БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ9-01-2020, 10:37
Хабарро хонданд: 335 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Бо қарори Анҷумани ХIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, №7 аз 13 декабри соли 2019 тасдиқ шудааст. Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум! БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН (Самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020-2025) ПЕШГУФТОР Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (минбаъд-ҲХДТ) зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ – рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад. Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд. Дар асоси таҳлилҳои илман асоснокшуда аҳолии мамлакат аз 9,5 миллион нафар дар соли 2020 то ба 10,5 миллион дар соли 2025 афзоиш меёбад. Ин далел тақозо менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Дар ин росто, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар нафар аҳолӣ аз 8430 сомонии соли 2020 бояд то соли 2025 ба 12297 сомонӣ расонида шуда, ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ аз 30 то 40 фоиз афзоиш дода мешавад. Ҳамасола суръати миёнаи рушди иқтисодӣ дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, ҳаҷми сармоягузориҳои хусусӣ дар ММД аз 10 то 15 фоиз афзоиш ва ҷараёни саноатикунонии босуръати кишвар идома меёбад. Дар ин давра, пешбинӣ мегардад, ки аз ҳисоби таҷдид ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат беш аз 10 млрд кВт соат афзоиш дода мешавад. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҳизб, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҳизб тасмим гирифтааст, ки ба хотири татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ эълон шудааст, саҳми босазо гузорад. ҲХДТ бо истифода аз таҷриба ва сабақҳои таърихӣ, бо роҳи суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд барои 5 соли оянда (таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул) тамоми қудрату неруи худро равона месозад. I. БАХШИ ТАҲКИМ БАХШИДАНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӣ, ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ ВА РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар дар даврони истиқлолият марҳалаҳои пурпечутоби таърихи навини худро паси сар намуда, дар ин раванд бо санҷишҳои зиёде рӯ ба рӯ гашт. Ҳамзамон, бо пешравиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар ин давра хеле мустаҳкам гардида, нуфуз ва ҷойгоҳу мақоми он дар равандҳои муосири ҷаҳонӣ баланд шуд, ки тамоми ин дастовардҳои даврони истиқлолият аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвар сарчашма мегиранд. Вазифаи ҲХДТ дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд. Масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан, дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузорад. 1.1. Таҳкими истиқлолияти давлатӣ. Таҳкими манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад. 1.2. Амнияти миллӣ. ҲХДТ ба хотири таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти бомаром ва самараноки сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, идораи равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ҳимояи онҳо аз зуҳуроти номатлуби ифротгароию терроризм, қочоқи маводи мухаддир, одамрабоӣ ва дигар равияҳои тафриқаангези динию мазҳабӣ, ки ҳадафи онҳо бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳокимият, аз байн бурдани сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани тамомияти арзии давлат мебошад, дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад. 1.3. Таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон. ҲХДТ суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи истиқлолият ва озодиро таҳким бахшида, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ, давлатдории миллӣ саъю талош менамояд. Дар ин самт, ҲХДТ масъалаҳои зеринро афзалиятнок мешуморад: - барои ҲХДТ амнияти миллӣ стратегияе ба шумор меравад, ки ҷиҳати таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ равона гардидааст. Таассуби динию мазҳабӣ ва дигар равияю мазҳабҳое, ки дар байни ҷомеа тафриқа меандозанд, ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ шинохта мешаванд; - ҲХДТ шакли давлатдории дунявиро ҳамчун низоми озмудаи давлатдорӣ эътироф намуда, густариши арзишҳои умумиинсониро аз самтҳои стратегии фаъолияти сиёсӣ ва мафкуравии худ мешуморад; - таъмини амнияти шахсӣ, ташаккули ҷомеаи устувори шаҳрвандӣ, ки дар он амният, ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон кафолат дода мешаванд; - ҲХДТ барои таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки дарозмуддати рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар самтҳои макроиқтисодӣ ва соҳаҳое, ки ба имконияту захираҳои мавҷуда асос ёфта, хусусиятҳои минтақавии кишварро муайян мекунанд ва хусусияти амнияти иқтисодӣ доранд, талош менамояд; - ҲХДТ фаъолияти зиддиконститутсионии ташкилот ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ, рушди ҷиноятҳои муташаккил, қочоқи силоҳ, таъсири манфии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсиониеро, ки дар раванди халалдор кардани суботи сиёсӣ, барангехтани низоъҳои миллию нажодӣ, махсусан, таъсири манфӣ расонидан ба мафкураи ҷавонон маҳкум намуда, мақом ва нақши ниҳодҳои илмӣ ва таълимию тарбиявии давлатдориро дар ин самт аввалиндараҷа меҳисобад; - ҲХДТ барои ривоҷи мафкураи давлатию ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи илму дониш, интизом, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ, касбият, салоҳиятнокӣ, инчунин, татбиқи технологияҳои замонавӣ барои рушду нумӯи кишвар пайваста талош меварзад; - ҲХДТ барои истифода аз арзишҳои маънавии миллат дар шароити ҷаҳонишавӣ кӯшиш карда, арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллиро зарур мешуморад; - ҲХДТ тақвият бахшидани сиёсати давлатиро дар самти таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҳувияти шаҳрвандӣ муҳим шуморида, густариши онҳоро дар ҷомеа аз шартҳои зарурии рушди соҳибихтиёрии давлатӣ медонад; - ҲХДТ баҳри пешгиии зуҳуроти номатлуби ҷомеа аз қабили экстримизм, терроризм ва ҷаҳолату хурофот, ки ба амнияту осоиштагии кишвар халал ворид менамоянд, чораҳои муаассир андешида, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. 1.4. Омили инсонӣ дар таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ. ҲХДТ масъалаи рушди омили инсонӣ, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуда, таҳияи барномаҳои махсуси давлатиро ба хотири пешрафт ва бедории андешаҳои нави созанда, масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии муосир зарур мешуморад. 1.5. Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ. ҲХДТ ҷомеаи шаҳрвандиро марҳилаи олии рушду инкишоф ва яке аз шаклҳои ҳамраъйиву ҳамкории инсонӣ ва асоси устувории давлат ҳисобида, барои баланд бардоштани нақшу ҷойгоҳи он дар байни аҳолии кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ менамояд. Гузашта аз ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин, аз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисиёсию ғайридавлатӣ ва ҷамъиятҳои динию фарҳангӣ иборат мебошад ва ҲХДТ ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлат ҳамеша ҷиҳати боло бурдани сатҳи фарҳанги сиёсии онҳо мусоидат менамояд. Ҳизб ҳамкориҳои доимиву густурдаро бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда, ҷиҳати тақвият бахшидани масъулияти онҳо дар ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарра ва ҳалталаби ҷомеа, ки иҷрои саривақтии худро тақозо доранд, талош менамояд. ҲХДТ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба масъалаҳои зерин эътибори ҷиддӣ медиҳад: - тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; - пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият; - таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар; - нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва фазои устувори сиёсӣ дар мамлакат; - тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ; - фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо; - таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар; - таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ ; - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат; - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат; - саноатикунонии босуръати кишвар; - вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул. II. БАХШИ СИЁСАТИ ИҚТИСОДӢ Дар бахши сиёсати иқтисодӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҲХДТ тасмим гирифтааст, ки дар иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат пешсаф ва саҳмгузор бошад. Ба шарофати саҳми сазовори ҲХДТ дар дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеаи муосир суботи макроиқтисодӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, аз ҷумла рушди устувори тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дар давраи татбиқи барномаи қаблии фаъолияти он ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) қариб 2 маротиба афзоиш ёфт. Даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 ва музди меҳнати миёнаи як корманд 1,8 маротиба зиёд шуданд. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар кишвар аз 41 фоизи соли 2011 то 27, 5 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд. Мақсади асосии ҲХДТ фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими неру ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳизб минбаъд низ ба масъалаҳои нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди афзалиятноки соҳаҳои истеҳсолӣ, тавсеаи сармоягузории дохиливу хориҷӣ, рушди инфрасохтори мамлакат ва табдили он ба кишвари транзитӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин, идомаи ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт чораҳои таъхирнопазир ва амалӣ афзалият медиҳад. ҲХДТ барои ноил шудан ба мақсаду афзалиятҳои зикргардида дар солҳои 2020-2025 иҷрои тадбирҳоро дар самтҳои зерин зарур мешуморад: 2.1. Дар пешбурди сиёсати мукаммали иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокӣ, диверсификатсия ва рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ: - таҳияи қонунҳои нав ва пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мавҷуда бо мақсади расидан ба ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”; - иштирок дар таҳия ва татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”; - такмили муназзами сохтори иқтисодиёт ҷиҳати таъмини суръати баланди рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар; - мусоидат ба азхудкунии оқилона ва истифодабарии самараноки сарватҳои табиии кишвар, таҳкими неруи табиию иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ; - таъмини рақобатпазирӣ ва самаранокии рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ, инчунин, рушди минтақаҳо; - фароҳам овардани шароит барои гузариш аз модели аграрӣ-саноатӣ ба модели саноатӣ-аграрии рушди иқтисодиёт; - таҳкими раванди ҷорӣ ва истифодабарии васеи технологияҳои муосир ва инноватсионӣ, аз ҷумла тариқи ташкили технопаркҳо ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ; - ҷалби бештари сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳои нав ва истеҳсоли молу маҳсулоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ; - идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии хоҷагидорӣ вобаста ба талаботи замон; - дастгирии содирот, вусъатбахшии ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо; - фароҳам овардани заминаи иқтисоди рақамӣ ва савдои электронӣ. 2.2. Ҷиҳати ҳавасманд гардонидани фаъолияти соҳибкориву истеҳсолӣ: - идомаи ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зарурати беҳдошти мавқеи кишвар дар низоми рейтингҳои байналмилалӣ; - тақвияти механизми дастгирии давлатии соҳибкорию рушди сармоягузорӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда; - таҳкими заминаи институтсионалию молиявии рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ; - мукаммалгардонии низоми таъмини кафолати сармоя мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ; - ҷалби ҳамватанон-соҳибкорони бурунмарзӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар; - ташкили шароити мусоид барои таъсиси марказҳои логистикӣ ва дигар объектҳои инфрасохторӣ; - ташкили технопаркҳо ва бизнес-инкубаторҳо бо мақсади рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна; - тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, ки ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ мебошанд; - рушди босуръати минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои саноатӣ; - мусоидат ба ташаккулдиҳии брендҳои миллӣ ва баланд бардоштани имиҷ ва пешбурди маҳсулоти корхонаҳои бахши воқеии истеҳсолии Тоҷикистон дар бозорҳои дохилӣ ва ҷаҳонӣ. 2.3. Барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва зиёд кардани синфи миёнаи аҳолӣ: - таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар; - мусоидат ҷиҳати нисбатан зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ ва андозаи музди миёнаи моҳонаи як корманд; - вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ва дар робита ба ин, ҳамасола таъсис додани ҷойҳои нави корӣ; - мусоидат ба раванди болоравии маърифати молиявии мардум; - иштироки фаъол дар таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои мамлакат; - таҳкими фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ; - мусоидат ба фароҳам овардани заминаҳои ташаккулёбӣ ва фаъолияти самараноки кластерҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ барои рушди шаҳраку шаҳрҳои хурд; - таъмини сифати баланди хизматрасониҳои коммуналӣ ва бунёди инфрасохтори зарурии он дар шаҳру ноҳияҳо; - андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди инфрасохтори таъмини аҳолии деҳот бо оби ошомидании тоза; - фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккул ва рушди иқтисодиёти деҳот тавассути ташкили корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ; - татбиқи барномаҳои шуғли кӯтоҳмуҳлат бо дарназардошти талабот ва манфиатҳои мардону занон, ҷавонон, шахсони маъюб ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ; - таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба истифодабарии самараноки неруи рекреатсионӣ (табиӣ)-и минтақаҳои кӯҳии кишвар ва сохтмони иншооти истироҳатӣ (меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, кемпингҳо ва ғ.), рушди сайёҳии табиию экологӣ. 2.4. Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат: - идомаи ислоҳот дар самти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои комплекси агросаноатии кишвар; - зиёд кардани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ тавассути дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат, нуриҳои минералӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо; - андешидани чораҳои зарурӣ дар соҳаи истифодабарии самараноки заминҳои корам ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав ва бекорхобида; - мусоидат ба бунёди кластерҳои агросаноатӣ ва корхонаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва бандубасти он ҷиҳати рушди соҳаҳои агросаноатии воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда; - идомаи корҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ дар раванди истеҳсолоти ватанӣ; - ташаккули асосҳои институтсионалии таъмини бехатарии маҳсулоти ғизоӣ; - ба вуҷуд овардани навъҳои нави зироатҳои серҳосил ва чорвои хушзот бо роҳи дастгирии давлатии корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва ба ин васила, паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба истеҳсолоти кишоварзӣ; - зиёд намудани истеҳсоли меваҷот тавассути бунёди боғҳои интенсивӣ ва дигар усулҳои муосири боғу токпарварӣ. 2.5. Доир ба татбиқи сиёсати энергетикии кишвар ва баланд бардоштани самаранокии низоми таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо неруи барқ: - ноил гардидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии кишвар тавассути анҷом додани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар неругоҳҳо; - мусоидат ба истифодабарии самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи рукнҳои «иқтисоди сабз» бо мақсади ҳимоя аз манфиатҳои наслҳои оянда; - дастгирии раванди сохта ва ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии хурду миёна бо назардошти имкониятҳои мавҷуда; - таҳкими раванди идомаи корҳо оид ба таҷдиду бунёди инфрасохтори зарурии таъминоти барқ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ; - мусоидат ба бунёди шабакаи хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи минтақавии «CASA-1000»; - фароҳам овардани шароити зарурӣ барои афзоиши ҳаҷми содироти неруи барқ ба кишварҳои хориҷӣ тавассути дарёфти роҳҳои нави фурӯш ва ташаккулёбии бозори минтақавии неруи барқ. 2.6. Бо мақсади ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути рушди инфрасохтори коммуникатсионӣ: - идома додани татбиқи лоиҳаҳои таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва сохтмони хатҳои нави роҳи оҳан; - дастгирии ҳамаҷонибаи раванди табдили долонҳои минтақавии нақлиётӣ ба долонҳои мукаммали иқтисодӣ; - идомаи ислоҳот ва татбиқи саривақтии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳои нақлиётӣ; - дастгирии ҳамаҷонибаи идомаи сохтмони пулҳо ва иншооти зиддитармавӣ дар роҳҳои оҳан ва автомобилгарди кишвар; - мусоидат ба афзоиши теъдоди хатсайрҳои ҳавоӣ ва ҳаҷми мусофирбариву боркашонии байналмилалии кишварҳои ҷаҳон тавассути таъсиси ширкатҳои муштарак бо ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ ва ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, рушди инфрасохтори ҳавоӣ, транзитӣ ва ширкатҳои ҳавоӣ; - таҷдид, нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки шабакаи фурудгоҳҳои кишвар, инчунин, дастрасии аҳолии ҳамаи минтақаҳо ба хизматрасониҳои нақлиёти ҳавоӣ; - дастгирии давлатии рушду инкишофи хизматрасонӣ ва имкониятҳои транзитӣ дар асоси истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ. 2.7. Оид ба такмили низоми молиявии кишвар ва таъмини самаранокии фаъолияти бозори хизматрасониҳои молиявӣ: - татбиқи пурраи низоми буҷетикунонии барномавӣ; - назорати истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷавӣ; - мусоидат ба ташаккулёбӣ ва рушди бозори дуюмдараҷаи коғазҳои қиматнок; - такмили низоми андозбандӣ ва маъмурикунонии андоз, аз ҷумла, бо истифода аз технологияҳои рақамӣ зимни ҷамъоварии андозҳо; - таъмини устувории қобилияти харидории пули миллӣ ва сатҳи нархҳо бо роҳи татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ; - таъмини пардохтпазирӣ ва барқарор кардани сатҳи баланди эътимоднокии бонкҳо, беҳдошти дастрасии мизоҷон ба захираҳои молиявӣ, аз ҷумла қарзҳо, инчунин, васеъ ҷорӣ намудани шаклҳои муосири хизматрасониҳои бонкӣ; - васеъ намудани миқёси истифодабарии пардохтҳои ғайринақдӣ, бахусус, дар савдои чакана ва хизматрасониҳо тавассути технологияҳои муосири иттилоотӣ; - мусоидат ба такмили механизми фаъолияти фондҳои иҷтимоӣ ва рушди бозори суғурта; - таъмини густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо шарикони рушди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии молиявию қарзӣ бо мақсади ҷалби бештари воситаҳои молиявӣ. 2.8. Ҷиҳати мукаммалгардонии низоми идоракунии давлатӣ ва тақвияти раванди ҳамоҳангсозии сиёсати рушд: - тақвияти раванди ташаккулёбии низоми муосири банақшагирии стратегӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии идоракунии давлатӣ; - такмили сохтори ташкилию идоракунӣ ва неруи кадрию техникӣ, аз ҷумла зиёд намудани ҳиссаи занон дар мансабҳои роҳбарии хизмати давлатӣ ва тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ; - таъмини шаффофияту самаранокӣ дар идоракунии молияи давлатӣ ва пурзӯр намудани назорати зиддикоррупсионӣ; - идомаи татбиқи консепсияи ташаккулёбии ҳукумати электронӣ дар низоми мақомоти давлатӣ; - таъмини ҳамгироии васеи барномаҳои рушди миллӣ, соҳавию минтақавӣ ва буҷети давлатӣ; - таъмини самаранокии идоракунӣ ва истифодабарии амволи давлатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ. 2.9. Оид ба рушди туризм ва инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ: - ташаккули асосҳои институтсионалии рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар амал татбиқ намудани меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ; - ташаккули инфрасохтори муосири соҳаи сайёҳӣ, бо ҳавасмандгардонии инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси равзанаи ягона ва автоматикунонидашудаи бақайдгирии сайёҳон, рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт, муосиргардонии нуқтаҳои қабули сайёҳон, аз ҷумла фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллӣ, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиётӣ; - тақвияти иқтидорҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили тарғиби ҳаматарафаи он; - таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ дар асоси баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ; - ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳӣ – маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ; - тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ, ташкили омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ, такмили ихтисос ва омода кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар; - мутобиқгардонӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон; - таъсиси кластерҳои сайёҳӣ ва таъмини инноватсионию сармоягузории рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, пешниҳод ва амалисозии имтиёзҳо ва кафолати давлатии ҳифзи манфиатҳои сармоягузорон. 2.10. Дар самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти вазъи экологӣ: - мукаммал гардонидани қонунгузорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла коҳиш додани партовҳои корхонаҳои саноатӣ, нигоҳдории биогуногунӣ (табиати зинда) ва ҷангал, сарфаю истифодабарии оқилонаи об ва энергия, мубориза алайҳи биёбоншавӣ ва ҳифзи замин, мониторинги обшавии пиряхҳо, истифодаи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти вазъи экологӣ; - мусоидат намудан дар татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»; - таҳти назорати доимӣ қарор додани иҷрои қонунгузорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист; - арзёбии экологӣ, аудит ва экспертизаи корхонаҳо ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти беҳтари экологӣ; - коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ (ГГ), ки вобаста ба зиёдшавии аҳолӣ, рушди иқтисодиёт ва зиёд шудани теъдоди нақлиёт партовҳо ба ҳаво зиёд шуда истодаанд ва ба иқлим таъсири манфӣ мерасонанд; - иштирок ва саҳмгузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти тағйирёбии иқлим ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ дар ин самт; - ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯй намудани самаранокии обрасонӣ ва муқовимат намудан ба истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обу замин, ки сабабгори буҳрони экологӣ дар минтақа ва ҷаҳон мешаванд; - пешгирӣ аз вайрон гаштани мувозинати экологӣ ва тавсеа бахшидани шинондани дарахтон ва васеъ намудани ҷангалзорҳо дар тамоми минтақаҳои мамлакат; - мусоидат баҳри ҳифзи олами ҳайвоноту набототи Тоҷикистон ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати тақвияти маърифати экологии мардум. 2.11. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ, тавсеаи “Ҳукумати электронӣ” ва дастрасӣ ба он: - татбиқи консепсия ва стратегияи “иқтисодиёти рақамӣ” дар кишвар ва ташаккули низоми ҳамоҳангшудаи муносибатҳо байни субъектҳои иқтисодӣ ва мақомоти гуногуни давлатӣ дар асоси истифодаи васеи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ; - дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорону сармоягузорон ба хизматрасониҳои босифати давлатӣ тавассути тавсеаи “Ҳукумати электронӣ” аз рӯи принсипҳо ва стандартҳои байналмилалӣ; - татбиқи технологияҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар ин самт; - таъмини пайвасти шабакаҳои иттилоотии кишвар ба шабакаи ҷаҳонии Интернет бо суръати баланд. III. БАХШИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ буда, мутобиқи моддаи аввали Конститутсия, барои ҳар як инсон шароити арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. ҲХДТ манфиатҳои кишварро болотар аз ҳама гуна манфиатҳо дониста, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арҷ гузошта, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи инсонро эҳтиром мекунад. Дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва истироҳатро дошта, метавонад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад. Инчунин, ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи муҳимтарин барномаву стратегияҳои рушди миллӣ сол то сол тараққӣ карда, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншудаи давлат ва Ҳукумати кишвар барои зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди иқтисоди миллӣ имконият фароҳам меорад. 3.1. Самти тандурустӣ: ҲХДТ идомаи ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад. Ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини устуворӣ ва дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона карда мешавад. Фаъолияти ҲХДТ барои мусоидат намудан ба ҳалли чунин вазифаҳо равона гардидааст: - гузаронидани ислоҳоти муназзам дар соҳаи тандурустӣ, беҳсозии дастрасӣ, сифат ва самарабахшии хизматрасониҳои тиббию санитарӣ, махсусан, барои аҳолии камбизоат ва мардуми деҳот; - таъмини иҷрои самараноки “Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои кумаки тиббию санитарӣ”, ҷорӣ намудани низоми тибби суғуртавӣ; - боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори тандурустӣ, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон, тарбияи кадрҳои баландихтисос; - ташкили корхонаҳои дорусозӣ ва васеъ истифода бурдани гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дар табобат; - таблиғу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа. ҲХДТ барои таъмини чунин натиҷаҳо дар рушди низоми тандурустӣ талошҳои худро бештар мегардонад: - зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ барои рушди соҳаи тиб ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ; - ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахӯрону собиқадорони меҳнат ва ба ёрии тиббӣ фаро гирифтани онҳо. - беҳтар шудани механизми таъминот бо доруворӣ, сифат ва таъсирбахшии маҳсулоти доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ; - васеъ ҷорӣ шудани технологияҳои инноватсионӣ дар фаъолияти муассисаҳои низоми тандурустӣ, баландтар гаштани сатҳи фарогирии кӯдакони маъюб бо хизматрасониҳои муассисаҳои махсусгардонидашуда; - ба таври назаррас коҳиш ёфтани фавти модару кӯдак ва баланд намудани давомнокии умр дар шаҳру деҳот. - баланд бардоштани савияи дониш, тахассус ва маҳорату малакаи кормандони соҳаи тиб; - ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар муассисаҳои тиббӣ дар асоси дастовардҳои тибби муосир; ҲХДТ ба ташаккули механизмҳои таъмини афзоиши давомнокии умр ва солимии аҳолӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. 3.2. Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ: ҲХДТ дар панҷ соли гузашта дар роҳандозӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин, танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар саҳми муайяни худро гузошт. Минбаъд низ шуғли пурмаҳсул тавассути баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва сифати бозори меҳнат, рушди соҳаҳои саноати коркард, кам кардани шумораи бекорон, махсусан, дар деҳот дигаргуниҳои сохторӣ ва идоракунии самарабахши муҳоҷирати меҳнатӣ вусъат дода мешавад. ҲХДТ дар ин самт, бо ҳамаи зинаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, ҳамзамон бо бахши хусусӣ ҳамкориро беш аз пеш вусъат дода, ният дорад ҷиҳати таҳким бахшидани корҳо ҳадафҳои зеринро амалӣ созад: Вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон: - ташаккули минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии шарикии иҷтимоӣ байни кордиҳандагон, бахши хусусӣ ва муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ; - дар баробари таъсис додани ҷойҳои кории нав диққати ҷиддӣ додан ба масъалаи касбомӯзӣ, бахусус, тақвият додани низоми такмили ихтисос ва фаъолияти марказҳои касбомӯзии калонсолон; - ба талаботи бозори муосири меҳнат мутобиқ намудани малакаи касбии хатмкунандагони муассисаҳои касбомӯзӣ; - баланд бардоштани сатҳи ҳадди ақали музди меҳнат ва давра ба давра боло бурдани он то сатҳи ҳадди ақали зиндагӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо вазорату идораҳо ҷиҳати баланд бардоштани музди меҳнати созмонҳои ғайрибуҷетӣ; - ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба барномаҳои омӯзишӣ, пеш аз ҳама, касбу ихтисосҳои замонавии ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар рақобатпазир ва фарогирии ҳарчи бештари дастрасии духтарон ва занон ба таҳсил; - зиёд намудани шумораи муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ; - зиёд кардани курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ барои ҷавонон ва калонсолон, аз ҷумла такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва тақвияти малакаҳои касбии онҳо; - бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ дар заминаи муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъсис додани бахшҳои ҳунарҳои мардумӣ ва тибқи талабот ба роҳ мондани фаъолияти онҳо; - ташкили коргоҳҳои хурди истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба бозомӯзӣ фаро гирифтани калонсолон. 3.3. Шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнат: - тақвият бахшидан ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ бо шарикони рушд ва дарёфти манбаъҳои иловагию ғайрибуҷетии татбиқи барномаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; - андешидани тадбирҳо ҷиҳати аз байн бурдани иқтисодиёти пинҳон ва кам кардани ҳаҷми шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ); - баланд бардоштани сатҳи шуғлнокии аҳолӣ. Ҳама захираҳои дастрас ва иқтидорҳои ташкилӣ, аз ҷумла кумаки берунӣ бояд ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва хизматрасонӣ дар бозори дохилӣ равона карда шаванд. Рушди соҳаҳои нав – сайёҳӣ ва хизматрасониҳои тиҷоратӣ, вусъатбахшии соҳаи иттилоотию технологӣ ва энергетика, сохтмони роҳҳо, рушди соҳаҳои дорои арзиши иловашудаи нисбатан баландтар (коркарди нахи пахта, маҳсулоти кишоварзӣ), рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои аҳолӣ, таъсиси системаи банақшагирии захираҳои инсонӣ барои идоракунии давлатӣ, таъсиси системаи дурнамоии кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати бозори меҳнат, механизми ҳифзи бозори меҳнат (иҷозати кор, талабот нисбат ба забони давлатӣ); - таҳкимбахшии робитаи байни рушди шуғл ва вусъатбахшии бозорҳои фурӯш, хусусан содирот, бо роҳи ҷорӣ намудани нишондиҳандаҳои самарабахши шуғл ба сиёсати рушди бозор ва тақвиятбахшии ҳамкории мақомоту идораҳои давлатӣ оид ба рушди содирот ва шуғл; - тақвияти касбомӯзӣ ва корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ бо мақсади забондонӣ ва фарҳанги муошират дар омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ; - ҷорӣ намудани принсипи дастгирии инноватсияҳо (навгониҳо) дар иқтисод, ҷорӣ намудани технология ва нанотехнологияҳои нав, истеҳсолоти илмталаб, истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии энергия, истеҳсолоте, ки коркарди ашёи хоми маҳаллиро таъмин мекунад, сиёсати фасеҳи андоз, дастгирии давлатӣ ва қарздиҳӣ. 3.4. Сиёсати гендерӣ ва оила ҲХДТ минбаъд низ дар самти сиёсати гендерӣ нақшаҳои мушаххасро пайгирӣ намуда, барои расидан ба баробарҳуқуқии воқеӣ байни занон ва мардон (де-юре ва де-факто) чора меандешад. Аз ҷумла, ташаббуси занону мардонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад ва дар маҷмӯъ, кӯшиш менамояд, ки онҳо ба сатҳи ҳарчи беҳтар ва шоистаи зиндагӣ муваффақ гарданд. ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун неруи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҳалли мушкилоти аъзоёни ҷомеа кӯшиш мекунад. ҲХДТ, аз ҷумла иҷрои корҳои зеринро дар ин самт зарур мешуморад: - тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, қонунгузор ва судӣ (Мониторинги барномаҳои давлатӣ нишон медиҳад, ки шумораи занони роҳбарикунанда дар сатҳи қабули қарор паст аст ва барои расидан ба нишондодҳои сатҳи байналхалқӣ, яъне 30% чораҳои ҷиддӣ андешидан лозим); - андешидани чораҳои зарурӣ оид ба баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа, ҷалби бештари занон ба идоракунии давлатӣ, кафолати иҷтимоии модарони танҳо, занону духтарон аз оилаҳои камбизоат ва занону духтарони деҳот; - таъсисдиҳии мактаби захираи кадрҳо дар базаи мақомотҳои гуногуни давлатӣ ва хусусӣ, ҷамъиятӣ ва мониторинги ин мактабҳо барои тарбияи пайдарҳами кадрҳои арзанда аз ҳисоби занону духтарон; - таҳияи барномаҳои махсуси корбарӣ (барномаи устод ва шогирд) дар сатҳи деҳоту ҷамоат, шаҳру ноҳия ва вилояту ҷумҳурӣ барои тарбияи зина ба зинаи кадрҳои болаёқат; - вусъати барномаҳои дастгирии иқтисодии занон, аз ҷумла таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои таъмини дастрасии занон ба захираҳои молиявӣ ва рушди соҳибкории занон, аз ҷумла ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок, грантҳои гуногун (давлатӣ, ҳизбӣ) барои занон. ҲХДТ оиларо асоси ҷомеа ва арзиши олӣ эътироф намуда, барои устувории пояҳои он дар шароити нави ҷаҳонишавӣ амалӣ намудани чораҳои зеринро зарур меҳисобад: - баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва омодагии ҷиддӣ барои бунёди оила; - бо мақсади нигоҳдорӣ ва пойдории оилаҳо амалӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила; - ҳифзи саломатии модару кӯдак, солимӣ ва ҳуқуқи репродуктивӣ; - таҳияи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ барои дастгирии оилаҳои ниёзманд, модарони танҳо, кӯдакони ятиму бепарастор; ҲХДТ ҷонибдори бартараф намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар ҷомеа буда, ҷиҳати ташаккули муҳити солими корӣ, оилавӣ, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои ҷомеа мусоидат мекунад. ҲХДТ ҷиҳати фароҳам овардани имконият барои истифодаи самаранок аз “равзанаи имкониятҳои демографӣ”, мусоидати ҳаматарафа ба таъмини шуғли пурмаҳсули занону ҷавонон ба хотири минбаъд коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, ислоҳоти низоми идорасозии давлатӣ, тақвият додани сармояи инсонӣ ва суръат бахшидан ба рушди минтақавӣ равишҳои нави ҳалли масъалаҳоро пешбинӣ менамояд. Давом дорад
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.