Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти мамлакат ба корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик –Кангурт оғоз бахшиданд

Президенти мамлакат ба корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик –Кангурт оғоз бахшиданд

11-09-2019, 13:57
Хабарро хонданд: 195 нафар
Назарҳо: 0
Президенти мамлакат  ба корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик –Кангурт оғоз бахшиданд
Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт расман оғоз бахшиданд.

Масофаи умумии ин қитъаи роҳ 60 километр ва паҳноии он аз 7 то 12 метрро ташкил медиҳад.

Мутобиқ ба лоиҳа дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, гузоштани 25 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, бунёди пойдеворҳои муҳофизатӣ 8 пули мошингузар, кашидани хатҳои уфуқӣ, аломати роҳ ва сохтмони дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.

Роҳи мазкур бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё таҷдид мегардад.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин қитъаи роҳ бо мушкилӣ сурат мегирад ва баъди таҷдиду навсозӣ ин мушкил аз байн хоҳад рафт. Лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмин намудани ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолӣ амалӣ мегардад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳо ба масъулон дастуру маслиҳатҳои мушаххас доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: