Президенти кишвар Маҷмаи модару кӯдакро дар ноҳияи Деваштич ифтитоҳ намуданд22-08-2019, 10:15
Хабарро хонданд: 146 нафар
Назарҳо: 0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Деваштич Маҷмаи муосиру тозабунёди модару кӯдакро дар фазои шукӯҳу фараҳмандӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин Маҷмаи калони солимии модару кӯдак бо супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи 18 миллион сомонӣ дар заминаи бинои солҳои дароз нотамом сохта шуда, дар он барои ба хизматрасониҳои тиббию солимгардонӣ фаро гирифтани модару кӯдак шароиту имконияти беҳтарин фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи расмии ин Маркази тиббӣ таъкид намуданд, ки солимии аҳолӣ, хусусан солимии модару кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумати Тоҷикистон мебошад, зеро аз модари солим кӯдаки солим таваллуд меёбад, ки ояндаи генофонди миллат мебошад. Дар саҳни муассиса муҷассамаи рамзии модару кӯдак бунёд гардидааст ва Сарвари давлат парда аз рӯи муҷассама бардошта, табибону кормандони тибро ба хизматрасониҳои сатҳи баланд ба модару кӯдак ҳидоят намуданд. Маҷмаи модару кӯдак ташхису табобат, солимию солимгардониро дар самтҳои хеле васеъ фарогир аст. Марказ аз ду ошёна ва чор шуъбаи асосӣ — шуъбаҳои таваллуд дорои 75 кати беморӣ, амрози занона 25 ҷой, амрози кӯдакона 45 кат, эҳёгарӣ ва ҷарроҳии кӯдакона дорои 15 кати бистарӣ, дар маҷмӯъ аз 160 кат иборат мебошад. Дар ҳуҷраҳои корӣ ва табобатии марказ шароити муосири кори табибону кормандони тиб ва табобату ташхиси модару кӯдак бо таъмини лавозимоти замонавии тиббӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир фароҳам оварда шудааст. Дар марказ ташхису табобат ва ҷарроҳӣ бо истифодаи дастгоҳҳои сохти муосир, аз ҷумла, рентгени флюроографӣ, дастгоҳҳои колпаскопӣ, ултрасадо, мизи ҷарроҳӣ ва дигар таҷҳизоти нави муосири тиббӣ анҷом дода мешаванд. Дар маҷмаа таҳлилгоҳҳои клиникавӣ ва биохимиявӣ, ки бо дастгоҳу лавозимоти замонавӣ муҷаҳҳазанд, таъсис дода шудаанд ва ин имконият медиҳад, ки ҳамаи таҳлилҳо дар як ҷо гузаронида шаванд. Дар марказ барои табобату солимгардонӣ аз гиёҳҳои шифобахши табииӣ васеъ истифода мегардад. Бо ин мақсад дар муассиса гӯшаи гиёҳдармонӣ бо пешниҳоди номгӯӣ зиёди гулу гиёҳҳои шифобахши кӯҳсорони кишвар ташкил шудааст. Барои кор дар марказ коргарони соҳибтаҷрибаи соҳаи ташхису табобати модару кӯдак ва табибони ҷавону кормандони миёнаи тиб, ки аз такмили ихтисос гузаштанд, ҷалб карда шудаанд. Саҳни муассиса васеъ буда, бо тарҳи хосса ободу зебо ва сабзу хуррам гардонида шудааст, ки барои истироҳату фароғати модару кӯдак мусоид мебошад. Дар саҳни муассиса суҳбаткадаҳо низ бунёд гардидаанд. Дар марказ инфрасохтори зарурии соҳаи тандурустӣ ба вуҷуд оварда шуда, маркази мустақили гармидиҳӣ барои таъмини ҳуҷраҳо бо гармӣ, хати оби нӯшокӣ ва трансформатори мустақилу хати озоди барқ барои фаъолияти мунтазами муассисаи тиббӣ мусоидат менамояд. Намояндагони аҳли ҷомеа, кормандони соҳаи тиб ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин муассисаи муосири тиббӣ изҳори сипосу хушнудӣ намуданд, зеро марказ барои таъмини саломатии модару кӯдак аҳамияти муҳим дорад ва туҳфаи арзанда ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.