Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Таассубу хурофот ва вопасгароӣ - монеъи рушди ҷомеа

Таассубу хурофот ва вопасгароӣ - монеъи рушди ҷомеа

11-07-2019, 11:53
Хабарро хонданд: 485 нафар
Назарҳо: 0
Таассубу хурофот ва вопасгароӣ - монеъи рушди ҷомеа Пас аз тавсеаи сармоядорӣ дар ҷаҳон ба хотири дар зери султаи худ нигоҳ доштани кишварҳои осиёӣ ва махсусан, давлатҳое, ки аксари бошандагони онро мусалмонон ташкил медиҳанд, кор гирифтан аз бовару эътиқод ва аз ин роҳ мардумони ин сарзаминҳоро дар зери фишор қарор дода, онҳоро ба ҳайси қувваи арзони корӣ истифода намуда, захираю сармояҳои табииашонро бидуни ранҷ ба даст овардан аз шоеоти таъсис намудани ҳукумат ва режимҳои динмеҳвар кор гирифтаанд, ки сабаби оқибмондагӣ , вопасгароӣ ва бебандуборӣ дар ҷомеаҳои мусалмоннишин гардидааст. Бартарият бахшидан ба табақаи рӯҳоният ва тавсеа додани таассубу хурофот мардумонро аз донишҳои илмиву воқеӣ дур нигоҳ медорад ва сафи нодону ҷаҳолатписандро дар ҷомеа меафзояд. Табиист, ки инсони нодон дастнигар ва бозичаи дасти дигарон қарор мегирад.
Мусаллам аст, ки дар қарни 18-ум аврупоиён ба пешрафтҳои чашмгире ноил гаштаанд, ки асоси онро дониш, пажӯҳиш ва маърифати илмӣ ташкил мекард. Ин кишварҳо ақлгароиро ҷойгузини суннатгароӣ намудаанд ва бори дигар зина ба зина арзишҳои то ин замон дар фарҳангашон бударо мавриди таҷдиди назар қарор додаанд ва ин асрро қарни рӯшангароӣ ва қарни хирад ном бурдаанд. Маҳз аз ҳамин марҳилаи рӯшангароӣ дар Аврупо уфуқҳои наве боз мешаванд, ки рушди бемайлони ин кишварҳоро муҷиб гардида, онҳоро ба сатҳи тамаддуни имрӯзии башар мерасонанд. Минбаъд аврупоиён танҳо бо хирад ва донишҳои илмӣ такя намудаанд ва илмро меҳвари асосии ҳалли мушкилоти иқтисодӣ , сиёсӣ ва иҷтимоии хеш қарор доданд.
Мутаассифона, дар кишварҳои шарқи мусалмонӣ ин қарнҳо онҳо на танҳо ба рӯшангарӣ нарасидаанд, балки дар ҳоли ҷаҳли мураккаб ва хурофоти мазҳабӣ ба сар мебурданд. Ҳамин аст, ки кишварҳои мусалмоннишин бисёр ба осонӣ ба мустамликаи давлатҳои аврупоӣ қарор гирифтанд. Таассубу хурофот ва вопасгароӣ - монеъи рушди ҷомеа
Аҷиб ин аст, ки имрӯз баъзе аз ба ном коршиносон ва муҳаққиқон дар бобати зери мустамлика рафтани ин кишварҳо кишварҳои мустамликакунандаро интиқод мекунанд. Доду бедодро аз дасти ғосибон мегӯянд, ки онҳоро ба ғорат бурдаанд, вале боре ин суолро матраҳ намекунанд, ки чаро ин кишварҳо зери бори мустаъмира рафтанд ва сарафкандаву дастнигар боқӣ мондаанд? Чаро натавонистаанд дар баробари онҳо қад алам кунанд ва забардасту фотеҳ бошанд?
Сабаби аслӣ он буд, ки ғарбиён бо ақлу хирад ва илм такя намуданд ва аз ин роҳ афзалият ба даст оварда дигар миллатҳоро дар вобастагӣ қарор доданд. Яъне ғарбиён ба пирӯзӣ расиданд. Шарқиён ва махсусан мусалмонон бо таассубу хурофот тақдирзадагӣ такя намуда ва ба шикаст мувоҷеҳ шуданду зери султаи ғарбиён рафтанд. Яъне имрӯз моро зарур аст, ки сабабҳои фарҳангӣ ва суннатии оқибмондагӣ ва зери бори истеъмор рафтани кишварҳои шарқиро муайян намоем. Пеш аз ҳама дар он нодонӣ , таассуб, ноогоҳӣ ва ҷаҳлу хурофоти мазҳабӣ ба ҳайси омили асосӣ будааст. Инчунин қишри рӯҳоният, ки идораи аслии ҷомеа дар дасти онҳо буд, бузургтарин омили боздоранда ва сади ислоҳоту дониш ва тарвиҷи ҷаҳлу хурофот дар ин ҷомеаҳо гардидаанд, ки омили асосии заъф ва вопасгароии ҷомеаҳои шарқи мусалмонӣ шудаанд. Замоне, ки аврупоиён ақлро ва илмро мояи асосии пешрафту қудрат қарор доданд, дар кишварҳои шарқи мусалмонӣ рӯҳониён масири дигареро барои зиндагии ҷомеа думболагирӣ карданд, ки онро метавон чи дар Бухорои амирсолор ва чи дар хонадони қоҷориён ва дигар султаҳои кишварҳои шарқи мусалмонӣ мушоҳида намуд. Онҳо хурофотро ба либоси илм дароварданд ва дар фаҳмиши илм на фаҳмиши илми аврупоӣ , балки фаҳмиши динии онро таблиғ намуда беҳбуд, пешрафт, такомул, тараққӣ ва инҳитоти ҷомеа ҳамаро ба дасти қувваҳои мовароутабиа супориданд ва онро илми илоҳӣ таъбир карданд. Табақаи рӯҳоният ба ҷои аз роҳҳои ақлонӣ роҳ гирифтан дар баробари вазъияти мавҷудаву хатарот ҳамаро ҳаволаи қазову қадар намуданд ва ҷомеаро таслим дар баробари ҳама гуна қувваи беруна карда муқовиматро салби салоҳ намуданд. Ҷаҳлу хурофоти мазҳабӣ суннати қазову қадар ва таваҳҳуми қудрати мовароутабиӣ ҷонишини хираду шуур интихобу ирода ва мубориза шуданд ки ҳамаи инҳо аз мағзи ноқиси табақаи рӯҳоният таровиш карда буд ва дар аввалин ҳуҷуми бегонагон ин кишварҳо зери бори истеъмо рафтанд ва ба мустамликаи кишварҳои дигар табдил ёфтанд. Мутаассифона, табақаи рӯҳонӣ ба ҷои ин ки вазъияти воқеиро таҳлил намоянд, боз мардумро ба кунҷи масҷид даъват карданд ва дар пайи тоату ибодат ба дуохонӣ машғул шуданд ва талабашон аз нерӯҳои мовароӣ ин буд, ки худоё ту амволи онҳоро нобуд кун, барои онҳо сахт гир, ту ба онҳо тарсу азобро фурӯ биёвар онҳоро пароканда кун ва амсоли ин. Ин гуна роҳи муборизаро дар давлатҳои зери мустамликарафтаи шарқи мусалмонии он рӯз чи дар Аморати Бухоро ва чи дар давлати қочориён бар алайҳи русу англис метавон ба осонӣ мушоҳида намуд. Илми рӯз барои ҷомеаҳои мусалмонӣ ҷинбарорӣ , дуонависӣ , одоби таҳорат ва амсоли ин буд.
Хурофоту таассуб, ки аз мағзи табақаи рӯҳоният берун омадааст, ҳамеша ва дар ҳама замон боиси вопасгароӣ ва бебандубории кишварҳои Шарқ гардида, афкори пешқадаму рӯшангаронаи мутафаккирон мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Рӯшангарон ва нафароне, ки хирадро масири асосии пешрафти башар ҳисобидаанд, мавриди бархурди шадид қарор гирифта, барчаспҳое аз қабили муртаду кофар ба онҳо зада шудааст, ки дар маҷмӯъ раванди хирадгароиро ба шикаст мувоҷеҳ намудааст. Аз ҷумла бузургмардоне ба мисли Закариёи Розӣ , ки китобҳояшро дар сари пиронасариаш ба сараш кубида, чашмонашро нобино намуданд ва онҳоро олудаи куфру бидъа эълон намуданд ва сухта нобуд гардониданд. Ибни Сино, ки бузургтарин мутафаккири ҷаҳони ислом ба ҳисоб меравад ва осори зиёди ӯ ба забонҳои лотинӣ нашр шуда ба ҳайси китоби дарсӣ муддате дар донишгоҳҳои урупоӣ пазируфта шуд, ба куфр айбдор мешавад ва дар соли 555 ҳиҷрӣ бо амри Халифа китобҳояш сӯзонида мешаванд. Ба ин монанд метавон ҳазорон мисол зад. Ҳамин тавр, дар кишварҳои мусалмоннишини минтақаи Шарқ донишмандон, озодандешон, хирадпешагон ҳамеша мавриди таъқибу озор қарор гирифта, ҳазорон навъ барчасп ба онҳо зада шудааст. Ҳамин аст, ки ин кишварҳо ҳамеша ва махсусан, дар асри навин зери бори мустаъмира рафтанд ва дастнигари кишварҳои дигар монданд. Ҳанӯз ҳам кишварҳои Шарқи мусалмонӣ гирифтори таассуб, хурофот ва ҷаҳолати динианд, ки онҳоро дар вазъи гирифторӣ , дастнигарӣ , пешипоуфтодагӣ ва ҳараҷу мараҷ нигоҳ доштааст.Таассубу хурофот ва вопасгароӣ - монеъи рушди ҷомеа
Аз таҳлилҳои боло чунин бармеояд, ки сабаби вопасгароии кишварҳои минтақа дар динмадорӣ ва тарвиҷи ҷаҳл ва таассубу хурофот аст, ки ин мардумро дар ҳоли навмедӣ , нигаронӣ ва бебандуборӣ қарор додааст. Дигар замони он аст, ки ин кишварҳо бори дигар таърихи хешро таҷдиди назар кунанд ва авомили боздорандаву монеи рушдро дуруст тарҷеҳ диҳанд ва пеш аз ҳама худро бо донишҳои навини илмиву фановарӣ мусаллат намуда ҷомеаи хешро аз роҳи ақлу хирад созанд. Имрӯз ҳам ин кишварҳоро зарур аст, ки ба хотири таъмини рушди бемайлони кишварҳои хеш аз хирадсолорӣ , дунявият ва донишҳои муосири башарият истифода намуда илмро маҳаки асосии ҷомеаи хеш қарор диҳанд. Бо тарвиҷи аҳзоби динӣ ва мутлақ кардани арзишҳои эътиқодӣ ба ҷое нахоҳанд расид ва бо ҳараҷу мараҷ даъвиҳои мазҳабӣ ҳамдигарро мавҳ хоҳанд кард.
Аз ин таҳлил пайдост, ки ТЭТ ҲНИ, ки дину бовари мардумро маҳаки таблиғоти хеш қарор додааст, наметавонад ба ҷуз аз тарвиҷи таассубу хурофот амали хуб ё шоистаеро барои миллат ва мардуми Тоҷикистон анҷом диҳад. Таҷриба нишон додааст, ки тайи замони фаъолияти хеш ин ҳизб танҳо ҷомеаро таассубзадаву хурофотӣ намуда, динмеҳвариро бар хирадмеҳварӣ тарҷеҳ додааст ва ҷомеаро сахт мазҳабиву хурофотзада намудааст, ки эҳсоси ҳувияти милливу ватанӣ поён рафта, ҳувияти динӣ боло гирифтааст. Аз тарафи дигар, дониш, илм, олим дар зеҳнияти иҷтимоӣ камранг гардида, мавқеи муллову рӯҳонӣ боло рафтааст. Ин раванд метавонад дар оянда хатари нобудии миллат ва Истиқлолияти давлатиро ба миён оварад.

Исомиддин Шарифзода,
муҳаққиқ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: