Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Эҳтимоли афзоиши қимати як доллар то 420 танга вуҷуд дорад

Эҳтимоли афзоиши қимати як доллар то 420 танга вуҷуд дорад

27-01-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 448 нафар
Назарҳо: 0
Эҳтимоли афзоиши қимати як доллар то 420 танга вуҷуд дорадСандуқи миллии беҳбудии ҳаёти "Самрук-Казина”, ки даҳҳо ширкати бузурги миллиро гирди ҳам овардааст, эҳтимоли афзоиши арзиши як доллар дар соли ҷорӣ то 420 тангаро аз воқеият дур намедонад.

Хабаргузории Reuters суханони узви раёсати "Самрук-Казина” Елена Бахмутаваро иқтибос овардааст, ки мегӯяд сандуқ дурнамои бади қимати 420 танга барои як долларро дар сурати коҳиши арзиши нафт то 20 доллар барои як бушкаро баррасӣ мекунад.

Ба унвони далел Бахмутова арзиши 25 долларии як бушка нафтро овардааст, ки дар ин сурат қимати доллар қариб 400 танга мешавад. Ба гуфтаи Бахмутова, барои рушди ширкатҳои сандуқи "Самрук-Казина” беҳтарин ҳолат он замоне мешавад, ки як бушка нафт 25 доллар шаваду қурби як доллар дар атрофи 380 танга бошад.

Пули миллии Қазоқистон баъд аз он ки дар моҳи августи соли гузашта мақомоти кишвар аз роҳандозии наҳваи озоди қурби танга тасмим гирифтанд, қариби нимаи арзиши худро аз даст дод.

Барои имрӯз Бонки миллии Қазоқистон қурби расмии тангаро 380,3 барои як доллар муайян кардааст. Пештар ҳукумати Қазоқистон эълон карда буд, ки эҳтимол дорад будҷаи соли ҷории кишварро бозбинӣ кунад. Зеро ин будҷа бо назардошти арзиши40 долларии як бушка нафти навъи Brent ва қурби 300 тангаӣ барои як доллар таҳия шудааст.
©centralasian.org
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: