БОНУВОНИ НОМВАРИ ҲИЗБИ МО11-12-2019, 17:14
Хабарро хонданд: 455 нафар
Назарҳо: 0
ҲХДТ миёни дигар аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ягона ҳизбест, ки дар сафи худ теъдоди зиёди бонувонро дорад. Дар баландтарин вазифаҳои сиёсии давлатӣ ин бонувон ҳам таври мустақим ва ғайримустақим интихоб ё таъин мегарданд. Ин ҳизб аз корманди оддӣ то аъзои ҳукумат, аз деҳқонзанон то вакил бонувони номдор дошта, занони ҳизбӣ дар ташкилотҳои гуногун ва дар ҳаёти иҷтимоии он ба ҳайси узви ҳизб бо рафтору кирдор ва фаъолияти намунавии худ, фарқ мекунанд. Зери рубрикаи “Аз анҷуман то анҷуман” тасмим гирифтем, ки андешаи чанде аз бонувони фарҳехтаи кишварро пешниҳод намоем, то хонандагон бори дигар ба обрӯ ва мавқеи занони тоҷик дар суфуфи ҲХДТ таваҷҷуҳ намуда, аз сиёсати гендерии ин ҳизб ва риояи баробарҳуқуқии занон дар кишвар огаҳӣ пайдо кунад. Ин чеҳраҳои ошно дар арафаи анҷумани навбатии ҳизби хеш ба ин андешаҳоянд. Соле, ки дар тақвим ба сарманзили хеш мерасад, воқеан аз ҳар ҷиҳат барои мардуми тоҷик ва миллати саодатёри мо дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид. Дар навбати аввал, дар поёни сол, ки аз баргузории Анҷумани гузаштаи ҲХДТ панҷ сол сипарӣ мешавад, мо ба марҳилаи натиҷагирӣ аз татбиқи амалии ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ин Ҳизби ормонҳои халқ мерасем. Аслан, саодати мардуми шарафманди тоҷик аст, ки Барномаи ҲХДТ пеш аз ҳама, ба таъмини зиндагонии шоистаи мардуми тоҷик равона шуда, марому мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ба таври шоиста таҷассум ёфтааст. Аз ин рӯ, бо камоли ифтихор метавон изҳор дошт, ки аз Анҷумани гузашта то Анҷумани навбатӣ ҳар сол мардуми тоҷик бо номаи ҳидоят ва барномаи фардоофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ, ки чун Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон гирифтааст, шурӯъ мекунанд. Ин Паёмҳо дар баробари шореҳи барномаҳои муҳими сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат будан, номаи раҳнамои мардуми кишвар ба сӯи анҷоми корномаҳои созанда ва расидан ба ҳадафҳои наҷиби таъмини зиндагонии шоистаи худи он ба шумор меравад. Иқболи накӯи тоҷикону тоҷикистониён аст, ки ҳар сол барномаи ҳадафманди зиндагонии хешро аз тариқи ин Паёми роҳкушо ба сӯи корномаҳои бузург ҳамоҳанг мекунанд, то рӯзгори саршори мақсадҳои наҷиби хешро дар қаламрави сол бо саодату хушбахтӣ идома диҳанд. Аз ин лиҳоз, барномаю ҳадафҳои фардозои ҲХДТ ҳамчун ҳизби фардосоз ба ҳадафҳои бузурги миллат ва мардуми тоҷик пайванд ёфтааст, ки аз ҳидоятномаи Пешвои миллат дар Анҷумани гузашта оғоз ёфта, ҳамасола, дар Паёмҳои солона марҳила ба марҳила ё сол то сол мавриди амал қарор гирифтани муҳимтарин нуктаҳои суханронии Раиси муаззами ҳизб ва Паёмҳои раҳнамояндаи миллат ва номаи саодати мардум ҷой гирифтаанд. Аз муҳимтарин падидаҳои нодире, ки аз Анҷумани гузашта то ба Анҷумани навбатӣ насиби мардуми тоҷик гардид, расмияти сиёсӣ касб намудани ташаббуси навбатии Пешвои миллат оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба шумор меравад, ки хушбахтона дар маросими оғози он дар моҳи марти соли 2018 бевосита Сарвари давлат ва Раиси муаззами ҳизби мо ҳамчун ташаббускори асосии ин тадбири бузурги ҷаҳонӣ ширкат ва суханронӣ намуданд. Истиқболи ин ташаббус аз ҷониби зиёда аз 170 кишвари ҷаҳонӣ худ шореҳи нуфузи байналмилалии мақоми Тоҷикистон ва Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Дар баробари ин барномарезиҳои ҳадафманд, соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки дар самти муаррифии имкониятҳои кишвари мо нақши муассир гузошт. Ҳосилу самараи матлуби он буд, ки дар Паёми Пешвои миллат аз моҳи декабри соли 2018 солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Дар ростои ин роҳи бузург, ки ҳамрадиф ба татбиқи ҳадафҳои бузурги созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён мегирад, дар фосилаи аз эълони барномаҳои он дар Анҷумани гузашта то кунун мо шоҳиди анҷоми ҳазорон тадбирҳои созандагӣ дар саросари Тоҷикистони азизи мо гардидем, ки бунёди силсилаи боғҳо, маҷмаа ва кохҳои фарҳангӣ, муассисаҳои маърифатӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар иншоот, таҷдиду тармими мақбара ва мазороти мубораки бузургони илму маориф ва адабиёт ва амсоли ин маҳсуб мешавад, ки ҳамагӣ ба таъмини рушди имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба унвони яке аз падидаҳои муҳими ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ дар кишвари мо нақши муҳим гузоштанд. Бузургтарин тамоюле, ки яке аз самтҳои муҳими Барномаи панҷсолаи ҲХДТ муқаррар ва саодати онро барои мардуми тоҷик шарҳу тафсир намуд, дар Паёми Пешвои миллат аз моҳи декабри соли 2018 эълони ҳадафи чоруми статегии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати мамлакат ба шумор меравад. Мо ҳамагон шоҳиди он гардидем, ки дар раванди амалкарди муҳимтарин барномаҳои ин ҳадафи бузург давоми панҷ соли охир аллакай дар кишвар тадбирҳои сарнавиштсози миллӣ аз сар гирифта шуданд. Бунёди чандин коргоҳҳои саноатӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, гузоштани санги асос бар чандин корхонаҳои дигар вобаста ба барномаҳои рушди деҳот дар минтақаҳои дурдаст аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бо такяи бар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ тадбирҳои созандагӣ дар самти саноатикунонии мамлакат аз аввалин соли он рӯ ба рушд оварда, имкониятҳои саноати кӯҳии Тоҷикистон бештар муаррифӣ мегардад. Тоҷикистони азизи мо, ки тавассути раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, ҳамасола роҳи рушди устуворро тай мекунад, имсол низ дар доираи мавриди амал қарор додани дастуру раҳнамоиҳои Пешвои миллат дар Анҷумани гузашта, то Анҷумани навбатие, ки мо бо камоли садоқату ихлос ва иродати тамом интизори он ҳастем, ҷодаи саршори муваффақиятҳоро дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ сипарӣ намуд. Барномаҳои бузурги созандагӣ дар заминаи рушди маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ ҳамагӣ муфассири саодати шарафи мардуми Тоҷикистон ба дастовардҳои наҷиб ва дар умум, расидан ба зиндагонии шоиста ба шумор мераванд. Ҳамакнун, бо нишоту комронӣ ва саодати маънавӣ ҳамагон мунтазири Анҷумани навбатии ҲХДТ ва манзури барномаи навбатии панҷсолаи ҳизб аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ҳастем, ки моро давоми боз панҷ соли дигар ба сӯи музаффариятҳои нав ба нав ва саодату комгориҳои беназир, ки марҳила ба марҳила моро ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайвандад, ҳастем. Боварии комил дорем, ки дар ин ҷода кулли аъзои ҲХДТ бо сарбаландӣ, матонат, устуворӣ ва садоқат ба ормонҳои Ҳизби ормонии хеш қадам гузошта, дар таъмини фардои босаодати хеш, татбиқи барномаҳои бузурги созандагӣ саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Ғаффорӣ Назира Абдуллозода,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, собиқ муовини раиси маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ муовини раиси вилояти Суғд, |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.