафар онро дар саҳифаҳои интернетӣ паҳн намуданд. Давоми як шабонарӯз, танҳо дар шабакаи “YouTube” онро 128 353 нафар дидааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ дар пайнавиштҳои ин навор бештар аз лутфу меҳрубонӣ, раҳмдиливу ѓамхорӣ ва аз сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат сухан гуфтаанд. Аксар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баён наудаанд, ки бо дидани ин навор онҳо низ ашк рехтаанд. Бисёриҳо зиракиву суханварии Биниаминро низ васф кардаанд. Ҳамагон ба ин писараки боҳушу дӯстрӯяк шифои комил хоста, ба ӯву Сарвари давлатамон умри дарозу босаодат таманно намудаанд. Инчунин, онҳое, ки бо шеъру шоирӣ сару кор доранд, аз суҳбати таъсирбахши Пешвои миллат бо Биниамин илҳом гирифта, муҳтавои суҳбати эшонро ба риштаи назм кашиданд.
Пас аз машварати табибону мутахассисони варзидаи соҳаи тиб Биниамини Илҳом баъди ташхис дар шуъбаи гастроэнтерологияи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бистарӣ гардид.
Зокирҷон Шарипов, мудири шуъбаи гастроэнтрологияи Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” зимни суҳбат бо мо изҳор дошт, ки бо супориши бевоситаи Пешвои миллат муолиҷаи Биниамини Илҳом таҳти назорати Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. “Мо, табибон, кӯшиш карда истодаем ва умед дорем, ки Биниамин дар ҳамин ҷо шифо меёбад, зеро ба табобати вай мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ ҷалб гардида, тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Айни ҳол, нишонаҳои азиятдиҳандаи бемориаш коҳиш ёфта, рӯ ба беҳбудӣ аст ва муҳимтар аз ҳама, табъаш болида буда, худро рӯҳану ҷисман хуб эҳсос мекунад”,-афзуд З. Шарипов.
Номбурда оид ба навъи бемории Биниамин гуфт: “Бемории ӯ ба он гурӯҳи бемориҳои системаи ҳозима тааллуқ дорад, ки дар он халалдоршавии микрофлораҳо, ҳаракат (перестастина), ҳассосият ва ҷаббиш ҷой дорад. Бинобар ин, пеш аз ҳама, ӯро зарур аст, ки як муддати муайян хӯрокҳои махсус омодашудаи парҳезӣ истеъмол намояд. Аз ин лиҳоз, тамоми таомҳои парҳезие, ки Биниамин вобаста ба беморияш бояд истеъмол намояд, бо фармоиши табибон аз ҷониби мутахассисони ошхонаи парҳезии беморхона омода карда мешавад”.
ЗИ МАРДОНИ ҶАҲОН МАРДӢ БИОМӮЗАз суҳбати кӯтоҳе, ки бо Биниамину волидонаш доштам, маълум буд, ки онҳо аз хизматрасонии табибон қаноатманд буда, аз таваҷҷуҳу ѓамхории Сарвари давлат шоду хурсанд ҳастанд.
Биниамини дӯстрӯяк мегӯяд, оид ба бемориаш чизе гуфтан намехост, вале дар рафти гуфтугӯяш бо Пешвои миллат гиря гулӯгираш карду худро дошта натавонист. ӯ чунин қисса кард: “Ман орзу дорам, ки дар оянда духтур шаваму беморонро табобат кунам. Дар посух ба саволи Сарвари давлат ҳам чунин гуфтан мехостам, аммо дигар гап зада натавонистам. Вақте Пешвои миллат пурсиданд, ки “Дар оилаатон кӣ бемор аст?”, дигар мақсадамро баён карда натавонистаму танҳо ҳамин қадар гуфтам, ки худам бемор ҳастам ва Президенти маҳбубамон супориш доданд, ки маро ройгон табобат кунанд. Ман хеле хурсанд ҳастам, ки Пешвои миллат бо ман суҳбат карданд ва нисбати ман зиёд дилсӯзӣ намуданд. Пеш аз ҳама, ба Сардори давлат миннатдории бепоёни худро баён намуда, инчунин, аз ҳамаи онҳое, ки дар ин беморхона маро нигоҳубин ва табобат мекунанд, миннатдорам”.
Воқеан ҳам, ҳисси баланди инсондӯстии Пешвои миллат, ѓамхориву меҳрубониҳои ҳамешагиашон нисбат ба беморон, ятимону бепарасторон ва шахсони дорои маъюбият борҳо собит намудааст, ки Сарвари давлатамон бо хиради волои инсонпарваронаи худ, сиёсати ватандӯстиву инсондӯстиро пеш гирифтаанд. Бинобар ин, месазад, ки амалҳои неки Пешвои муаззами миллатамон барои ҳар яки мо мактаби бузурги ватандӯстиву инсондӯстӣ бошад. Бахусус, мансабдорону сарватмандонро лозим аст, ки аз ин мактаби бузурги одаму одамгарӣ сабақ гиранд ва ба дармондагону мӯҳтоҷон лутфу эҳсон кунанд.
Чуноне, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:

Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биомӯз,
Зи мардони ҷаҳон мардӣбиомӯз.

Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: