САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ДАНҒАРА24-05-2019, 09:07
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара дар деҳаи Ғарғараи ҷамоати деҳоти Корез бинои сеошёнаи Маркази хизматрасонии маишии ҶДММ «Файзи Карим»-ро, ки дар он намудҳои гуногуни либосҳои ҳарбӣ ва корӣ барои кормандони соҳаҳои гуногун, инчунин сару либоси кӯдакона истеҳсол карда мешавад, дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст, Файзализода Сайфиддин Файзалӣ дар доираи эълони солҳои 2019 — 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо сатҳу сифати баланд бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, соли 2019 бо сатҳу сифати баланди ҷавобгу ба талаботи замони имрӯза анҷом ёфт. Дар ошёнаи якуми бино истеҳсоли ҷуроб бо таҷҳизоти муосир бароҳ монда шуда, ошёнаи дуюми бино бошад, барои духти сару либоси гуногун пешбинӣ гардидааст, ки дар он зиёда аз 50 нафар занону бонувони хонашини деҳаи Ғарғара ба кори доимӣ ҷалб шудаанд. Ба Сарвари давлат маълумот дода шуд, ки 25 адад таҷҳизоти истеҳсоли ҷуроб ва 4 адад дастгоҳи истеҳсоли матои хоми коргоҳ, ки дар тагхонаи бино ҷойгир аст, аз Ҷумҳурии Халкии Хитой ворид гардида, тариқи компютер идора мешавад ва ба раванди истеҳсолоту сифати баланди маҳсулот мусоидат менамояд. ҶДММ «Файзи Карим» ҳамкории худро бо Корхонаи истеҳсолии Маҷмааи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» хуб бароҳмонда, маҳсулоти хомро аз ин корхона дастрас менамоянд. Бо таъсиси ин маркази хизматрасонии маишӣ зиёда аз 70 нафар сокинони деҳаи мазкур соҳиби ҷойи кор шудаанд, ки 80 фисадашонро занону бонувон ташкил медиҳанд. Лозим ба таъкид аст, ки дар рафти корҳои бунёдӣ 40 нафар сокинон ва мутахассисони ҳамин деҳа ба кор таъмин буданд. Масоҳати умумии коргоҳ 15 садяк заминро ташкил медиҳад. Худи бино бошад дар масоҳати 4 садяк қомат афрохта, атрофи он бо гулу буттаҳои гуногун ва дарахтони ҳамешасабз оро ёфтааст. Ин тасмими соҳибкорони ватандӯст дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ — Саноатикунонии босуръати кишвар саҳми арзанда мегузорад. Зеро дар як шабонарӯз корхона имкон дорад, ки 2000 метри мураббаъ матои нимтайёри нахи пахта ва 6 ҳазору 250 дона ҷуроб истеҳсол намояд. Инчунин дар бино дигар иншооти ёрирасон аз қабили мағоза, дорухона ва нуқтаи хизматрасонии бонкӣ бо насби постерминал ба инобат гирифта шудааст, ки сокинон ва меҳмонон метавонанд аз он самаранок истифода намоянд. Утоқҳои роҳбарият, муҳосибот ва истироҳати кормандон дар ошёнаи сеюм ба нақша гирифта шудааст, ки дорои тамоми шароиту имконот мебошад. Пас аз ба кор даровардани коргоҳи мазкур ба Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бинои иловагии сеошёнаи рангубори матоъи пахтагин муаррифӣ карда шуд. Иншооти сохташаванда дар доираи ҷашни умумимиллӣ — 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар муҳлати муайян сохта ба истифода дода мешавад. Баъди анҷоми пурраи корҳои бунёдӣ ва оғози фаъолият боз 30 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд. Масъулин нақша доранд, ки дар оянда бо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот содироти онро ба бозорҳои дигар шаҳру ноҳияҳо бароҳ монда, дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ саҳми бештар гузоранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.