дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Франсия мулоқот карданд.
Дар мулоқот дурнамои ҳамкорӣ ва имконоту иқтидори Тоҷикистону Франсия барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ муҳокима гардид.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Франсия Кристофф Фантен ифтитоҳ кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ва муаррифии имконоти сармоягузории Тоҷикистон мулоқоти имрӯзаро омили муҳими рушду тавсеаи ҳамкорӣ байни намояндагони соҳаҳои гуногуни ду кишвари дӯст арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои шарикӣ бо Франсия баҳои баланд медиҳад ва рушди равобити судманд бо онро дар сиёсати хориҷии худ аз самтҳои муҳим мешуморад.
Пешниҳод гардид, ки барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар тавсеаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар бахшҳои ояндадор, аз қабили рушди минбаъдаи гидроэнергетика, инфрасохтори транзитӣ, саноат, аз ҷумла саноати сабук, хурокворӣ ва химиявӣ, мошинсозӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзӣ то ба содирот баровардани он, амалӣ карда шавад.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Франсия, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни ширкатҳои ду кишвар баррасӣ гардида, таъсиси Агентии рушди Франсия дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 ширкату коргоҳҳои фаронсавӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Дар ҷараёни мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Франсия ҳамчунин захираҳои бойи табиии Тоҷикистон аз қабили об, сангҳои қиматбаҳо, металҳои ранга ва сиёҳ, инчунин дигар канданиҳои фоиданок, имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, парвариши меваҳои баландсифат, сабзавот ва пахта, муаррифӣ карда шуд.
Дар чорабинӣ аз тарафи Франсия намояндаи махсуси Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия оид ба Осиёи Марказӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои бонуфузи Аэробус (AIRBUS), Клустер Монтейҷн (CLUSTER MONTAGNE), Фивз (FIVES), Групп Иннитера (GROUP INNITHERA), Сафран (SAFRAN), Шевер (SCHIEVER), Талес (THALES), Тотал (TOTAL), Трактебел Инҷиниринг (TRACTEBEL ENGINEERING) ва Медеф Интернасионал (MEDEF INTERNATIONAL) баромад карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ баҳои баланд доданд ва ҳавасмандии худро баҳри иштирок дар рушду густариши иқтисодиёти Тоҷикистон иброз доштанд.
Дар охир аз доираҳои соҳибкорию сармоягузории Франсия даъват ба амал оварда шуд, ки ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо имкониятҳои тиҷоратию сармоягузории кишвари мо аз наздик шинос шаванд.
Дар мулоқот байни ҷонибҳо мубоҳисаи хубу доманадор барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ сурат гирифт.
Дар ҳамин ҷо барои рушду густариши муносибатҳои тиҷоратӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонда шуд:
Ёддошти тафоҳум оиди ҳамкорӣ миёни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» ва Ассотсиатсияи «MEDEF International»-и Ҷумҳурии Фаронса.
Созишномаи ҳамкорӣ байни Ширкати “Талко”-и Тоҷикистон ва Ширкати фаронсавии Фивз (Fives) бо маблағи 200 миллион евро, дар марҳилаи аввал 52 миллион евро барои таҷдиди коргоҳи анодпазии “Талко”. Мавриди зикр аст, ки 45 сол қабл коргоҳи анодпазӣ аз тарафи Ширкати “Фивз” сохта шуда буд.
Созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ байни Ширкати Талко, Ширкати фаронсавии Фивз (Fives) ва Ширкати олмонии Риедҳаммер (Riedhammer) оид ба воридоти технологияи муосир барои коргоҳи анодпазии Ширкати Талко.
Созишномаи ҳамкорӣ байни Ширкати “Аэробус”-и аврупоӣ ва Ширкати ҳавопаймоии “Сомонэйр”-и Тоҷикистон оид ба ворид кардани чархболҳо.
Мавриди зикр аст, ки Ширкати “Сомонэйр” аллакай як адад чархболро ба Тоҷикистон ворид кардааст ва боз 5 чархболи дигар ворид мегардад.
Созишномаи байни ширкати фаронсавии “Лабаротория ИННОТЕК интернасионал” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сифат ФАРМА”-и Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фармасевтӣ.
Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амид”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Шивер Групп”-и Ҷумҳурии Фаронса оид ба ташкил намудани маркази савдо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” ва Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии “ITC School Ecole42”.