ҚУТБНАМОИ РУШДИ МАМЛАКАТ15-01-2020, 11:30
Хабарро хонданд: 422 нафар
Назарҳо: 0
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назар¬дошти муайян карда¬ни самтҳои муҳими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳалли сари¬вақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳо ва таъкиди афзалиятҳои навин барои давраи миёнамуҳлат ба Маҷ¬лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мегардад ва ё аз ҷониби дигар ироа гардида¬ни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин мустақилона муай¬ян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди устувори миллӣ дар давоми як соли ди¬гар мебошад. Зикр намудан бамаврид аст, ки бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва минтақа Ҳукумати мамлакат давоми як даҳсолаи охир аз тамоми сарчашмаҳои мавҷуда ба таври самаранок истифода карда, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти каммуникатсионӣ ва саноатикунии босуръати кишвар тадбирҳои муҳиму муайянеро ба иҷро расонид. Зикр гардид, ки соли сипари¬шуда дар таърихи навини кишвар бо дастоварду пешравиҳои ноил¬шудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарору хотирмон сабт мегардад. Тавре маълум гардид, дар ин давра ҳаҷми умумии да¬ромади буҷети кишвар қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 милли¬ард сомонӣ баробар шуд. Тайи солҳои зикршуда бошад, даро¬мади пулии аҳолӣ беш аз ду ба¬робар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард. Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард со¬мониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло раф¬тааст. Воқеан ҳам, дар ин замина, мову шумо набояд фаромўш созем, ки давоми бисту ҳашт соли давлатсозии миллӣ кишва¬ри мо таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати мил¬лӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо шарофати заҳматҳои софдилонаи халқамон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқти¬содӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон ба марҳалаҳои нави рушд ворид шуда, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогири ҳамаи бахшҳои муҳим ба таври воқеӣ ташаккул ёфтанд. Дар шароити иқтисоди бо¬зоргонӣ рушди соҳибкории хур¬ду миёна ва дар маҷмўъ, бахши хусусӣ дар ѓанӣ гардонидани буҷети давлатӣ нақши муассир дорад. Дар ин замина, Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи ав¬валиндараҷа зоҳир карда, зами¬наи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи самтҳои фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон муҳиму арзишнок баҳогу¬зорӣ карда, ҷорӣ гардидани чан¬де аз моратория ва сабукиҳои Ҳукумати мамлакатро давоми чанд соли охир боиси пешрафти махсуси бахши хусусӣ унвон на¬муд. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳу¬кумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, ки¬шоварзӣ, дорусозӣ, парандапар-варӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукӣ ҷорӣ карда шуданд. Танҳо солҳои 2016-2018 маблаѓи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин саҳми Ҳуку¬мати мамлакат ба рушди соҳиб¬корӣ дар соҳаҳои иқтисодиву ис¬теҳсолӣ мебошад. Илова бар ин, дар заминаи ислоҳоти татбиқна¬мудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир шумораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шаш баробар кам шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускору пешоҳанг таҳти роҳбарии Пешвои муазза¬ми миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои норасоии об мавқеи устувору мондагор дорад. Маҷмаи Уму¬мии Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии ташаббуси чаҳору¬ми Тоҷикистон дар кишварҳое, ки норасоии об дар онҳо зиёд аст, як силсила барномаҳоро амалӣ карда истодааст. Дар ин росто дар доираи «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» доир ба таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби босифати ошомиданӣ як силсила корҳо ба анҷом расони¬да шуд. Дар Паёми навбатӣ бо мақ¬сади дастгирии иҷтимоии та¬бақаҳои осебпазири ҷомеа на¬фақаи шаҳрвандони маъюби то 18-сола, инчунин дигар гурўҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, ба онҳо дар асоси Қонун «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаи иҷтимоӣ таъйин шудааст, пеш¬ниҳод гардид, ки аз 1-уми сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон «Дар бораи нафақаҳои суѓуртавӣ ва давлатӣ» муқаррар гардидааст, баробар карда ша¬вад. Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳу¬рии Тоҷикистон дар Паёми худ супориш доданд, ки музди меҳна¬ти кормандони мақомоти ҳокими-ят ва идоракунии давлатӣ, муас¬сисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷўён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати корман¬дони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ то 10 фоиз зиёд карда шавад. Бояд зикр намуд, ки пойтах¬ти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе давоми чанд соли охир бо ибтикор ва ташабусҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ куллан симои худро дигаргун карда, мизбони як қатор чораби¬ниҳои сатҳи олӣ ва ба маркази баррасии масъалаҳои глобаливу минтақавӣ табдил ёфтааст. Ин нуктаро низ Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ бо баргузории Саммити Машва¬рати ҳамкорӣ ва тадбирҳои бо¬варӣ дар Осиё ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бар зидди тер¬роризм ва маблаѓгузории он тақвияти тоза бахшида, ҷараёни раванди сифатноки корҳои муҳи¬ми бунёдкориву созандагиро, дар заминаи чунин чорабиниҳои бай-налмилалӣ боиси ибрат ва наму¬наи ҳамагон номиданд. Рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии мо ба ҳисоб рафта, дар зарфи соли якуми эълон гардида¬ни Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳо¬ти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омўзиши ҳунарҳои мардумӣ бомаром идома дорад. Вобаста ба ин Пешвои миллат дар соли 2020 ва солҳои минбаъда шаро¬ити инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳамаи мавзеъҳои сайёҳӣро боз ҳам зарур шуморида, бо мақса¬ди ҷалби ҳар чӣ бештари сай¬ёҳон, пешниҳод намуданд, ки ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби содда ги-рифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода шуда, муҳлати он то 60 рўз дароз карда шавад. Илова бар ин, бо мақсади соддагардонии рафтуо¬мади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебо¬шанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода шавад. Мусаллам аст, ки соҳаи илму маориф дар сиёсати кунунии мамлакат дар сархати аввали иҷтимоӣ боқӣ мемонад, зеро дар марҳалаи навин пешраф¬ти ин соҳа дар таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ дорад. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат пешниҳод намуд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омўзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии нас¬ли наврас солҳои 2020 -2040 ҳам¬чун «Бистсолаи омўзиш ва руш¬ди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи ил му маориф» эъ¬л о н к а р д а шаванд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки ҳар як фар¬ди бедордил бояд барои ѓанӣ гардида¬ни забони мо¬дарӣ ва омўх¬тани забонҳои хориҷӣ кўшиш н а м у д а , б а мутолиаи китоб диққати авва¬линдараҷа дода, баҳри баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Вобаста ба ин, вазорату идораҳое, ки дар со¬хторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва¬зифадор гардиданд, ки минбаъд ҳар сол озмуни «Фурўѓи субҳи доноӣ..»-ро аз рўйи се самт: якум- миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм - таҳсилоти ибти¬доӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм - дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд. Ҳамчунин, Пешвои муазза¬ми миллат ба шинохти дурусти таърих, тарѓиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ та¬ваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омўзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ѓафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то Ҷашни 30 – солагии Истиқло¬лияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намоянд. Илова бар ин, таъкид гардид, ки мо бояд ба таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ ба ра¬ванди ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи самарабахши неруи фарҳангӣ ва маънавии миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намо¬ем. Дар робита ба ин, пешниҳод гардид, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ва¬тани азизи ман» ҳар сол баргузор карда шавад. Вобаста ба ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату мил¬лат, таҳаммулгароӣ, ватандўсти¬ву хештаншиносӣ ва пос дошта¬ни арзишҳои миллӣ ва дар ин рўҳия тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа ме¬бошад. Бо назардошти аҳамияти ин масъала Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки дар давоми даҳ соли оянда дар ҳар як деҳа ва маҳалҳои аҳолиа¬шон аз 100 хоҷагӣ зиёд як муас¬сисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзишӣ бунёд карда, ба оммавӣ шудани варзиш ва солимгардонии аҳолӣ мусоидат намоянд. Аз назари мазмун ва муҳта¬ вои умумӣ, Паёми имсолаи Пешвои миллатро метавон ба як қатор бахшҳои муҳиму асосӣ тақсимбандӣ намуд, ки ҳар яке аз онҳо барои рушди устувору таъ¬мини зиндагии сазовори мардум аз ҷумла, таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва тафсири ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти ни¬зоми молиявии кишвар, масъа¬лаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ, дастовард ва дурнамои сиёсати иҷтимоии кишвар, масъалаҳои таҳкими ҷо¬меаи ҳуқуқбунёд ва таъмини ам¬нияти миллӣ дар шароити ҷаҳони муосир, воридшавии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ва ва¬зифаҳо барои оянда, дастуру ҳидоятҳои созанда ба корҳои ободониву созандагӣ ва ба ин васила муаррифии кишвар ҳам¬чун миллати бофарҳангу соҳиб¬тамаддун, инчунин, омодагиҳо ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода - интихоботи Маҷ¬лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакило¬ни халқ аҳамияти муайянкунанда дорад. Дар баробари ин, Президент мамлакат ҳангоми дахл ба масъалаҳои мавҷуда, ҳамчунин ба мавзўоти ҷавонон, қонун, ҷомеа ва ҳуқуқ, мубориза ба муқобили маводи мухаддир, коррупсия, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, Қувваҳои мусаллаҳ, сарҳад, қазияи Афѓонистон ва муноси¬батҳои байналмилалӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, татбиқу иҷрои онҳоро дар шароити му¬раккаби ҷаҳони муосир аз ҳар як шаҳрванди диёр муҳиму авва¬линдараҷа арзёбӣ намуданд. Воқеан ҳам, Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар дидгоҳи мардум¬солорӣ ва сиёсати инсонмеҳва¬рии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ифода намуда, бо итминони ко¬мил метавон илова намуд, ки ташкилотҳои ҳизбии пойтахт низ дар нақшаи чорабиниҳои худ ба¬рои соли 2020 шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои муаззами миллатро ба таври васеъ ба роҳ монда, истиқболи сазовори ҷаш¬ни муқаддасу бузурги умумилли¬амон - 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мардуми шарафманду сарбаланди моро ба сўйи арзиш¬мандтарин хостаҳои миллию зин¬дагии шоиста раҳнамун месозад. Зоир РАҲМОНЗОДА,
н. и. и., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.