Андешаи номварон20-08-2017, 12:00
Хабарро хонданд: 833 нафар
Назарҳо: 0
Нафаре, ки ба куҷо рафтанашро медонад, ҳатто дунё барои роҳ додан, як тараф меистад.
Девид Ҷордан *** Агар сухан бигӯям, пас маро танҳо донандагони забони англисӣ мефаҳманд, аммо филми бесадоро ҳама мефаҳманд ва дунё ҳам аз Амрико иборат нест. Чарли Чаплин *** Вақти машқ кардан аз ҳар лаҳзааш нафрат мекардам. Аммо худ ба худ мегӯфтам, «Таслим машав! Ҳозир азоб бикаш ва умри боқимондаатро чун қаҳрамоне гузарон». Муҳаммад Алӣ *** Барои шурӯъ кардан олиҷаноб будан шарт нест, аммо барои олиҷаноб шудан, шурӯъ бояд кард. Зиг Зиглар *** Имон хазина асту Иблис дузд. Ақл бошад, хазинадор аст. Агар хазинадор биравад, дузд хазинаро медуздад. Ҳоҷӣ Бекташи Валӣ *** Бадбахтӣ метавонад ба мо биёмӯзад, ки хушбахт бошем. *** Роҳи рост ва дуруст ҳамон аст, ки бар таҷруба ва илми худ биафзоем ва онҳоро барои расидан ба орзуҳо ва хостаҳои писандидаи худ ба кор барем. *** Ончиро мешунавам фаромуш мекунам, ончиро мебинам ба хотир мегузорам ва ончиро анчом медиҳам дарк мекунам. *** Ба андешаҳоят таваҷҷуҳ кун, пеш аз он ки ба тамаркуз табдил шаванд, ба тамаркузи андешаҳоят таваҷҷуҳ кун, пеш аз он ки ба эҳсосот таҳвил гарданд, ба эҳсосотат таваҷҷуҳ кун, пеш аз он ки ба рафтор табдил ёбанд, ба рафторат таваҷҷуҳ кун, пеш аз он ки ба натиҷаҳо табдил гарданд, ба натиҷаҳоят таваҷҷуҳ кун, пеш аз он ки ба равиши зиндагӣ ва сарнавишти ту мубаддал шаванд! *** Агар мехоҳед касеро барои рафтори нописандида накӯҳиш кунед, сараввал ба жарфои дили худ бингаред, ки дар воқеъ чиро дӯст доред: чунон бошад ё чунон набошад? *** Мо ойинаро ҳақнамотарин ёри худ медонем, дар ҳоле ки дар он «акси» худро мебинем. То сабру таҳаммул даст диҳад замоне ки андарзи шуморо намепазиранд, боре ба ёд биёред, ки аз чанд қавли худро пеши худ шикастед ва чанд андарзи худро ба худ ботил кардед. Аз дигарон чӣ интизор доред? *** Шояд болотарин дараҷаи бухл он бошад, ки нисбат ба каромат ва саховати дигаре, ки нисори шумо мешавад бухл биварзед. Оё чунин нестем мо вақте, ки нисбат ба касоне, ки ҳастии худро вақфи беҳбуди мо кардаанд бухл меварзем? *** Бо яке ки ки ба инод ва инкори Ҳақ саргарм буд, мегуфтанд: Дар вуҷудат ҳеч арзише нест ҷуз он ки офаридаи Ҳақ ҳастӣ ва бо ин ҳол агар Ҳақро мункирӣ, дигар чӣ арзише дорӣ? *** Аз қиёси нуқсонҳо барои худ камол ҷустан чунон аст, ки гӯё бар лаби чоҳе биистед ва бихоҳед, ки баландии қомати шуморо аз зери чоҳ то сари шумо андоза бигиранд. Мухтасар, сахт худфиребист. *** Ғаризаи қасос дар инсон ба ҳадде неруманд аст, ки инсонро ба корҳои хориқулодда вомедорад. Масалан, кӯдаке чашмонашро пӯшид ва ба рақибаш гуфт: ман туро нест кардам! *** Ҳеч кас моро беҳтар аз мо намешиносад ва ба ҳамин андоза ҳам ҳеч кас моро камтар аз мо намешиносад. *** Чашми дил айнак намехоҳад. *** Баҳс мисли оташ аст: агар барои мӯътақид кардан аст, ин оташест дар оташдонҳо ва агар барои мулзам кардан аст, оташест дар дилу имонҳо. *** Калимаҳо чун ошноёни дерин барои мо маълуму оддӣ мешаванд, аммо гоҳо маънои комилан тозае аз онҳо кашф мешавад, чунон ки гоҳо ошнои худро ба куллӣ бо симои дигаре мебинем. *** Касоне дар таърих тавонистанд Худоро аз зеҳни тудаҳое дур кунанд, аммо натавонистанд худро аз васвасаи даъвои худоӣ кардан эмин созанд. *** Инсонҳо ҳар чӣ дарки бештаре дошта бошанд, ранҷи бештаре мекашанд. Як фикри мусбати кӯчак дар субҳ, метавонад кулли рӯзатонро тағйир диҳад. Зиндагӣ агар осон буд, бо гиря оғоз намешуд. Аз зеҳн то даҳон фақат як нуқта фосила аст, то зеҳнатро боз накардӣ даҳонатро боз накун. Одами мағрур мисли касест, ки болои кӯҳ истода, ҳамаро кӯчак мебинад, ғофил аз ин ки мардум ҳам аз поён ӯро кӯчак мебинанд. Барои худат зиндагӣ кун, барои дигарон зиндагӣ бош. Агар медонистед, ки афкоратон чӣ қадар қудратманд ҳаст, ҳеҷ гоҳ ҳатто барои як бори дигар ҳам манфӣ фикр намекардед. Агар мехоҳед хушбахт бошед, зиндагиро ба як ҳадаф гиреҳ бизанед, на бо ашхос ва ашё. *** Чашм бефоида аст, вақте зеҳн кӯр бошад. Таҳияи Тағоймурод Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.