Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХИ КИНОИ ТОҶИК! Дар Канн филми коргардони тоҷик Муҳиддин Сулаймонов «Шитоб»-ро намоиш доданд

БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХИ КИНОИ ТОҶИК! Дар Канн филми коргардони тоҷик Муҳиддин Сулаймонов «Шитоб»-ро намоиш доданд

26-05-2019, 09:48
Хабарро хонданд: 307 нафар
Назарҳо: 0
22 май филми кутоҳметражи коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддин Сулаймонӣ бо номи «Шитоб» (русӣ «Спешка», англисӣ – «Hurry») ба меҳмонони Кинофестивали 72-юми байналмилалии Канн, ки дар Франсия баргузор гашт, намоиш дода шуд. Филми мазкур дар озмуни коргардонҳои ҷавон дар бахши «Cinefondation» иштирок намуд. Имрӯз мухбири АМИТ «Ховар» бо коргардони филм Муҳиддин Сулаймонӣ, ки имрӯзҳо дар Соҳили лоҷвардии Франсия қарор дорад, дар тамос шуд.

Ба гуфтаи М. Сулаймонӣ, филми 13-дақиқагии ӯ «Шитоб» соли 2018 аз ҷониби ТВ «Синамо» дар шаҳри Душанбе давоми 20 рӯз наворбардорӣ ва таҳия карда шудааст. М.Сулаймонӣ сармуҳаррири шабакаи телевизионии мазкур мебошад.

Нақшҳои асосиро ҳунарпешагони тоҷик Нозим Меликов, Ҷума Рустамӣ, Мавлона Наҷмиддинова ва Манижа Холова бозидаанд. Филмбардор — Абдукарим Уроқов, танзимгар — Комил Суғдиён ва оператори овоз Шаҳринисо Яковлева.

Нозим нақши падар, роҳбари ширкати тиҷоратиро иҷро мекунад, нақши яккаписари ӯро Ҷума Рустамӣ, нақши завҷаашро Мавлона Наҷмиддинова ва нақши духтарашро Манижа Холова бозидаанд.

Коргардони филм Муҳиддин Сулаймонӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «Аслан қисса чунин аст: ҷавоне (ҳунарманд Ҷума Рустамӣ нақши ӯро мебозад) нимшаб сари чамбараки мошин бо телефон суҳбат дорад. Ҳамин вақт садои бархӯрде ӯро ба худ меорад ва мошинашро нигоҳ медорад. Чун пиёда мешавад, бонуеро фитода дар роҳ мебинад. Ҳаросон ба падар (актёр Нозим Меликов) занг мезанад. Онҳо ин ҳолатро чӣ гуна паси сар месозанд? Ҷавҳари филм ҳамин аст. Ин як ҳушдорест, ки бояд инсон дар ҳама ҳолат ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳад, эҳтиёт кунад, ба шитобу аҷала роҳ надиҳад, мулоҳизакор бошад…».

Ба гуфтаи Муҳиддин Сулаймонӣ, рӯзи 22-юми май соати 14:30 бо вақти Фаронса филми «Шитоб» дар толори «Қасри ҷашнвораҳо»-и шаҳри Канн намоиш дода шуд. «Пасон чанд нишасти матбуотӣ ҳам доштем бо хабарнигорон ва филмофарони ҷавон, ки филмҳоямон дар як рӯз намоиш дода шуданд. Ман дар он ҷо гуфтам ва ҳамин ҳоло ҳам мемегӯям, ки аз ҳамаи ононе, ки бо кӯмаки онҳо ман ба ин ҷо омадам, сипосгузорам. Ташаккур ба роҳбарияти Муассисаи давлатии ТВ «Синамо», ки бо дастгирии онҳо ин филм рӯи навор омад, ба гуруҳи эҷодӣ, ки чанд шабу рӯз ҳамроҳи ман заҳмат кашиданд», — изҳор дошт М. Сулаймонӣ.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии 72-юми Канн дар соҳили лоҷвардии Франсия аз 14 то 25 май баргузор шуд. Дар ин фестивал, ки бегоҳии рӯзи сешанбе ифтитоҳ гардид, коргардонҳо, сенариянависон ва ҳунарпешагони маъруф аз 39 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла аз Тоҷикистон иштирок намуданд.

Барои ба даст овардани ҷоизаи фестивал 21 филм, ки аксарашон намояндагони кишварҳои Аврупо мебошанд, талош намуданд. Ҳакамони озмунро коргардони мексикоӣ Алехандро Гонселес Инярриту роҳбарӣ мекунад.

Имрӯз фестивал натиҷагирӣ хоҳад шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: