DataLife Engine > Чорабинихои ХХДТ > Паём –ҳуҷҷати тадқдирсоз

Паём –ҳуҷҷати тадқдирсоз


8-01-2020, 14:03. Разместил: orifi Паём –ҳуҷҷати тадқдирсозКумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бобати расонидани нуктаву хулосаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа баргузор кард. Дар он инчунин василаҳои тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ,интихоботи навбатии вакилон ба Парлумони кишвар ва Маҷлисҳои маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Чуноне зикр гардид, соли 2020, ки ҳамчун "Соли шинохти бештари масъулиятҳои миллӣ" шинохта шудааст, барои ҳар ташкилот ва ҳар узви ҳизб бояд давраи иқдомҳои созанда ҷиҳати иҷрои бандҳоиПаём –ҳуҷҷати тадқдирсоз Барномаи амали ҳизб гардад. Маҷлиси намояндагони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии Маркази барқию гармидиҳии Ёвон баргузор шуд.
Қобили зикр аст, ки 6 январ инчунин гурӯҳи кории КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳайати ректори ДДҲБСТ – Шарифзода М.М., собиқадори ҳизб – Солиҷонов Н., устоди ДДҲБСТ – Тюряев Ҷ. ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Баҳриддин Зиёӣ Б. ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ ва шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии Маркази саломатӣ ва ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳия ҷамъомад доир кард.
Чунин як мулоқоти гурӯҳи тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади шарҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии ДемократииПаём –ҳуҷҷати тадқдирсоз Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони шабакаҳои барқии шаҳри Бӯстон низ созмондиҳӣ ва баргузор шуд.
Вернуться назад