Офтобро мегиранд…26-12-2019, 14:58
Хабарро хонданд: 716 нафар
Назарҳо: 0
Ҳодисаҳои вобаста ба ҳолати Моҳу Офтобро «гирифтан» дар гузашта ҳам ба мушоҳида мерасид. Ман дар бачагӣ ва боз то ба ҳамин солҳои наздик шоҳид будам, кичӣ тавр баъзе аз ҳамсоягон шабона вақтетира шудани нури моҳтобро медиданд бо чӯбдасту санг ба рӯи зарфҳои филизӣ, аз љумла сатилу тағора зада, садоҳо мебароварданд. Бо ин амали онҳо торикии шаб дар ҳақиқат даҳшатнок мешуд. Аз таҳқиқу мушоҳидаҳои донишмандон дар мавриди моҳи декабр пеш омадани ҳодисаи гирифтани офтоб ду моҳ пеш тавассути сомонаҳои интернетӣ хабар дода шуд, аммо фақат 27 рӯз қабл,замони дақиқи ин падида эълон гардид. Ба гуфтаи ситорашиносон, 26 декабр ҳамагон шоҳиди ба шакли ҳалқамонанд гирифтани офтоб хоҳем буд.
Ҳодисаи астрономии «гирифтани офтоб» вақте рух медиҳад, ки Моҳтоб, ки як ҳамроҳи табиии сайёраи Заминва наздиктарин моҳвора ба Офтоб аст, пурра ё қисман хуршедро аз назари сокинони Замин мепӯшонад ва рӯзро тира месозад. Ба ин ҳодиса дурахш (вспышка ё флеш)-и пурқувват дар Офтоб ҳам рабт мегирад, ки дар масофаи дур аз сайёраи мо тундбод ва тӯфони магнитӣ ба вуљуд меорад. Дар он лаҳзаҳо, нури хуршед наметавонад ба сатҳи сайёра ворид гардад. Донишмандони ситорашинос ин ҳолатро падидаи муваққате медонанд, ки ба ҳаёти сайёра чандон таъсире намерасонад. Аз ин рӯ, набояд боиси тарсу таҳлука ва воҳимаи аҳли љомеа бошад. Дар илми ситорашиносӣ собит шудааст, ки гирифтани офтоб рӯйдоди маъмулии табиӣ буда, дар тӯли сол дар Замин аз 2 то 5 бор ба мушоҳида мерасад ва аз ин на зиёда аз ду ҳолати пурра ва ё ҳалқамонанд гирифтани хуршед аст. Гирифтани офтоб ҳангоми нав шудани моҳ ба вуқӯъ меояд ва дар ин марҳала Моҳтоб аз Замин тамоман дида намешавад. Чуноне ки директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи академияи илмҳо, доктори илмҳои физика ва математика Гулчеҳра Қоҳирова ба расонаҳо гуфт, гирифтани имсолаи офтоб (26 декабри соли 2019)ҳалқамонанд буда, дар ҳама минтақаҳои рӯи Замин дида намешавад. Барои мушоҳида шароити бештар мусоидиҳолати пурраи ҳодиса дар Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳинд, Суматра, Сингапур хоҳад буд. Дар Осиё, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, Кафқоз, Қазоқистон, Сибир ва Урал лаҳзаи гирифти Офтобро бо чашми одӣ ҳам қисман дидан мумкин хоҳад буд. Олимон падидаи имсоларо аз падидаҳои беназири табиие медонанд, ки монанди он на бештар аз як бор дар 250 сол рӯй медиҳад. Бино ба пешгӯии онҳо, љараёни гирифтани имсолаи Офтоб ҳанӯз аз 16 декабр оғоз ёфта, 6 рӯз идома меёбад ва дар бисёре аз минтақаҳои олам онро бо таљҳизоти махсус дидан мумкин аст. Дар ин ҳолат тақрибан 90 дарсади нури офтоб ба Замин намерасад. Ҳамчун оқибатҳои манфии чунин тӯфони бузурги нурӣ дар баъзе аз минтақаҳо боиси пеш омадани душворӣ дар истифодаи системаҳои алоқа ва кори таҷҳизоти дақиқро пеш оварданаш мумкин аст. Дар ин рӯзҳо, одамоне, ки ҳолати љисмашон ба вазъи обуҳаво сахт вобастагӣ дорад, эҳтимолан эҳсоси шиддат гирифтани бемориҳои куҳна (музмин), бад шудани табъу аҳвол ва хастагӣ мекунанд. Муассисаҳои пажӯҳишӣ бори аввал дар бораи сахт тира шудани хуршед 2 моҳ пеш суҳбат карданд. Аммо олимон 27 рӯз пеш аз рух додани он пешгӯиҳои дақиқдоданд, зеро маҳз дар ҳамин давра Замин дар атрофи Офтоб 1 бор гардиш мекунад. Шахсони ҳангомачӣ, ки одаташон бузург карда нишон додани падида ё рӯйдодҳост, ҳоло дар атрофи ин падида воҳима месозанд, дар бораи чанд соат ё рӯз нарасиданинури офтоб ҳикояҳои даҳшатнок мебофанд. Дар ҳоле ки астрофизикҳо мегӯянд, ин падида зиёд давом намекунад ва ба ҳаёти сайёраи Замин ва сокинонаш зарар намерасонад. Тавре Гулчеҳра Қоҳирова шарҳдодааст: «Дар Тоҷикистон ҳодисаи моҳи нав панљшанбе, 26 декабрба амал меояд. Гирифтаниофтоб соати 8:34-и вақти маҳаллӣ сар шуда, соати 13:05ба охир мерасад. Дар ин рӯз,дар минтақаи Тоҷикистон Офтоб соати 8:30-и вақти маҳаллӣ тулӯъ мекунад. Дар сурати обуҳавои хуб мушоҳидаи бахше аз қисман гирифтани Офтоб дар кишвари моҳам мумкин мебошад». Директори ин муассисаи илмӣ, инчунин, зикр кард, ки рӯйдоди гирифтани Офтоб ба саломатии инсон ва рӯзгори ҳаррӯзаи мардум таъсир намерасонад. Мушоҳидаҳои бисёрсола тасдиқ карданд, ки пас аз гирифтан ё ҳангоми гирифтан ягон ҳолати таъсири манфӣ нисбат ба инсонҳо сабт нашудаанд. Аз ин лиҳоз,ҳангоми гирифтани Офтоб одамон метавонанд чун дар рӯзҳои муқаррарӣ фаъолият намуда, ба ҳар хел иғво ё шарҳу тавзеҳи хурофотӣ эътибор надиҳанд. Агар офтоб набарояд, чӣ воқеа рӯй медиҳад? Донишмандон бар ин назаранд, ки нури офтоб ба содагӣ қатъ намешавад. Кай ва чи гуна пеш омадани ин ҳодисаро ҳам касе намедонад. Аммо онҳо чунин як вазъиятро моделсозӣ (шабеҳсозӣ) кардаанд, бинобар тасаввурашон дар сурати ба муддати тӯлонӣ ба Замин нарасидани нури ҳаётбахши офтоб дар рӯи сайёра эҳтимолан чӣ рӯй хоҳад дод. Олимон тахмин задаанд, ки ҳодисаи хомӯш шудани офтоб ба сокинони сайёра танҳо пас аз 8 дақиқаю 20 сония маълум хоҳад шуд. Ин вақтест, ки нури офтоб ба рӯи сайёраи мо мерасад. Пас аз ин, ба сайёра ҳолати шаб пеш меояд ва моҳ ҳам дар осмон нопадид хоҳад шуд. Далели олимон ин аст, ки моҳ низ танҳо дар равшании нури офтоб намоён аст. Равшании моҳ ҳамон таљаллии нури офтоб мебошад. Пажӯҳишгарон аз кор мондани тамоми моҳвораҳои сунъии Заминро, ки тайи даҳсолаҳои ахир донишмандон ба фазои сайёра сар додаанд, тахмин мезананд. Пас аз ин, ҳолати сардшавии босуръати сайёра оғоз меёбад. Дар давоми як ҳафта вазъи миёнаи ҳарорат ба 20 дараҷа мерасад. Пас аз як сол, он ба 73 ° C мерасад, вале нишонаҳои зиндагӣ то дами ба 240 ° C расидани вазъи обуҳаво ба мушоҳида хоҳад расид. Бидуни нури офтоб, фотосинтез имконнопазир аст, бинобар ин,пеш аз ҳама,растаниҳо зарар мебинанд. Дар тӯли ҳафтаҳои аввал бисёрашон мемиранд, аммо баъзе дарахтҳо аз ҳисоби захираи глюкоза метавонанд боз ду соли дигар сабз бимонанд. Марги растаниҳо, дар навбати худ, ба марги љонварон оварда мерасонад. Аз ҳама охир ҳайвоноте нобуд мешаванд, ки худ љасади ҳайвонҳои дигарро мехӯранд. Аммо дар пешгӯиҳо ин нукта ҳам таъкид мешавад, ки ин ҳолат тахминан баъд аз 400 ҳазор сол пеш омаданаш мумкин аст ва мо, сокинони сайёраи Замин имрӯзу тамоми умри ояндаи худ беташвиш ва бароҳат бояд бошему шукри рӯзгори ором, табиати зебо, бо борону барфҳояш, љорӣ шудани обҳо, дурахшидани Офтобу Моҳ дар гардуни бекаронаро кунем. Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.