Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Бонки Миллӣ: Фаъолияти саррофони «қадикӯчагӣ» барҳам зада шуд

Бонки Миллӣ: Фаъолияти саррофони «қадикӯчагӣ» барҳам зада шуд

26-01-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 415 нафар
Назарҳо: 0
Бонки Миллӣ: Фаъолияти саррофони «қадикӯчагӣ» барҳам зада шуд- Таъсири манфӣ ба қурби асъори миллӣ асосан ба омилҳои беруна вобастагӣ доранд. Афзоиши фишорҳои қурбии берунӣ пеш аз ҳама ба омилҳои берунии иқтисодӣ, бахусус вазъи шадиди геосиёсии шарики асосии иқтисодиву стратегии мо-Русия вобастагӣ дорад ва боиси номувозинатии ҳаракати сармояи хориҷӣ ва беқурбшавии пули миллӣ гардидааст,-иброз дошт 26 январ дар нишасти матбуотӣ Раиси Бонки Миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар ин давра интиқоли маблағ аз ҷониби шаҳрвандони мо аз хориҷи кишвар ба андозаи 33% кам гардидааст. Аммо, такя ба нишондоди ду даҳрӯзаи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридшавии асъори русӣ 8,2 фоиз зиёд гардидааст. - Қонуниятҳои иқтисодӣ чунин ҳастанд, ки мо аз рубли русӣ вобастагӣ дорем. Ҷорӣ намудани таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русия, паст фаромадани нархи ҷаҳонии нафт ва таҳти таъсири ин омилҳои манфӣ зарар дидани иқтисодиёти ин кишвар низ ба беқурбшавии асъори миллии мо низ овард,-гуфт Ҷ. Нурмуҳаммадзода.

Дар ин давра як қатор омилҳои манфӣ рӯйи кор омаданд, ки дар маҷмуъ ба соҳаҳои иқтисодиву молиявии ҷумҳурӣ таъсирбахш будаанд. Дар ин қатор коҳиш ёфтани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, маҳдудшавии дастрасии ташкилотҳои қарзӣ ба қарзҳои асъории бонкҳои хориҷӣ, ноустувории рушди иқтисодии шарикони асосии иқтисодии кишвари мо ва беқурбшавии асъори миллии ин кишварҳо ва омилҳои ҳаннотӣ вобаста ба кӯшишҳои нигоҳ доштани даромади калон аз фарқияти қурбҳо дар бозори ғайрирасмии хариду фурӯши асъор номида шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади ҷорӣ кардани низоми нави амалиёти хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ санади ҳуқуқие таҳти унвони Дастурамали №1 «Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ» қабул гардид, ки дар он тамоми амалиёт бо асъори хориҷӣ дар ташкилоти қарзӣ муқаррар шудааст. Тибқи ин дастурамал акнун тамоми амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ минбаъд танҳо хазинаи сарбонкҳо, филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкҳо тавассути низоми мутамаркази электронии амалиётии ташкилотҳои қарзӣ анҷом дода мешавад. Яъне, аз ин пас амалиёти саррофони «қадикӯчагӣ» ғайриқонунӣ маҳсуб мегардад.-Мо ба қонунгузорӣ тағйирот ворид сохтем, ки тибқи он акнун муҷозот нисбати чунин саррофон сангинтар мешавад. Масалан, ҷаримабандӣ барои хариду фурӯши ғайриқонунии асъор то 10 маротиба афзун гардида, ҷазои ҷиноӣ низ вазнинтар хоҳад шуд ва чунин афродро ҷазои маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати то 9 сол интизор аст. Шахсияти ин саррофон, ки андак бештар аз 800 нафаранд, ба мо маълум аст ва мо дар вақташ фаъолияти онҳоро боздошта, онҳоро ба ташкилотҳои қарздиҳӣ вобаста кардем, то ки таҳти назораташон фаъолияти худро ба роҳ монанд. Аммо бисёри ин саррофон дар вазъи ба онҳо нав дар ташкилоти қарздиҳӣ фаъолият карда натавонистанд. Мо рӯйихати гурӯҳҳои муайяни муташаккили саррофонро тартиб дода, ба мақомоти дахлдор пешниҳод кардем, ки алайҳи инҳо чораҷӯйӣ кунанд. Аммо чунин ашхос шумораашон беш набуда, тақрибан 10% шумораи тамоми саррофонро ташкил медиҳанд. - илова намуд Ҷ.Нурмуҳаммадзода. Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки акнун ба фаъолияти бозори ғайрирасмии хариду фурӯши асъор дар ҷумҳурӣ роҳ дода намешавад ва бояд ашхосе, ки то ин замон ба чунин фаъолият машғул буданд, барои худ манбаи даромади дигар дарёфт кунанд, дар акси ҳол онҳоро ҷавобгарии ҷиноӣ интизор аст.

Раиси Бонки Миллӣ ҳамчунин илова намуд, ки захираи тиллои кишвар 40% зиёд гардидааст ва минбаъд истеҳсол ва захираи он аз ҷониби давлат тавассути Бонки Миллӣ ва Вазорати молия ба роҳ монда мешавад. Аз рӯи нишондоду пешгӯиҳо рушди макроиқтисодии кишварро коршиносон ба андозаи 7% ҳадс мезананд ва барои таҳлукаву ҳарос асос вуҷуд надорад.
©Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: