Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бонувони фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд

Бонувони фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд

2-12-2019, 12:21
Хабарро хонданд: 344 нафар
Назарҳо: 0
Бонувони фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд
29 ноябр занони фаъоли Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар доираи курси омӯзишии «Сарвариро меомӯзем» ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон омада, бо осори ниёгон ва дастовардҳои даврони истиқлолият шинос гардиданд.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, меҳмононро шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузарониданд.

Сайри осорхонавии меҳмонон аз шуъбаи табиати Осорхонаи миллӣ шурӯъ гардида, ба меҳмонон оид ба мавқеи географии Тоҷикистон, иқлим, сарватҳои табиӣ ва конҳо, олами ҳайвоноту растаниҳо ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.

Ҳамчунин дар ин шуъба бо олами ҳайвоноти Тоҷикистон тавассути диограммаҳои «Помир», «Баландкӯҳ», «Чилдухтарон», «Дашти Ҷум» ва «Бешаи палангон» шинос шуданд.

Меҳмонон дар шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, бо бозёфтҳои «Саразм», толори «Оини Зардуштия», «Империяи Ҳахоманишиҳо», «Давлати Юнону Бохтар», «Империяи Кушониён», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», «Дайри Буддоии Аҷинатеппа», «Сомониён», толорҳои «Хушнависӣ» ва «Сиккаҳо» шинос шуданд.

Дар шуъбаи таърихи нав ва навтарин ҳаёти мардуми тоҷик дар солҳои 1917-1990 муаррифӣ гардида, дар толори «Истиқлолият»-и ин шуъба ба меҳмонон дастовардҳои мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш муаррифӣ гардиданд.

Инчунин аз толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар он ҳадяҳои аз ҷониби шахсиятҳои гуногуни ҷаҳонӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдошуда ба маърази тамошо гузошта шудаанд, дидан намуданд.

Меҳмонон бо диққати махсус экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуда, оид ба таърихи бой ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик маълумот пайдо намуданд.

Занони фаъоли Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ андешаҳои худро оид ба боздиди толорҳои намоишии Осорхона дар китоби «Меҳмонони фахрии Осорхонаи миллии Тоҷикистон» дарҷ намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: