Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳизби зодаи Истиқлол

Ҳизби зодаи Истиқлол

5-12-2019, 16:02
Хабарро хонданд: 678 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизби зодаи Истиқлол
Дар заминаи фарҳанги хоси маҳал расму ойин, қонуну қоида роиҷ ҳастанд, ки дар тӯли қарнҳо бо зарурияти вақту замон ва шароити ҷойи зист эҷод шуда, одамон ба ҷо овардани унсурҳои онҳоро вазифаи муқаддаси худ меҳисобанд.
Таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ ҳам зарурияти вақту замон буда, ҳамақидаҳо дар чавкоти қонуну қоидаи амалкунандаи давлат ниҳоди худро бунёд гузошта, дар асоси Оиннома корҳои сиёсиашонро пеш мебаранд. Муҳимияти ин кор дар ҳамин, ки роҳбарияти ҳизб кӣ бошад, қобилият ва дониши пешбарии корҳои сиёсиаш то чи андоза баланд буда, бо кадом амру ният корҳои сиёсиро ташкилу созмон медиҳад?
Яке аз ҳадафҳои меҳварии ниҳодҳои сиёсӣ аз тариқи интихобот ба даст овардани ҳокимият ва мустаҳкам намудани қонуну қоидаи давлатдорӣ дар мамлакат мебошад.
Мо дар зиндагии худ шоҳиди ду воқеаи муҳими сиёсӣ шудем.
Аввалан, паст рафтани шаъну шарафи Ҳизби Коммунист дар замони барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва дуюм, ба арсаи сиёсат омадани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Дар вақти даргириҳои дохили кишвар ҳизби тавоною доро Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон аз уҳдаи идора кардани давлат ва сарҷамъ намудани халқи ба шӯӯр омада набаромад. Ҳизбу ҳаракатҳои навпадидомада, дар ҷамъомадҳою суханронӣ, дар гирдиҳамоӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, телевизиону радио тамоми нобасомониро ба гарданаш бор мекарданд.
Шарфаи бадбинӣ нисбат ба коммунистон дар марказ- шаҳри Москва мавҷ зада, дар моҷарои Котиби генералии Партияи Коммунистӣ Михаил Горбачёв ва Борис Элсин моддаи 6 аз Конститутсияи СССР хориҷ карда шуд. Дар натиҷа Партияи Коммунистӣ мақоми авангардии худро аз даст дода, ба ин минвол, қудрату тавонии ин ҳизб дар дигар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ низ харобу бепоя шуд.
Мусаллам аст, ки Ҳизби Коммунист (КПСС) дар Русия тавлид ёфт ва риштаи умраш низ дар ин кишвар аз ҳам гусаст. Маҳаки меварии Ҳизби Коммунист дар Москав буда, моҷарои аз Конститутсия баровардани мақоми он ҳам дар Кремл сар зад. Аз ин лиҳоз, дили аксари халқ бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аз сарварон ва КПСС хунук шудан гирифт. Агар аз рӯйи ҳақиқати ҳол ба тавлиди ин ҳизб зеҳн монем, он аз дигар ҷо ба кишварамон омадааст.
Дар сароѓози соҳибистиқлолии кишвар дар мо гурӯҳу ҳизбҳо, ҳаракатҳои махфиёнаю рӯйирост пайдогардида, баъзеашон манфиати шахсӣ, маҳалу дигар ниятҳоро ҳимоя карда, хатари аз ҳам ҷудошавии қисматҳои Тоҷикистонро ба миён овард. Ҳокимияти давлатӣ қудрати идоракуниро аз даст дод. Гурӯҳу ҳизбҳо, ҳаракатҳои навпадидомада, даст ба ҷинояту куштор зада, ин кор ба як бенизомӣ оварда расонд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гарчанд аз майдони набарди ҷанги андарунӣ дар канор буд, вале дуди ѓализи он аз дигар шаҳру ноҳияҳо омада расид. Бахусус, шаҳри Хоруѓ ба плотсдарми гурӯҳҳои силоҳдори марзшикан, қочоқи маводи мухаддир ва дигар бенизомиҳо мубаддал гашт. Аз ҷониби дигар таҳдиди камчинии ѓизо рӯйи кор омад. Хусусан қуввае набуд, ки мардумро аз вартаи ҷангу бенизомӣ, ҳамдигарбадбинӣ ва фақру камбизоатӣ наҷот бахшад.
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисҳои ҳизбӣ борҳо аз боби таъсиси ин ҳизб чунин қайд намудаанд: «Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро созмон додем. Дар сафҳои он аз рӯзи аввал мардуми одӣ ҷамъ омадаанд. Ҳеҷ гуна элитаи хос надоштем. Ин элитаи ба вуҷудомадаи худрӯи халқист, ки баъдтар ба он зиёиён ва намояндагони элитаи сиёсии кишвар низ пайваста як модели хуби ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварданд… Мо ба хотири ваҳдати миллӣ дар сафҳои ин ҳизб ҳам коммунистон, ҳам демократҳо, ҳам аъзои Растохезу ҳам диндорон, ҳам фронти халқиву ҳам намояндагони аҳзоби мухолифро пазируфтем.Зеро ѓояи аслии ҳизби мо, ки дар давраи ҷангу ҷидол ҳамчун як қувваи сиёсии муътадил ба вуҷуд омада буд, ин пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ буд».
Аз ин сухани волои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меояд, ки таъсиси ин ҳизб дар марҳилаи ҳассос барои тоҷикистониён хеле зарур буд ва ин ҳизб аз мулки дигар наомад ва дар хоки Ватанамон таҳти роҳнамоии Пешвои миллат созмон ёфт. Албатта, он вақт аз ҳамаи муҳим барои мардуми азияткашида хомӯш кардани оташи ҷанг ва таъмини саросарии ваҳдати миллӣ буд, ки роҳбарияти ҳизб дар ин ҷода гомҳои устувор гузошта будаанд.
Яке аз муваффақияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамин буд, ки замони ба арсаи сиёсат омаданаш, зимоми давлатдорӣ дар дасти роҳбарияти олиаш буд. Халқи азияткашидаи кишвар ба донишу қобилият, иродаю қаҳрамонӣ, сиёсати сулҳҷӯёна, амали оқилонаю орифонаи Эмомалӣ Раҳмон аллакай боварӣ ва итминони комил пайдо намудаанд.
Маҳбубияти баланд, дар байни халқ доштани пешвои ҳизб соҳибэҳтиром Эмомалӣ Раҳмон барои ин ниҳод сармояи бузурги сиёсӣ овард, нуфузи ҳизбро дар ҷомеа тавсеа бахшид, онро аз ҷиҳати миқдору сифат афзун гардонд.
Ѓояи сиёсию иҷтимоии ин ҳизбро аксари мардум тарафдорӣ карданд. Он тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи барномаи худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзоёнаш ва бо дастгирии нерӯҳои дигари сиёсии солимфикри ҷамъиятӣ барои барҳам додани ихтилофоти дохилӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдат, гузаронидани ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ талош варзида, дар ташкили сохторҳои нави давлатӣ саҳми арзанда гузошт.
Санаи мубораки 18-уми апрели соли 1998 барои ҳизбиён рӯзи фаромӯшнашаванда аст, ки дар ин рӯзи хуҷаста ба бахти мо Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардид ва аз ин лаҳза сар карда, дар ҳаёти ин ҳизб бузургтарин рӯйдодҳо падид омадан гирифтанд.
Устоди зиндаёд, Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар хотираҳояш овардааст: «Мо санаи 18-уми апрели соли 1998 – ро ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонем. Ба бахти ҳамаи мо, ҳизбиён, Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардиду дар ҳаёти ҳизб як ҷунбиши тоза, як шукӯҳи ҳайратовар рӯи кор омад. Акнун ба ин ҳизби бонуфӯз намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа омада, аъзо мешуданд. Дар яке аз суҳбатҳои навбатиам бо чанд нафари гуногунсолу гуногункасб суол кардам, ки чӣ таваҷҷуҳи шуморо бедор кард, ки узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шудед. Ҷавобҳо сода, вале диққатангез буданд. Яке мегуфт, ки ин ҳизби Эмомалӣ Раҳмон аст ва мо ба вай боварии зиёд дорем. Дигаре иброз медошт, ки ин ҳизби адолати иҷтимоӣ аст. Ин ҳизб барои барҳам додани маҳалгароӣ мубориза мебарад, мегуфт дигаре. – Мо халқ ҳастем, - бурро ҷавоб дод панҷоҳсолае, -ин ҳизб бошад, ҳизби мо аст». («Ёди он айём», соли 2009, ш. Хоруѓ).
Таъсиси нахустин ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба соли 1998 рост меояд. Нахустин нафароне, ки моҳияти ин ҳизбро дониста ба сафи он дохил шуданд, Устоди зиндаёд Ширин Бунёд, Алимамад Ниёзмамадов, Қодири Қосим, Шодибек Қиличбеков, Шофақир Ҷумъаев, Худоӣ Қурбонҳусейнов, Бибигул Ҷумъаева, Раҳмат Баҳромов, Хушқадам Асматтулоев, Сайфулло Давлатшоев, Атобек Амирбеков, Раънои Мубориз, Назарбегим Муборакшоева, Зӯҳро Ҳокимбекова, Анҷирбегим Мақбулшоева ва чанди дигарон буданд. Дар ин сол ҳамагӣ 12 ташкилоти ҳизбӣ 189 нафар намояндагони беҳтарини зиёӣ, коргару кишоварзро фаро гирифта бошад, 1-уми январи соли 2009 теъдоди ташкилотҳо ба 277 ва сафи аъзо ба 7000 нафар расонда шуд. Агар вазъи имрӯзро бо он солҳо дар муқоиса монем, ба қавли Ҳофизи бузургвор «Бубин тавофути роҳ аз куҷо то ба куҷост?» - ро ба ёд меорад.
Айни ҳозир шумораи ташкилотҳои ҳизбӣ дар вилоят ба 386 - то ва сафи аъзо ба зиёда аз 19600 нафар расид, аз ин 8254 нафар ҷинси латиф ва 8778 нафарро қишри ояндадори кишвар ҷавонон ташкил медиҳад.
Ҳар рӯз шумораи аризаи хоҳишмандон барои дохил шудан ба сафи ҳизб дар ташкилотҳо афзуда истодааст. Ин чиз аз нуфузи волои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Ваҳдати комили миллӣ, ободонию рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои мамлакат, муҳайё шудани рушди устувори иқтисодию зиндагии шоистаи мардум ва мақоми манзалати баланди Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсии кишвар ва берун аз он далолат медиҳад.
Боиси қайд аст, ки ҳамагуна корҳои азиму бузургпоя, мисли бунёду ба истифода додани иншоотҳои энергетикӣ, коммуникатсионӣ, коркарди маъдану маҳсулоти ниёзи мардум, хуллас рӯйдодҳои фараҳманди Ватан, ки бо иқдоми Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешаванд, аз Барномаҳои созандаи ҳизбамон маншаъ мегиранд.
Тибқи барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар се самти сиёсати стратегии мамлакат: истиқлолияти энергетикӣ, аз инвизои коммуникатсионӣ раҳо бахшидани мамлакат ва амнияти озуқавории кишвар қадамҳои устувору назаррас гузошта шуда, ҳадафи чорум саноатикунонии соҳаҳои мамлакат бо маром идома дорад.

Ҷонибеки Қозибек,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: