Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд

28-11-2019, 09:44
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд 27 ноябр дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Жээнбеков мулоқот карданд.

Дар мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби СААД мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон бо такя ба принсипҳои дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ, ба масъалаи тавсеа ва таҳкими ҳамаи ҷанбаҳои ҳамгироӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, аҳамияти махсус медиҳад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории кишварҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти вохӯрӣ татбиқи тавофуқоти дуҷониба оид ба масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатии байни ду кишвар муҳокима гардид.

Гуфтугуи судманд ҳамчунин доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо сурат гирифт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: