Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «ШАҲНАВОЗИ МИЛЛАТИ МО, ШАҲСУТУНИ ДАВЛАТИ МО…»

«ШАҲНАВОЗИ МИЛЛАТИ МО, ШАҲСУТУНИ ДАВЛАТИ МО…»

17-11-2019, 17:45
Хабарро хонданд: 211 нафар
Назарҳо: 0
«ШАҲНАВОЗИ МИЛЛАТИ МО, ШАҲСУТУНИ ДАВЛАТИ МО…» Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рўзи Президент таҷлил карда мешавад. Чунин тадбир бо назардошти хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини мамлакат, барои корнамоиҳои беназир дар роҳи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ роҳандозӣ шудааст. Раиси Шӯрои Иттифоқи соҳибкорони Тоҷикистон Некрӯй ЗАБИРЗОДА ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин баён намуд:

— 28 сол қабл беш аз 7 миллион тоҷик дар ҷазираи буҳрони парокандашавӣ савори киштии шикаста буда, аз соҳили мурод дараке набуд. Фақат раҳми Худовандӣ моҳи ноябри соли 1992 боз як имкони зистану будани миллати тоҷикро ато намуд. Касе ихтиёрӣ наҷоти миллатро бар дӯш намегирифт. Мардуми дар муҳосираи иқтисодӣ ва асорати силоҳбадастон монда, нобуд мешуд. 16 ноябри ҳамон сол ақли солим ғолиб омад. Вакилони мардумӣ марди ҷасур, вакили ошкоргӯй ва пок аз олудагиҳои сиёсии замонро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб карданд. Сарвари ҷавони мо танҳо ду чиз: нон ва сулҳро ба мардуми хеш ваъда дод. Аз он лаҳзаҳо нуқтаи гардиши куллии тақдири тоҷикон оғоз шуд. Ҳоло ҳам аҳолии мамлакат он рӯзҳоро шоҳид ҳастанд, ки дар тӯли ду ҳафта аллакай авзои сиёсӣ ва низомии мамлакатро аз ҳолати талафот нигоҳ дошт. Дар нахустин муроҷиати расмиаш Сарвари давлат ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дод, ки ягон қувва наметавонад озодӣ, истиқлолият ва шӯҳрати таърихи миллати тоҷикро коста намояд. Дар ин бора муаррихону публитсистон асарҳо ва тадқиқоти ҷолибро анҷом додаанд. Аз ин рӯ, ман ба ин дахл намекунам.

Вале дар мавриди сулҳофарӣ ва ҳалли низоъ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҷрибаи ҷаҳонӣ модели нав кашф намуданд. Низоъ табиатан аз “ман”-у “ту” сар мешавад. Ин ду қутб сангари набард ба вуҷуд меоранд. Ҳар ду самти сангар аз неру пур мешавад. Даргириҳои ду самт бахусус дар илми ҷомеашиносӣ ба таври оммавӣ хеле дароз тӯл мекашанд. Маҳз кашфиёти бузурги Пешвои миллат он аст, ки дар фосилаи набарди гузашт роҳ кушоданд. Ин сулҳест, ки маъруфтарин муборизони сулҳ Ҷавоҳирлаъл Неру, Патрис Лумумба, Мартин Лютир Кинг, Нелсон Мандела онро орзу мекарданд. Дар баробари гузашт Пешвои миллат чун сиёсатмадори дурандеш хулоса бароварданд, ки низоъ вируси дермиранда буда, дар натиҷаи ҷузъитарин иштибоҳ аз нав хурӯҷ хоҳад кард. Аз ин рӯ дар қадами дуюм бо неруҳои самти муқобил ҳамкории судманд барои бунёдкорӣ барқарор бояд намуд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз дар кишварҳои дучори даргириҳо истифода мешавад. Мутаассифона, имрӯз мо дар фазои оромию осудагӣ зиста, аз он танҳо дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ ёдрас мешавем. Бояд Академияи таҷрибаи сулҳи Пешвои миллат таъсис ёфта, тамоми ҷузъиёти он чун воситаи таълимӣ нашр гардад.

Дар ин маврид дар Аврупо созмонҳои байналмилалӣ таъсис ёфта, фаъолият мекунанд, чун Бунёди байналмиллалии Франс Аденаэри Германия, Институти “Ҷанг ва Сулҳ“-и Британияи Кабир, ки оид ба моделҳои мухталифи сулҳ ва оштии оммавӣ-миллӣ, пешгирии низоъҳо корҳои шоён мебаранд.

Ҳамзамон бояд зикр кард, ки фосилаи байни ин шуҷоати таърихӣ ва наслҳои имрӯза дароз мешавад. Насли нав аллакай аз нон серу дорои мактабҳои барҳаво буда, дастрасӣ ба интернет дорад. Ва имрӯз ин насл ҳанӯз кам медонад, ки Пешвои миллат даҳ сол бо заҳмати шабонарӯзӣ дар утоқи кориашон шабро рӯз мекарданд. Аз ин рӯ, бояд дар барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ фанни Пешвошиносӣ ҷорӣ гардад.

Ба насли наврас, ки саропо дар шабакаҳои интернет, толорҳои маърифатӣ тавассути мӯъҷизаи барқ вақт сарф мекунанд, шарҳ додани Барномаи истиқлолияти энергетикии Пешвои миллат хеле зарур аст. Бемуболиға, қариб 80 фоизи таърихи навини мо ба рушди ин соҳа марбут аст.

Пешвои миллат наҷоти иқтисодиро дар бунёди НБО “Роғун” муқаррар карданд. Аммо иддае аз роҳбарон ин сохтмонро серхарҷ ва барои иқтисод камфоида ҳисоб мекарданд. Ҳатто бо баҳонаи мавқеи ноустувори сейсмологӣ ин сохтмонро хатарнок мешумурданд. Мо баъд, хеле дер фаҳмидем, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ низ душманони Тоҷикистон хеле кӯшиш ба харҷ медодаанд, то ин нақша амалӣ нашавад. Аммо сохтмони ин неругоҳ барои Тоҷикистон ва минтақа аҳамияти стратегӣ дорад. Сарҳади ҷануб бояд саноати вазнини замонавӣ дошта бошад. Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон барои роҳ кушодан ба уқёнуси Ҳинд ва наздик омадан ба Осиёи Ҷанубӣ- минтиқаи зери таъсири иттиҳодияҳои экстремистӣ ва террористӣ мусоидат менамояд.

Аз як далели таърихӣ набояд сарфи назар кард. Неругоҳи Норакро 15 ҷумҳурии Иттиҳодияи Шӯравӣ, 260 вазорату идораҳо ва иттиҳодияҳо бо ситоди марказӣ дар шаҳри Москва сохтанд. Аммо Неругоҳи “Роғун” танҳо маҳсули дастранҷи Пешвои миллат ва мардуми тоҷик аст. Ситоди марказии он дили Пешвои миллат мебошад. Инак дар фасли хазонрез хонадони моро Нури Раҳмонӣ мунаввар мекунад. Ин қаҳрамонии ҷовидониро ман танҳо бо забони шеър баён карда метавонам:

Марди мардӣ, марди фардӣ дар замину дар замона,

Дар дили мардум ниҳодӣ аз садоқат ошёна.

Чеҳраи пурнури ту шуд нури бахти миллати мо,

Шаҳнавози миллати мо, шаҳсутуни давлати мо

Ҷамъ кардӣ миллати садпораи тоҷики моро,

Шуъларезон кардӣ шоми талхи мо, торики моро.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: