Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иқдомоти амниятии рӯзи якшанбе танҳо як тамрин буд

Иқдомоти амниятии рӯзи якшанбе танҳо як тамрин буд

25-01-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 289 нафар
Назарҳо: 0
Иқдомоти амниятии рӯзи якшанбе танҳо як тамрин буд
Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки чораҳои шадиди амниятии рӯзи якшанбе дар кишвар "тамрини нерӯҳи интизомӣ" буд ва ҷое барои ташвишу нигаронӣ надорад.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии 25 январ гуфт: – Ин танҳо як тамрин буд ва ягон асос барои нигаронӣ вуҷуд надорад. Тамрини ахири нерӯҳои вазорат вобаста ба таҳдидҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ, аз ҷумла бо дар назардошти сар задани ҳодисаҳои терроризм ва ифротгаройӣ дар баъзе аз кишварҳо анҷом гирифт ва мақсад ин аст, ки мақомот ва воҳидҳои қудратӣ ба ҳамагуна вазъият омода бошанд.

Шарҳи вазири корҳои дохилии ҶТ дар ҳоле аст, ки рӯзи якшанбеи гузашта (24 январ) дар бахшҳое аз шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар минтақаҳои Кӯҳдоман, Ховарон, ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Қиблаӣ, Роҳатӣ, Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ ва инчунин дар даромадгоҳҳои пойтахт тадбирҳои амниятӣ тақвият шуда ва кормандони воҳидҳои вазорати корҳои дохилӣ бо силоҳ ҳаракати воситаҳои нақлиётро ҷиддан таҳти назорат гирифта буданд.

Шоҳидон мегӯянд, чунин иқдомот дар
баъзе аз шаҳру ноҳияҳои дигари Тоҷикистон ҳам он рӯз мавриди иҷро қарор гирифта будааст.

Он рӯз дар пойтахт кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар назди биноҳои идораҳои давлатӣ ва хиёбону роҳҳои калон назар ба рӯзҳои дигар бештар ба назар мерасиданд.

Вазири корҳои дохилӣ овозаҳо дар бораи фирори гӯё беш аз 10 корманди нерӯҳои воҳиди махсуси “Алфа” дар Бадахшон аз макони хидмат ва рабт доштани амалиёти густурдаи нерӯҳои вазорат ба ин ҳодисаро рад кард ва гуфт, ки тақвияти тадбирҳои амниятӣ дар Душанбе ва ноҳияҳои дигари кишвар, ки рӯзи 24 январ сурат гирифт, танҳо санҷиши ҳолати омодагии нерӯҳои дохилӣ буд.

Раҳимзода изҳор дошт, ки мақомот минбаъд низ чунин санҷиш, рейд ва амалиёти омодагиро хоҳанд гузаронд ва он набояд боиси безобита шудану афзудани ташвиши мардум гардад: - Ин як иқдоме барои таҳкими сатҳи тайёрии мақомот ва воҳидҳо барои таъмини бехатарии шаҳрвандон аст ва сабабе барои таҳлукаю безобиташавӣ нест.
©С. Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: