Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БОНУВОН БО НАҚШИ АРЗАНДА ДАР ҲИЗБ

БОНУВОН БО НАҚШИ АРЗАНДА ДАР ҲИЗБ

26-09-2019, 16:59
Хабарро хонданд: 698 нафар
Назарҳо: 0
БОНУВОН БО НАҚШИ АРЗАНДА ДАР ҲИЗБ
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 бо ташаббус ва пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як фазои хеле вазнин таъсис дода шуд. Дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва аз таъсис додани як ҳизби сиёсӣ мардум шояд таѓйироти ҷиддиеро ҳам умедвор набуданд. Зеро замони ҷанг мардум ба ҷуз сулҳ, оромӣ ва нон дигар ба чизе таваҷҷӯҳ надоштанд. Вале бо мурури замон ва роҳбарии бевоситаи Раиси муаззами ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон он ба як ҳизби пешбаранда, комгор, муваффақ ва созанда табдил ёфт.
ҲХДТ дар як давраи хеле ҳасос таъсис ёфт ва дар як муддати хеле кутоҳ дар фазои сиёсии ҷомеа ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ҳалқро ҳадафи аслӣ ва асоси Барномаву Оинномаи хеш эълон дошт ва бо ин васила дар дили мардум ҷой гирифта, ҳизби мардумӣ гашт.
Имсол аз таъсиси Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон 25 сол сипарӣ мегардад. Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2015-2020, ки он бо барномаҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ҳамоҳанганд, таҳти шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ва зиндагии шоистаи мардум» амалӣ мешавад, инак дар авҷи иҷроиш аст.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ба қарибӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии ду насл таҳти унвони «Нақши ҲХДТ дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» бахшида ба ин санаи муҳим, 25- солагии таъсисёбии ҳизб доир гашт.
Дар ин ҳамоиш бонувони фаъоли даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки дар давраҳои хеле вазнин дар сатҳи роҳбари кору фаъолият намудаанд, бо гурӯҳи ҷавонон дар шаҳри Душанбе мулоқот намуданд.
Имрӯз шумораи занон дар сафи ҳизб аз 484437 нафар аъзои он, 232343 нафарро ташкил медиҳанд, ки ин 47, 9% мебошад. Ин теъдод нишонаи баланди ширкати фаъоли сиёсии бонувон аст.
Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паёму мулоқотҳо ва суханрониҳояшон масъалаи боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва бо шуѓли пурмаҳсул фаро гирифтани онҳоро ҳамеша ба миён мегузоранд, ки мояи сарафрозии бонувон аст.
Аз ҷумла, соли 1998 бо қарори Ҳукумати мамлакат «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998 — 2005» тасдиқ гардид. Санади муҳими дигар дар ин самт- ин Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки он бори дигар дунявӣ будани ҷомеаи Тоҷикистонро таъкид месозад.
Фаъолияти пурсамари занон ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳибкорони муваффақ ва доктору профессорон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат ҳам ин фармони сарнавиштсози Президенти муҳтарамамон самараҳои нек ба бор оварда истодааст.
Суҳбатро бо ҷавонон Муҳтарама Аскарова – аввалин мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ оѓоз карда дар бораи қадамҳои нахустини занон дар фаъолияти сиёсии ҳизбӣ, вазъи сиёсӣ 25 – сол муқаддам, ба ҳозирин хотираҳои хешро ироа намуд.
Имрӯз дар Парлумони кишвар аз 63 нафар вакилони Маҷлиси намояндагони МОҶТ 13 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар қатори ин бонувони фаъол Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Шарифӣ, собиқ мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ фаъолият дорад, ки ӯ низ ба ин ҳамоиш даъват гашта буд.
Фирӯза Шарифӣ аз ширкати занон дар эҷоди қонун ва ба рӯзгори мардум қарин кардани қонунҳо, аз таҷрибаи хеш дар кори ҳизбӣ ва вакилӣ, аз он ки ҳизби сиёсӣ то кадом андоза барои рушди сиёсии занон нақш дорад, сӯҳбат кард.
Барои таъмини иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва идора намудани давлат бо ташаббуси Пешвои миллат то имрӯз санадҳои меъёрию ҳуқуқии гуногун қабул гардидаанд, ки онҳо дар баланд бардоштани мақоми занон нақши муҳим мебозанд.
Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2020» тасдиқ гардид.
Тамоми санадҳои қабулгардида ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъоли онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарон замина гузоштанд. Дар ин маврид Марҳабо Ҷабборӣ ба ҳозирин аз таҷрибаи кории худ бо ин солҳо ёдовар гашт.
-Занҳо қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа ҳастанд, аз ин лиҳоз, ҳар чи қадаре сатҳи маънавиёти онҳо баланд гардад, ҳамон андоза андешаҳояшон озоду рӯзгорашон обод гардида,ба рушди ҷомеа мусоидат менамоянд. Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ѓамхорӣ дар ҳаққи ӯ дар як вақт ѓамхорӣ дар ҳаққи миллат ва ояндаи он-насли наврас низ мебошад. Маҳз муттаҳидӣ,нангу номуси миллӣ,ватандорӣ ,худшиносӣ,ки аз тарбияи модарон ибтидо мегирад,ҷомеаи моро метавонад ободтар карда,аз ҳама гуна мушкилот ва норасогиҳо бираҳонад, - гуфт ташаббускору гардонандаи ин ҳамоиш Заррина Зуҳурова- мудири бахши занони КИМ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе.
Зани тоҷик имрӯз пешбарандаи сиёсати дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлат аст. Ӯ муаррифгар ва тарѓибгари сиёсати сиёсии сиёсати иқтисодӣ ва ҳамзамон пешбарандаи рисолати азалии худ - модари тоҷик аст, ки дар баробари сиёсатмадор будан, тарбиятгари фарзанд, модари мушфиқ ва ҳамсари меҳрубон буданро низ ба дӯш дорад. Аксар занони ба ин ҳамоиш даъватшуда аз ҳамин зумра бонувон буданд.
Дар вохурии мазкур зани соҳибтаҷриба, бонуи хушном, ки умре касби мардона бар дӯш дошт, инженер- кӯпруксози машҳур - Робия Завқиева низ аз меҳнати пуршарафи солиёни зиёд кардаи хеш, барои ҷавондухтарон қиссаҳо кард.

-Дар шаҳри Душанбе 865 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият намуда, 67579 аъзо ва занон 31863 нафарро ташкил медиҳад, - гуфт Заррина Зуҳурова ва афзуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати дастгирию ѓамхориҳои Ҳукумати мамлакат заминаҳои ҳуқуқии маънавии ҳифз ва таҳкими оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ мукаммал гардида, моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид.
Ин ҳама дастгириҳо, хусусан занону модаронро водор месозад, ки дар марҳилаи кунунии давлатсозию давлатдорӣ мавқеи фаъол ва устувори шаҳрвандӣ дошта, содиқона дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми худро гузоранд,- гуфтанд аҳли нишаст.
Дар ҳамоиши ду насл бонувони эҷодкор ва шинохта чун узви Маҷлиси Миллӣ Меҳринисо Бобобекова ва нахустин сармуҳаррири маҷаллаи сиёсии занон журналист Ҳуриннисо Ализода низ аз нақши адабиёт ва журналистика дар тарѓиби ѓояҳои ҳизбӣ сухан гуфтанд. Шеърҳои қироатнамудаи шоира Меҳринисо духтарони ҷавонро ба олами маънавии ҳаёти зан ошно карда, завқи фарҳангии онҳоро боло хоҳад бурд.
-Мо бо қалам дар хидмати Ватан, миллат, ҳизб ва ҷомеа будем ва хоҳем буд,- гуфт журналист Ҳуриннисо Ализода ва таъкид дошт, ки насли ояндасози ҷомеа, яъне шумо ҷавонон бояд донишро пойдевори ҳар як амали хеш қарор бидиҳад.
Пайванди маънавии ду насл барои бардошт аз таҷрибаи гузаштагон ва дар шароити муосир онро ба талаботи замон мутобиқ кардану истифода намуд, манфиатбахш буда, завқи ҷавононро ба корҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ рушд медиҳад. Ҷавондухтарон баъди анҷоми ин ҳамоиш ҳам бо ин занони барӯманд, суолу ҷавобҳои хешро идома дода, ба онҳо бо ҳавас сӯҳбат мекарданд. Онҳо нияти ошноии бештар ва ҳамкориҳои баъдиро низ бо ин занони барӯманд изҳор доштанд.
Маълум гашт, ки ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии ин занони номдор ба аҳли нишаст хеле ҷолибу мақбул буда, андешаҳои онҳо барои фаъолияти минбаъдаи занон дар ҷомеа тавсеа хоҳад бахшид.

Ҳ. Юсуфӣ


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: