Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сокинони маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд

Сокинони маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд

27-01-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 335 нафар
Назарҳо: 0
Сокинони маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шудБо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2016-2017 маҳаллаҳои навбунёди аз 1 то 11 ва маҳаллаҳои 14 ва 15-уми шаҳри Хуҷанд бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд.

Доири мушкилоти ҷойдошта, ҳангоми боздид аз ин маҳаллаҳо ва мулоқот бо Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, дар моҳи ноябри соли гузашта, сокинон изҳори назар намуда буданд. Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулини идораи сохтмонӣ, шаҳрсозӣ ва обтаъминкунии шаҳр супориш дода буд, ки бобати ҳалли масъалаҳои ҷойдошта, чораҷӯӣ намуда, лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани ин маҳаллаҳоро омода намоянд.
Бо ин мақсад лоиҳаи «Таҷдид ва зиёд намудани иқтидорҳои истгоҳи обкашии № 4 ва 4 «а» таҳия ва омода карда шуда, оғози корҳои лоиҳавӣ дар соли 2016 ба нақша гирифта шудааст. Ин истгоҳҳои обкашӣ дар маҳаллаи «Мевағул» ҷойгир буда, тибқи лоиҳа баъди зиёд намудани иқтидори онҳо хатти оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои навбунёд кашида мешавад. Барои марҳилаи аввали корҳои дар соли равон пешбинишуда, 4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гаштааст. Корҳои сохтмонӣ васлкунӣ ва азнавсозии иқтидори истгоҳи обкашӣ ба зиммаи се коргоҳи сохтмонӣ гузошта шудааст, ки онҳо дар тендер интихоб гаштанд. Лозим ба ёдоварист, ки барои пурра таъмин гаштани сокинони қисмати зикргардидаи маҳаллаҳои навбунёди шаҳр 14 миллион сомонӣ маблағ лозим аст. Аз соли 2010 то имрӯз бештар 2500 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд аз ин маҳаллаҳо соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гашта, сохтмони манзилҳои истиқоматӣ идома дорад.
Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд корҳои боқимонда ва маблағгузории он дар соли оянда сурат гирифта, дар интиҳои соли 2017 бошандагони ин маҳаллаҳо бо оби ошомиданӣ пурра таъмин хоҳанд шуд.
©khujand.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: