Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Хислатҳои шифобахши занҷабил

Хислатҳои шифобахши занҷабил

20-06-2019, 15:58
Хабарро хонданд: 266 нафар
Назарҳо: 0
             Хислатҳои шифобахши занҷабил Хӯрдани ин қувватро афзун мегардонад, инчунин қувватҳои узвҳои ҳозимаро, ки меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз мебошанд, зиёд месозад; гиреҳи ҷигарро мекушояд, боҳро мустаҳкам мекунад; бодҳои гализи меъда ва рӯдаҳоро таҳдил медиҳад; балғам ва рутубати ғафси ба сатҳи даруни меъда часпидаро тит ва пароканда мекунад; зардпарвин ва чакмезакро, ки аз сардӣ ва сустии олатҳои пешоб ҳодис шуда бошанд, шифо мебахшад; инчунин исҳолеро, ки аз вайрон шудани ғизо ба амал омада бошад, манъ менамояд; заҳрҳои ҳайвониро аз бадан дафъ мекунад; агар ташнагӣ аз зиёд гаштани балғам ба зуҳур пайваста бошад, таскин медиҳад. Бо набот ва шилми кундур бихӯранд, зарари, яъне газанди аз хӯрдани меваҳои тар баамаломадаро дафъ месозад, рутубати зиёдатии меъдаро ба эътидол меоварад. Инро бо зардии тухми мурғи нимпухта ҳамроҳ карда бихӯранд, маниро зиёда мегардонад ва ғафсии маниро ислоҳ мекунад. Занҷабили хушкро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, пардаи ба чашм афтодаро, ки торикии басорат меоварад, инчунин сурхӣ ва гули чашмро дафъ мекунад. Занҷабилро дар даҳан нигоҳ доранд, ташнагиро, ки аз ҷамъ шудани балғам дар меъда ба амал омада бошад, таскин медиҳад.
Қаламфур — Ин растании машҳур аст. Самараш дарозаки иборат аз пӯсти дарунхолӣ, дар аввал сабз ва баъди расидан сурх мегардад. Таъми самараш хеле тез бо камтар талхист. Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон иштибоҳан «занҷабил» меноманд, вале дар ҳақиқат занҷабил чизи тамоман дигар аст ва занҷабил дар шароити сарзаминҳои мо намерӯяд. Дар хусуси занҷабил мо дар боло зикр намудем. Мизоҷи қаламфур дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, бодҳои ғализ ва балғами часпакро таҳлил медиҳад, гиреҳҳои узвҳои даруни баданро мекушояд; агар инро бо асал бихӯранд, боҳро (пушти камарро) ба ҳаракат меоварад, барои дарди дандон дору мебошад; қулинҷро, ки варами рӯдаҳои ғафс ва иловусро, ки варами рӯдаҳои борик аст, шифо мебахшад. Вале ба дарун истеъмол кардани ин ба ҳалқ зарар дорад — давои ин зиёнаш челон хӯрдан аст. Хӯрдани қаламфур мизоҷи сарди одамонро ба эътидол меоварад. Миқдори хӯрдан аз он дар як рӯз то 7 грамм аст.

Саида Хоҷаева


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: