Андешаҳои вакилон аз Анҷуман20-12-2019, 17:02
Хабарро хонданд: 197 нафар
Назарҳо: 0
Саидбег Мирзомуддинов,
раиси ташкилоти ибтидоии «Иттиҳод» дар Федератсияи Русия: - ҲХДТ дар панҷ соли гузашта муваффақ гардид, ки дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат тағйироти мусбат ворид кунад. Дарин давра, бори аввал ташкилоти ҳизбӣ барои кор бо муҳоҷирон таъсис ёфт ва дар давраи ҳисоботӣ ин ташкилот тавонист иқдомоти назаррасеро ҷиҳати ҳимояти муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷ аз кишвар, ҳифзи ҳуқуқу таъмини амнияти онҳо, танзими фаъолиятҳояшон ба иҷро расонад. Дар таърихи 25-солаи ҲХДТ бори аввал мо, як гурӯҳ ба намояндагӣ аз муҳоҷирон, дар анҷуман иштирок намудем ва дар бораи вазифаю душвориҳо ва нақшаҳои кор бо шаҳрвандони берун аз мамлакатбуда суҳбат кардем. Тавре дар суханронии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷуман таъкид гардид, ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати ҳалли мушкилот дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳамаи зинаҳои ҳокимияти иҷроия ва масъулияти шахсии раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони дигар мақомоти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, инчунин, бахши хусусӣ фаъолияти худро васеъ карда, ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар маҳалҳо ва ҳифзи ҳуқуқи қишри заҳматкаш ҳам дар дохили кишвар ва ҳам бо диаспораҳои тоҷикони берун аз хоки кишвар нақша ва тадбирҳои муассирро ба иҷро хоҳанд расонид. Ҷараёни анҷуман ва санадҳое, ки дар он қабул шуд, дастури муҳими фаъолияту амалкарди мо дар хориҷ хоҳанд буд. Мақсади ташкилоти мо аз Барномаи ҳизб бармеояд ва мо натанҳо барои танзими кор бо муҳоҷирон фаъолияти худро тавсеа медиҳем, балки барои паст кардани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар дохили Тоҷикистон низ иқдом хоҳем кард. Дар ин замина, мо бо ташвиқи соҳибкорони бонуфузи тоҷик, ки дар Русия ҷойгоҳ ва эътибор пайдо намудаанд, бо сармоягузорӣ дар дохили Тоҷикистон саҳм мегирем. Лозим ба зикр аст, ки танҳо дар соли ҷорӣ чанде аз соҳибкорони фаъоли мо аз Русия истода, дар иҷрои чандин лоиҳаи иқтисодию иҷтимоӣ дар минтақаҳои гуногуни кишварамон саҳм гузоштанд. Мо дар муддати фаъолияти худ, тавонистем, ки бо мақомоти давлатию ҳизбии Русия робитаи наздик дошта бошем. Аз ҷумла, бо Ҳизби «Единая Россия» иртибот барқарор намуда, сафарҳои кории мақомоти баландпояи ин ҳизбро ба Душанбе ва сафари ҳайатҳои ҳизбии ҲХДТ-ро ба Москваю дигар шаҳрҳои Русия созмон додем. Зимни гуфтушунидҳои дуҷониба дарбаробари дигар масъалаҳо, инчунин, мавзӯъҳои омӯхтани талаботи бозори меҳнатидавлатҳои қабулкунанда ва дар асоси талабот тайёр кардани мутахассисон, мутобиқ гардонидани қонунҳои амалкунандаи мамлакат оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо қонунгузории кишварҳои хориҷа баррасӣ гардиданд. Дар баробари ин, аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодҳо барои сабук кардани шароити зисту кори муҳоҷирон матраҳ шуд. Анҷумани ҳизб оғози марҳалаи тайёрии муносиб ба Интихоботи парламентии соли 2020 низ буд ва мо бо дарназардошти дастуру ҳидоятҳои раҳбарияти сиёсии ҳизбу кишвар фаъолияти ояндаи худро таҳким мебахшем. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.