«Тоҷикагрализинг» дар беҳтар шудани маҳсулнокии меҳнат чӣ саҳм дорад?18-09-2019, 16:44
Хабарро хонданд: 237 нафар
Назарҳо: 0
Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагрализинг» дар давоми ҳафт моҳи соли равон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ 113 адад техникаҳои гунонгунтамға ва 270 адад таҷҳизотҳои кишоварзиро ба маблағи 30143000 сомонӣ харидори намуда, ба тариқи иҷораи молиявӣ ба хоҷагиҳои деҳққонӣ ҷудо намудааст. Аз ҷумла дар ҳамин давра танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 53 адад тракторҳои МТЗ 82.1, МТЗ 80Х ва 115 адад мошинолоти гуногунтамғаи кишоварзиро ба маблағи 15000 000 сомонӣ харидорӣ намудааст. Ба 148 хоҷагиҳои (фермерии) шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва шахсони инфиродӣ бо тариқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) 84 адад тракторҳои гуногунтамға ва 176 адад мошинолотҳои кишоварзиро ба маблағи 19 490 000 сомонӣ харидорӣ намуда, дар ихтиёри онҳо қарор додааст. Айни ҳол дар 59 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Марказҳои хизматрасонии техникӣ фаъолият менамоянд, ки ба онҳо 196 адад техникаҳои гуногунтамға ва 919 адад таҷҳизот ба маблағи 28 807 272 сомонӣ вобаста карда шудааст.
Ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва зиёд намудани воридоти техника ва тачҳизоти соҳаи кишоварзӣ роҳбарияти корхона бо намояндагони босалоҳияти ЗСП «Росэксимбанк», “Композитгрупп”-и Федератсияи Россия, Фонди Арабистони Саъудӣ, Бонки Рушди исломии Кувайт ва Ширкати олмонии “Агролис” мулоқот анҷом дода, оид ба дастрас намудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ лоиҳа пешниҳод намуд, ки дар ҳоли баррасӣ ва омӯзиш қарор доранд. Инчунин лоиҳаи пешниҳоднамудаи Корхона оиди ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) бобати дастгирии хоҷагиҳои дехқонӣ ва мукаммалу муҷҷаҳҳаз намудани Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи Агентӣ пазируфта шуда, имрӯзҳо намояндагони онҳо ҷиҳати анҷом додани корҳои омӯзишӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо сафар менамоянд ва талаботи хоҷагию марказҳои хизматрасонии техникиро ба техникаю тачҳизоти зарурӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Корхона ҷиҳати ташкил ва такмили марказҳои хизматрасонии техникӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо истифода аз маблағҳои гардишӣ бо КВД «Коргоҳи мошинсозӣ», КВД «Авторем», ҶСК «Сомон-Кӯлоб таҷҳизот» ва ҶСШП «Новселмаш» оид ба харидории таҷҳизоти ватанӣ аз қабили картошкашинонак, картошкаканак, испорҳо, чизел култиватор, чапар, решаканак, лемех ва гандумкӯбак шартномаи ҳамкорӣ бастааст. Аз ҷумла бо ҶСК «Сомон-Кӯлоб-тачҳизот» барои харидории таҷҳизотҳои кишоварзӣ ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, бо КВД «Коргоҳи мошинсозӣ» ба маблағи 606 ҳазор сомонӣ, бо ҶСШП «Новсельмаш» ба маблағи 341 ҳазор сомонӣ ва бо ҶСШП «Агротехсервис» ба маблағи 1300 000 сомонӣ барои харидории техникаю мошинолоти кишоварзӣ шартнома баста, қисмате аз маблағҳоро ба суратҳисобашон гузарондааст. Ҳамзамон баҳри интиқоли техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ҳамкориро бо диллерҳои заводҳои истеҳсолкунанда: КВД «Мадад», ҶСК «Мадади Турсунзода», ҶСШП «Агротехсервис» ва корхонаи тракторбарории «МТЗ»-и Ҷумҳурии Белорус ба роҳ монда, техника ва таҷҳизотро сари вақт ба ҷумҳурӣ ворид менамояд. Ҳангоми суҳбат Ботир Муминов, муовини якуми директори корхонаи мазкур зикр намуд, ки тамоми кӯшишу талошҳои кормандони ин муассиса барои беҳтар намудани фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии хурду бузург ва соҳибкорни ватанӣ равона карда шудааст. Исмоналӣ Ҳакимов сардори шуъбаи гузарондани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ), Рухшона Каримова, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, кадр ва коргузорӣ, Шарафиддин Ризоев мудири бахши рушди техникӣ ва робита бо таҳвилкунандагон ва Рустам Хаспалаев, инженери техникӣ ва инчунин дигар мутахассисони варзида ният доранд, ки дар болоравии истеҳсолот ва маҳсулнокии кори сокинони деҳот ва шароити хуби зиндагии онҳо саҳм гузоранд. Майсара Қосимова |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.