Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ГРАН ПРИИ ТЕЛ АВИВ ШИРКАТ МЕКУНАНД

ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ГРАН ПРИИ ТЕЛ АВИВ ШИРКАТ МЕКУНАНД

23-01-2020, 10:00
Хабарро хонданд: 367 нафар
Назарҳо: 0
ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ГРАН ПРИИ ТЕЛ АВИВ ШИРКАТ МЕКУНАНД
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдои (Tel Aviv Grand Prix 2020), ки аз 23 то 25 январ дар пойтахти Исроил - шаҳри Тел-Авив баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқа, ки аз рӯи 14 категорияи вазнӣ (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, 548 варзишгар (315 мард, 233 зан) аз 83 давлат иштирок менамоянд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 8 варзишгар–Давлаталӣ Назаралиев (-60кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Саидҷалол Саидов (-100кг), Темур Раҳимов (+100кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ қувваозмоиҳо чун анъана се рӯз идома меёбад. 23 январ варзишгарони вазнашон -60кг, -66кг (мардон) ва -48, -52кг, -57кг (бонувон) рӯи татамӣ мебароянд. Аз миёни варзишгарони мо танҳо Давлаталӣ гуштин мегирад. Ӯ дар даври аввал озод аст. Ҳарифаш дар даври дуюм Гусман Қирғизбоев аз Қазоқистон мебошад.
Дар рӯзи дуюм қувваозмоиҳои вазнҳои -73кг, -81кг (мардон), -63кг, -70кг (бонувон) доир мегардад, ки се варзишгари мо – Беҳрӯз, Сомон ва Акмал барои ба даст овардани ҷоизаҳо талош мекунанд. Беҳрӯзу Сомон дар даври аввал озоданд, Акмал бо Кристиан Тонисте аз Эстония рақобатро шурӯъ мекунад.
Дар рӯзи ниҳоӣ сангинвазнҳо - -90кг, -100кг, +100кг (мардон), -78кг, +78кг (бонувон) рӯи татамӣ мебароянд. Дар рӯзи сеюм мо шоҳиди ҳунарнамоии 4 паҳлавонамон мегардем. Комроншоҳ ва Темур дар даври аввал озоданд. Ҳарифи Саидҷалол дар даври аввал Левис Медина аз Доминикан ва ҳарифи Шакармамад Бегболот Токтогонови қирғизистонӣ мебошанд.
Чун анъана, ғолибони ҷоизадорон ба ғайр аз медал ҷоизапулӣ мегиранд – барои ҷои якум 3000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 2000 ва барои ду ҷои сеюм 1000-долларӣ. Ҳамчунин, варзишгарон соҳиби хол гардида мавқеашонро дар радабандии ҷаҳон ва олимпӣ беҳтар мекунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: